Отель Хаят редженси, архивное фото

Садамаи ноболиғ назди "Ҳаят реҷенсӣ": бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд -навор

1985
(Таҷдидшуда 19:20 20.08.2020)
Навраси 18 - сола, ки сокини шаҳри Душанбе мебошад, дар назди меҳмонхонаи "Ҳаят реҷенсӣ" ба садама дучор шуд

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ҳодисаи мазкур рӯзи 16 - уми август. тахминан соати 16:30 дақиқа дар назди меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ" рух додааст, хабар медиҳад РВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, ноболиғ Ғ.Ш. соли таваллудаш 2002 истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии ш. Душанбе ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Сомонӣ аз самти кӯчаи Шероз ба самти кӯчаи Варзишгарон дар ру ба рӯи меҳмонхонаи «"айат Реҷенси"-и шаҳри Душанбе дучори садама гардид.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Гуфта мешавад, ронанда ба ҳадде мошинашро тез меронд, ки аз уҳдаи идораи он набаромада ба самти муқобили роҳ баромад.

Зимнан, ронандаи ноболиғ ба симчӯби канори роҳ бархӯрда, қисми сабзазори канори роҳро зер намудааст.

Муайян гардид, ки ронандаи ноболиғ Ғ.Ш. бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаи нақлиётро идора мекардааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати ноболиғ маводҳои лозима тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.

1985
Барчаспҳо:
навор, ноболиғ, мошин, садама, Душанбе
Похмелье, архивное фото

Марди маст дар шаҳри Норак ҳамқадаҳи 50 - солаашро корд зад

41
Ду сокини шаҳри Норак бегоҳи 18 - уми сентябр дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ муноқиша намуда, яке аз онҳо ҷавони 35 - сола ҳамқадаҳи 50 - солаи худро корд зад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Кормандони милитсия дар шаҳри Норак марди 35 - соларо бозздошт намуданд, ки дар расондани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.

Бар тибқи хабари котиботи ВУД Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 18 - уми сентябр тақрибан соати 20:10 дақиқа рух додааст.

Манбаъ меафзояд, сокинони  35 ва 50 - солаи шаҳри Норак дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ бо номи "Отамурод"- и шаҳри мазкур бо ҳам муноқиша намуда, марди 35 - сола ҳамқадаҳи худро бо корд як маротиба ба қисми чапи шикам задааст.

Саҳнаи кашола кардани духтари маст аз сӯи ҷавон ба навор афтод: ҳабсу ҷарима шуданд -навор

Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

41
Барчаспҳо:
корд, мастӣ, Норак
Дучархаи шикаста, акс аз бойгонӣ

Ду садамаи маргбор дар як рӯз: дучархарон ва ноболиғ ҷон доданд

78
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар ҷумҳурӣ хабар дод, ки 19 сентябр рух додаанд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Саидов Воҳид, сокини 35-солаи  шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Панҷ ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дучархарони 22-соларо зер кардааст.

Манбаъ афзуд, ки  дучархарон Маҳмадиев Фирӯз, зодаи соли 1998, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун, дар пайи ин садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои ВУД, ҳодисаи дигари маргбор 19-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 20:00 рух дод.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ахмедов Абдуназар, сокини 38-солаи ҷамоати деҳоти Кулқанди ноҳияи Исфара, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Гулистони ҷамоати деҳоти мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Шокиров Диловарҷон Дилшодович, соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Кулқандро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки дар натиҷа пиёдагард Шокиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

78
Барчаспҳо:
садама, Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Тасдиқи иншооти махсусан муҳими нав дар Тоҷикистон: Ҳукумат аз андозу боҷ озод кард

523
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба феҳрасти иншооти махсусан муҳим дар ҷумҳурӣ, ки аз сабукиҳо бархӯрдоранд, як адади дигарро зам намуд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ба феҳрасти иншооти махсусан муҳими Тоҷикистон, сохтмони "Майдони Истиқлол" шомил шуд.

Феҳрасти молу таҷҳизоте, ки барои сохтмони "Майдони Истиқлол" ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, тасдиқ гардида, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуданд.

Сохтмони "Майдони Истиқлол" тобистони соли равон расман оғоз бахшида шуд. Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш дода буд, ки масоҳати умумии "Майдони Истиқлол" 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

"Дар ин ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад", - навишт котиботи раисҷумҳур.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки иншоот аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Майдони Истиқлол бо маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

523
Барчаспҳо:
Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон