Дорожный знак возле дороги Бишкек–Иссык-Куль, архивное фото

Cадамаи маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ"

409
(Таҷдидшуда 14:04 01.09.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргборе дар шоҳроҳи "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ" хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохила, садама рӯзи 30-юми августи соли 2020, тахминан соати 21:25-дақиқа рух додааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави "Мерседес-Бенс", Ашуров Аҳмадҷон Абдуҷабборович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдат будааст.

Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд: садама дар эстакадаи Душанбе - видео

Ӯ ҳангоми ҳаракат дар 22-юм километри роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ", дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Қодиров Мирзовалӣ Собирович, соли таваллудаш 1953, сокини ноҳияи Панҷро пахш намудааст.

Суғд: дар 141 садамаи нақлиётӣ 75 нафар ба ҳалокат расидаанд

"Дар натиҷа, пиёдагард Қодиров М.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

409
Барчаспҳо:
садамаи маргбор, маргбор, садама, Тоҷикистон
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт

Даргузашти амири Қувайт дар синни 92-солагӣ

515
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико куҳансолтарин ҳокими араб, амири Кувайт Сабоҳи IV дар синни 92-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шудааст.

Аз он вақт инҷониб, мақомоти Кувайт борҳо гузориш додаанд, ки саломатии Сабоҳи IV мӯътадил буда дар ҳоли беҳбуд аст.

Ҳамзамон, бародари хурди Сабоҳи IV ва шоҳзодаи валиаҳд Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба ҳайси иҷрокунандаи амир таъин гардида буд.

Тибқи иттилои ҳукумат, амири нав валиаҳд Наваф ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ҷойгузини Сабоҳи IV шудааст.

Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ сар аз моҳи январи соли 2006 дар Қувайт ҳукмронӣ мекард.

Қабл аз он, ӯ ба ҳайси сарвазир кор мекард ва пештар аз он тӯли даҳсолаҳо раёсати сиёсати хориҷии кишварро ба зима дошт.

515
Барчаспҳо:
шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷаббор ас-Сабоҳ, даргузашт, Қувайт

Орипов: Раҳмон дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сафҳаи тиллоӣ боз кард

550
(Таҷдидшуда 16:50 29.09.2020)
Дар ҷараёни музокирот Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Сарвазири Узбекистон Абдулло Арипов масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо сарвари ҳукумати Узбакистон Абдулло Арипов мулоқот кард.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаи масъалаи кушодани робитаҳои нақлиётӣ миёни ҷумҳуриҳо гузошта шудааст.

Расулзода зимни гуфтушунид таваҷҷӯҳро ба тавсеаи гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ҷалб кардааст.

Бар поияи оморҳои расмӣ,  гардиши савдо байни ин ду давлати дӯст аз 12 миллион доллари соли 2015 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 расид. Ин нишондиҳанда 30 баробар афзудааст.

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Давоми ҳашт моҳи соли равон бошад содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 53 миллион долларро ташкил додааст, ки 24 дарсади ҳаҷми умумии содироти кишварро дар бар мегирад.

 Сарвазири Тоҷикистон аснои мулоқот қайд кардааст, ки дар оянда гардиши савдои хориҷии ҷумҳурҳо ба як миллиард доллар расиданист.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба Тоҷикистон омад

Расулзода инчунин ба Узбакистон барои кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус ташаккур гуфт.

Дар навбати худ, сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон мусбат арзёбӣ кардааст.

"Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкории ду кишвари бародар саҳифаи тиллоиро кушод.  Ҳамкории мо ба сатҳи сифатан нав баромад ва имрӯз мо ҳама ҷанбаҳо ва самтҳои робитаҳои тиҷоративу иқтисодии худро муҳокима кардем" гуфт ӯ.

Ҳамзамон зимни гуфтушунид, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак оид ба таъсиси “Ширкати инвеститсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон” зарур шуморида шуда, ҷиҳати истифодаи василаҳои дипломатияи иқтисодӣ, пеш аз ҳама, тавассути роҳандозии тамосҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратӣ бо мақсади амалӣ гардонидани лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

550
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл государственный флаг Таджикистана в селе Гозион

Дар ноҳияи Шаҳринав Парчами 55-метрӣ гузошта шуд

0
(Таҷдидшуда 12:06 30.09.2020)
Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст. Баландии сутунпояи парчам 55 метрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳринав Майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисҷумҳур, масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази ноҳияи Шаҳринав сохта шудааст, 2100 метри мураббаъ буда, баландии сутунпояи ин рамзи давлатдорӣ 55 метр мебошад.

Матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 15 метр дарозӣ дорад.

Гуфта мешавад, ки майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Ҳамчунин, ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар Майдони Парчами давлатии ноҳияи Шаҳринав нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардидаанд.

Дар ин майдон ҳамчунин фаввора сохта шудааст.

Дар майдони парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайру гашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ошноӣ, бунёди Майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳринав дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ кардааст.

0
Барчаспҳо:
парчам, Эмомалӣ Раҳмон, Шаҳринав