Преступник за решеткой

Ҳушдор ё тозасозии мақомот?: Боздошти мансабдори баландпояи АНМН аз сӯи КДАМ

1282
(Таҷдидшуда 12:00 22.08.2020)
Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон аз боздошти як подполковники Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистонро боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Маркази робитаҳои Кумитаи амнияти кишвар Баротзода Сайфиддин Барот, подполковники Агентии назорати маводи нашъаовар 19-уми август боздошт шуд.

Ба иттилои манбаъ, Баротзода Сайфиддин Барот, сардори зершуъбаи Раёсати оперативӣ-ҷустуҷўии Агентии назорати маводи нашъаовари ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ зада, бо ин восита маблағи махсусан калонро тасарруф кардааст, дастгир гардид.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Баротзода Сайфиддин Барот бо моддаи 247, қ.4, банди “Б”-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Боздошти подполковники Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҳолест, Кумитаи амнияти кишвар чанд рӯз пеш як полковник Ҷонибек Маҳмадзода, мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро боздошт карда буд.

Тибқи иттилои манбаъ, Ҷонибек Маҳмадзода ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуд. 

Боздошти ду полковники мансабдори КДАМ аз сӯи Агентии зидди коррупсия

Аммо дар пайи ин Оҷонсии зидди фасод аз боздошти ду афсари мансабдори Нерӯҳои марзбонии КДАМ, полковник Азизов Ҷиёнхон Зайдуллоевич ва муовини командири қисми ҳарбии ин ниҳод дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон полковник Усмонзода Мирзодавлат Абдуғафор барои гирифтани пора боздошт шуданд.

 

1282
Барчаспҳо:
АНМН, КДАМ ҶТ, Тоҷикистон
Река Кофарниган, архивное фото

Наврӯз нагуфт, ки ӯро Шаҳзода оташ зад: ҷузъиёти ишқи сӯзон дар Ваҳдат-видео

476
(Таҷдидшуда 21:13 23.09.2020)
Наврӯз Раҷабов ба Шаҳзода Шамсиева зарфи сӯзишворӣ дода, гуфтааст, ҳар коре бихоҳад бо ӯ анҷом диҳад, то дилаш ором шавад

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, 26 - уми августи соли ҷорӣ, дар деҳаи Шаҳдбори шаҳри Ваҳдат, дар соҳили дарёи Кофарниҳон Шамсиева Шаҳзодаи 21-сола, дӯстдоштааш Наврӯз Раҷабови 25-соларо оташ задааст.

Наврӯз худаш ба Шаҳзода сӯзишворӣ дода гуфтаст, ҳар коре хоҳад бо ӯ бикунад

“Аз пушти мошин, бақлашкаи бензинро қатии зажигалка гирифта, дар дастам доду гуфт ин марҳамат чӣ кореям кунӣ, бикун, то дилат хунук шудана. Росто истода ин марҳамат гуфт. Ман ҳам бақлажка дар дастам, аз тори санг истода, болояш рехтам. Басай фиреб гуфтам, то кай фиреб мекунӣ, гуфтам, ин сӯ нигоҳ кун, ки зажигалкаро гирён кардаму оташ сӯяш давид”, - тавзеҳ дод Шаҳзода ҳодисаро.

ВУД мегӯяд, ҷабрдида содиркунандаи ин ҷиноятро пинҳон медошт, аммо кормандони милиса муайян кардаанд, ки ин корро Шаҳзода кардааст.

Наврӯз баъди сӯхтан ба Шаҳзода гуфтаст, ки ба касе чизе нагӯяд-видео

Шаҳзода дар гузориши ВУД изҳор дошт, ки Наврӯз дар роҳ ба ӯ гуфт, “рост ба хона рав, ба телефони ҳеч кас ҷавоб надеҳ, маро надидаӣ, намедонӣ”.

Шаҳзода изҳор доштааст, ки Наврӯз Раҷабов ба зиндагии осоиштаи ӯ дахл карда, сабабгори вайрон шудани оилааш шудааст.

Ба иттилои ВУД феълан аз рӯи ин ҳодиса алайҳи Шаҳзода парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

476
Насилие над женщинами, архивное фото

Озори ҷинсӣ ва қатли 2 духтар дар Душанбе: таксиюм гуфта, бурдаст-видео

4247
(Таҷдидшуда 20:22 23.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади ду ҷавонзани бедаракшуда аз Душанбе, Ҳайдарова Замирамо ва Меҳрафрӯзи Холмирзо хабар дод, ки дар пайи озори ҷинсӣ ба қатл расонда шудаанд

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Ҳайдарова Замирамо, соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Алишер Навоии шаҳри Душанбе ҳанӯз моҳи январи соли 2018 ва Меҳрафрӯзи Холмирзо, сокини 18-солаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи апрели соли равон бедарак шуда буданд. Ҷасади ҳардуяшон ахиран дар як ғоре дар теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо карда шуд.

ВУД бо иттиҳоми қатли Замирамо ва Меҳрафрӯз ду марди 28-сола, сокинони шаҳри Душанбе - Дониёр Сафаров ва Раупов Саъдуллоро боздошт кардааст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Дониёр бо Замирамо робита дошта, пайваста ӯро дар заминаи рашку нофаҳмӣ латукӯб мекардааст. Ба иттилои ВУД, Сафаров ва Раупов соли 2018 Замираморо баъди латукӯб, дар бағоҷ бор карда, шабона дар ғори болои Харангон шиканҷаю озори ҷинсӣ дода, ба қатл расондаанд.

Ин ниҳод афзуд, ки ҷинояти дигарро Раупов Саъдулло, ки ба мусофирбарӣ машғул будааст, содир кардааст. Ӯ Меҳрафрӯзи Холмирзоро ҳамчун мусофир савори мошинаш карда, баъди рад кардани алоқаи ҷинсӣ латукӯб ва ба қатл расондааст. Ҷасади дуюмро низ ба ғоре бурдаст, ки қаблан ҷасади Замираморо дар он пинҳон карда будаанд.

ВУД таъкид кард, ки феълан алайҳи муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

4247
Барчаспҳо:
қатл, ҷасад, Тоҷикистон