Тонущий человек, архивное фото

Дарёфти ҷасади Рамзияи 6-сола аз дарёи Сурхоб ва зани 65-сола аз канали Сеқубур

440
(Таҷдидшуда 13:19 21.08.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз дарёфт шудани се ҷасад аз дохили об хабар медиҳад. Хурдтаринашон 6 сол дорад

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20 август, се ҷасадро дар обҳои кишвар пайдо ва ба мақомоти марбута супурданд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, духтарчаи шашсоле, ки модараш ба дарё афканда буд, дар мавзеъи Хуфаки ҷамоати Хундони ноҳияи Нуробод  пайдо ва ҷанозааш ба хок супурда шуд. Ҷасади модари ин кӯдак ҳамроҳи хоҳари се солааш чанд рӯзе қабл дарёфт шуд, вале то ҳол аз ҷасади бародари 9-солааш хабаре нест. Ин зани 30-солаи сокини ҷамоати Ғарми ноҳияи Рашт, рӯзи 16 август бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб андохта буд.

Ҷасади зане, ки бо се фарзандаш худро ғарқи Сурхоб кард, пайдо шуд: аз ду кӯдак дарак нест

Ҳамчунин КҲФ бегоҳии 20 август, ҷасади сокини 65-солаи ҷамоати деҳоти Пулутони шаҳри Конибодомро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Ин зан бо сабабҳои номаълум худро рӯзи 15 августи соли равон ба канали Секубур партофта буд. Сабаби худкушии занро мақомот тафтиш мекунанд.  

Кумитаи хабар медиҳад, ки аз ронандаи "Мерседес", ҳамоно нопайдост. 

“Мерседес Бенс” ба дарёи Варзоб сарозер шуд: аз худраву мусофирон хабаре нест

Бино ба иттилоъи котиби матбуоти КҲФ мошини тамғаи "Мерседес Бенс",  ки рӯзи 18-уми август ба дарёи Варзоб сарозер шуд, дирӯз 20 август худи мошин соати 19:10 дақиқа ёфт шуд.

Котиби матбуоти ин ниҳод дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бар асари сарозер шудани "Мерседес Бенс" дар рӯзи 18 - уми август ба ҳисоби Ҳасанов Авайдулло Нураллиевич, соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ронандаи мошин ва Ҳамдамов Файзалӣ, соли таваллудаш 1996, истикоматкунандаи вилояти Суғд ноҳияи Айнӣ деҳаи Курут ба ҳалокат расидаанд.

"Дар баробари ёфт шудани мошин, ҷасади Ҳамдамов ёфт шуд, дирӯз ба хешовандонаш супорида шудааст. Аммо ҷасади ронандаи 56 - сола то ҳол ёфт нашуда ва корҳои ҷустуҷӯи аз тарафи ғаввосон идома дорад".

440
Барчаспҳо:
дарё, ҷасад, дарёфт, КҲФ, Тоҷикистон
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

3946
(Таҷдидшуда 19:07 25.09.2020)
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

3946
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд
Мусофирбар, акс аз бойгонӣ

“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео

2249
(Таҷдидшуда 18:22 25.09.2020)
Марде, ки худро подполковники милиса гуфта, дар дохили мусофирбари пуродам дар маҳаллаи Текстили шаҳри Душанбе марди дигарро мавриди таҳқиру таҳдид қарор дод, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ин мард, бо иддаои он, ки гӯиё ӯро аз пушти сараш задаанд, гиребони марди дигареро гирифта, бо дашномҳои дағал таҳдид мекунад, ки медаронад, мекушад.

“Ака даста бигир, илтимос, ман ягон гапи зиёдатӣ гуфтам, чит гуфтам? Илтимос”, - зора мекунад мард аз "подполковнике", ки бо қаҳр аз гиребонаш гирифта, таҳдиди дарондану куштан мекунад. Марди зӯргӯй иддао дорад, ки ӯро аз пушт задаанд, аммо ин қисмат дар навор сабт нашудааст.

Мусофирони дигар дар хитоб ба “подполковник” изҳор медоранд, ки “айбай ака, ин ҷо ҷои ҷамъиятиай”. Аммо марде, ки худро подполковник мегӯяд, аз гиребони марди дигар гирифта, дашномдиҳии дағалонаро идома медиҳад. Навори мазкурро саҳифаи Парвиз.Тв нашр кардаст, ки боиси баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ин рафтори марде, ки худро милиса гуфт, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, бархе хостори муҷозоти ӯ барои чунин батартибӣ шудаанд.

2249
Барчаспҳо:
мусофирбар, бетартибӣ, ҷазо, Тоҷикистон
Игор Черевченко, акс аз бойгонӣ

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

0
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Дастаи “Химки” дар пайи қатъи шартнома бо сармураббӣ Дмитрий Гунко хабар дод, ки Игор Черевченко сармураббии нави тим таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Собиқ сармураббии тими “Арсенал”-и Тула, Игор Черевченко ба мақоми сармураббии дастаи “Химки” таъйин шудааст, хабар дод бошгоҳ дар саҳифааш.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки бошгоҳи “Химки” ҳамкориро бо мураббии собиқ Дмитрий Гунко қатъ мекунад, ки дар ин бора хадамоти матбуоти даста хабар дод.

Черевченко дар тӯли камтар аз як сол чорумин мураббии клуби вилояти Маскав шуд.

Дмитрий Гунко тавонист камтар аз ду моҳро дар даста гузаронад. Таҳти роҳбарии Гунко, “Химки” ба зинаи охир дар ҷадвали “РПЛ” фаромад.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
Футбол, Русия