Ҷаримаи беш аз 50 нафар дар як шаб: бе ниқоб савдо кардаанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевТорговля на барахолке в Душанбе
Торговля на барахолке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони идораи беҳдоштии шаҳри Хуҷанд бо гузаронидани рейди шабона ҳолатҳои бе ниқоб гаштугузор намудани сокинон дар ҷойҳои ҷамъиятиро ошкор намуда, нисбати беш аз 50 нафар ҷарима таъин кардаанд

ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Маъмури Юсуфзод, сардори маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд дар суҳбат Sputnik Тоҷикистон гуфт, баргузории рейди шабона дар бозори “Панҷшанбе” собит намудааст, ки бештари савдогарон, оддитарин қоидаҳои беҳдоштиро дар замони хуруҷи бемории COVID-19 риоя намекунанд.

Санитарный контроль магазинов в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Фурӯшандаҳо дастпӯш надоранду харидорон ниқоб: се мағозаи Хуҷандро муваққатан бастанд

“Маълум гардид, ки реҷаи ниқобӣ то ҳол риоя нашуда, шаҳрвандон озодона бидуни ниқоб дар бозор хариду фурӯш менамоянд. Ин дар ҳолест, ки чунин мавзеъҳо хатарзо буда, омили асосии хуруҷи бемориҳои сироятӣ шуда метавонад”, иброз намуд Юсуфзод.

Бино ба иттилоъи манбаъ кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, дар пайи баргузории рейди шабона бо сабаби риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ фаъолияти якчанд ошхонаҳоро манъ кардаанд.

Ниқоб надоштанд: ҷаримаи 20 ронандаи мусофирбар дар Хуҷанд

Сардори маркази матбуоти ҳукумати Хуҷанд мегуяд, баргузории рейди “ниқоб” маълум намудааст, ки бахши аъзами сокинон бе ниқоб ба гаштугузори марказҳои тафреҳӣ машғул шуда, хатарнок будани бемории коронавирусро то ҳол дарк накардаанд ва нисбати саломатии худ беэътиборӣ зоҳир менамоянд.

Нигаронии мақомоти Хуҷанд аз мавҷи дуюми вируси корона

Кормандони МНДСЭ Хуҷанд нисбати беш аз 50 нафар барои надоштани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бар асоси бандҳои Кодекси маъмурӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима таъйин кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0