Арестованный мужчина за оскорбление своей матери

Боздошту ҳабси сокини Душанбе барои дашному таҳқири модари пираш

567
(Таҷдидшуда 12:01 28.08.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти як марди 36 сола хабар медиҳад, ки модари пиронсолашро ҳақорату дашномҳои қабеҳ кардааст.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Қараев Аҳмад Пулодович истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев дар ҳолати мастӣ дар назди манзили истиқотиашон бо модари пиронсоли худ муноқиша ва нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ӯро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаст.

“Ин амали ӯ мавриди вокуниши шаҳрвандон ва истиқоматкунандагони бинои мазкур қарор гирифта, ҷиҳати андешидени чораҳои дахлдори қонунӣ ба кормандони милитсия муроҷиат намудаанд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба ҷойи эҳтиром ба майнӯшӣ машғул шудаву модари муштипари худро дар назди ҳамсоягону дигар шаҳрвандон мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.

Ҳукми уламо ба марде, ки рӯза медошту зану фарзандонашро дашном дода, мезад

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Қараев Аҳмад Пулодович парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

567
Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов

Сатторов дар бораи донишҷӯёни дар Тоҷикистон бандмонда ва даъват аз шаҳрвандон

28
(Таҷдидшуда 18:12 01.10.2020)
Бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар Русияро сафири ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, ки ҳангоми пандемияи коронавирусӣ рафтанд, мушкил боқӣ мемонад, гуфт Имомуддин Сатторов, сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия.

Дипломат даъват кард, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ниёзи фаврӣ надоранд, Русияро тарк накунанд.

"Дар ин бора мо тобистон, вақте ҳама фикр мекарданд, ки мераванду тез бармегарданд, сӯҳбат кардем. Асосан мо пешгӯӣ кардем, ки вазъи эпидемиологӣ ба ҳама шаҳрвандон имкон намедиҳад, ки баргарданд. Мо инчунин донишҷӯёне, ки тоза ба таътил баромадаву рафта буданд, даъват кардем, гарчанде онҳо метавонистанд дар ин ҷо мунтазир шаванд ",-гуфт Сатторов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Сафир қайд кард, ки айни замон мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар бораи баргардонидани донишҷӯёне, ки аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурӣ рафтаанд, гуфтушунид доранд. Диққати махсус ба донишҷӯёни курси якум дода мешавад.

Вазири маорифи Русия гуфт, чӣ қадар донишҷӯёни хориҷӣ мунтазири омадананд

Бо сабаби пандемия, зиёда аз 100 ҳазор донишҷӯёни хориҷӣ наметавонанд ба Федератсияи Русия оянд

Ҳамзамон, ӯ илова кард, ки аз Тоҷикистон ба Русия омадаану баъдан дар хобгоҳ  тариқи фосилавӣ таҳсил кардан, маъно надорад.

28
Барчаспҳо:
донишҷӯён, сафир, Русия, Тоҷикистон
Спичка, архивное фото

Пулро дуздиду хонаро оташ зад: боздошти хонандаи синфи 10 дар Истаравшан

193
(Таҷдидшуда 18:08 01.10.2020)
Мақомоти милитсия аз боздошти як ноболиғи 16 - сола, хонандаи синфи 10, сокини шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ ва сӯзонидани хона даст задааст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд рухдоди ин ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

"Сокини 16 - солаи шаҳри Истаравшан, хонандаи синфи 10, ки ҳоло танҳо аз вай Д. Б. ном бурда мешавад, санаи 10 - уми сентябр, соати 07: 30 ба манзили соҳибкор, марди 38 - солаи сокини ин шаҳр воқеъ дар кӯчаи Ҳакимова дохил шуда, 4 ҳазору 400 доллари амрикоиро тасарруф намуд", - шарщ дод Шарифӣ.

Ба изҳори ӯ, ноболиғ барои рӯйпуш кардани изи ҷинояти содиркардааш, хонаи соҳибкорро оташ зад.

Дар асоси муроҷиатномаи соҳибкор, кормандони милитсия хонандаи синфи 10 - и яке аз макотиби Истаравшанро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти мазкур муттаҳам дониста мешавад.

Боздошти сокини Вахш барои дуздӣ дар даҳ масҷиди ду ноҳия-видео

Гуфта мешавад, навраси 16 - сола, ба ҷузъ аз дузди маблағ, аз ҳисоби оташ задани манзили истиқоматӣ ба соҳибхона боз 30 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 (дуздӣ) ва 255 (қасдан несту нобуд кардани молу амвол) - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, ноболиғ ба ҳабс гирифта шудааст.

193
Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, дуздӣ, Истаравшан