"Мерседес-Бенс" дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба чуқурии 30-метра сарозер шуд

Обуна шудан
Дар пайи садамаи нақлиётӣ ронандаи мошин ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд як худрави "Мерседес-Бенс" ба чуқурии 30-метра сарозер шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса зуҳри 26 август дар ҳудуди ноҳияи Айнии шоҳроҳ рух додааст.

Ҳалокати ду мусофир дар ду садамаи мудҳиш дар роҳҳои Тоҷикистон

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Ашуров Ҳотам Кенҷаевич, соли таваллудаш 1970, сокини ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Айнӣ ба самти шаҳраки Зарафшон дар километри 118-ум, дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 30 метр сарозер шудааст", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Ашуров Х.К. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садамаи маргбор: мошини ҳомили 6 узви оилаи Чаққоновҳо чаппа шуд-видео

Мусофирони автомашинаи мазкур, Холиқов Бадриддин Содиқбекович, соли таваллудаш 1979 ва Ниёззода Масрури Мурод, соли таваллудаш 1990, сокинони ноҳияи Айнӣ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0