Ҳукми шавҳар барои қасдан зер кардани зану фарзандаш бо мошин-видео

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи вилояти Суғд Шӯҳрат Пулодов, сокини шаҳри Хуҷандро барои қасдан зер кардани зану фарзандаш ба 20 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Пӯлодов қасдан зану фарзандашро бо мошин зер кард, ки дар натиҷа ҳамсараш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, фарзандаш маҷруҳ шудааст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Пӯлодов соли 2003 бо Шоира Ғаниева хонадор шуда, соҳиби 4 фарзанд гардидаанд. Аммо дар пайи муноқишаҳои пайдарпай Ғаниева тасмим гирифтааст, ки хонаи шавҳарро тарк кунад.

Ба иттилои ВУД дар заминаи муносибатҳои бад, Пӯлодов ҳамсару фарзандашро қасдан бо мошин зер кардааст.

Додгоҳ Шӯҳрат Пӯлодовро гунаҳкор дониста, ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст.

Лентаи хабарҳо
0