Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии "Биатлони танкӣ-2020" мақоми аввалро гирифт

235
(Таҷдидшуда 10:20 03.09.2020)
Дар даври нимниҳоӣ барои расидан ба финали “Биатлонм танкӣ” экипажҳои Тоҷикистон, Лаос ва Конго ширкат варзиданд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тоҷикистон аввалин шуда  нимфинали  “Биатлонм танкӣ”-ро, ки дар доираи мусобиқоти ARMI-2020 идома дорад, ба анҷон расонидад.

Мусобиқаҳо дар пойгоҳи Алабино воқеъ дар наздикии Маскав баргузор шуданд. Дар нимфинал экипажҳо аз Тоҷикистон, Лаос ва Конго ширкат варзиданд.

Дар натиҷа, Тоҷикистон дар тӯли 2 соату 41 дақиқа ҳамаи хатҳоро тай кард. Дар робита ба ин экипажи ҷумҳурӣ имкон дорад, ки ба финали "Биатлони Танкӣ" роҳ ёбад.

Ҷои дуввумро дар пойга Лаос ишғол кард, ки давоми 2 соату 43 дақиқа ба марра расид.

Мақоми аввали Тоҷикистон дар сабқати "Биатлони танкӣ" дар Маскав

Барои анҷоми марҳилаи ниманиҳоии “Биатлони танкӣ” барои Конго беш аз 3 соат вақт сарф шуд.

Имрӯз дар назар аст қуръакашӣ доир шавад, ки дар он иштирокчиён марҳилаи финалӣ  муаян хоҳанд шуд.

235
Барчаспҳо:
ғолиб, рақобат, Биатлони танкӣ, Тоҷикистон
Машина полиции

Майдаавбошии Одинаевҳо: барои дашному латукӯби ҳамсоя ҳабсу ҷарима шуданд - навор

479
(Таҷдидшуда 18:57 19.09.2020)
Саҳнаи дашномкунӣ ва латукӯби як ҷавон аз ҷониби ду бародар дар шаҳри Душанбе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва баҳси гармеро ба миён овард

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе ду ҷавонеро боздошт намуданд, ки дар якҷоягӣ ҷавони дигарро ҳақорат ва шадидан кӯфтанд.

Бар хабари котиботи раёсати мазкур, ин ҳодиса нисфирӯзи 16 - уми сентябр дар кӯчаи Соҳилӣ рух дод.

Бародарон Одинаев Фирӯз ва Одинаев Фаррух, ки сокинони кӯчаи Соҳилӣ мебошанд, ҳамсояи 30  солаашонро нахуст дашном дода, сипас ду каса ӯро шадидан кӯфтанд.

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

Аз рӯи наворе, ки ба дасти кормандони РВУД дар пойтахт расид, ҳар ду бародар боздошт ва ба идораи пулис оварда шуданд.

Манбаъ меафзояд, Одинаевҳо барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамиятӣ яке ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ равона шуда, дар нисбати дигарӣ, ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

479
Барчаспҳо:
ҷарима, ҳабс, ҳамсоя, латукӯб, Душанбе
Ювелирные изделия, архивное фото

Боздошти зани 41-сола бо иттиҳоми дуздии ҷавоҳироти зани дигар

109
(Таҷдидшуда 15:51 19.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 41-сола хабар дод, ки дар дуздии ҷавоҳироти зани дигар муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милисаи ноҳияи Сино, зани 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 5-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Манбаъ зарари расонидашударо 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.

ВУД афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Турдибобои шаҳри Ҳисор, ки пеш барои дуздию қаллобӣ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар дуздӣ боздошт гардид.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.

“Номбурда, санаи 21-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 01:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразм 1 адад скутери тамғаи “Daylingo”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД Тоҷикистон таъкид кард, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

109
Барчаспҳо:
боздошт, дуздии ҷавоҳирот, Тоҷикистон
Эмблема Центральной комиссии по выборам и референдумам  Республики Таджикистан

Номзадҳо барои интихоботи президентӣ чӣ қадар маблағ масраф хоҳанд кард?

0
(Таҷдидшуда 14:36 20.09.2020)
Барномаи таблиғоти барномаҳои интихоботии номзадҳои раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле оғоз шудааст, ки масъулон дар бораи ҳазинаи молии аҳзоби сиёсӣ дар ин марҳала камтар изҳори назар мекунанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.Танҳо намояндагони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои таблиғоти барномаи интихоботии Меъроҷ Абдуллоев раис ва номзади ин ҳизб 40 ҳазор сомонӣ ҳазина хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ,ҳизби кишоварзии Тоҷикистон барои барномаи таблиғотии Рустам Латифзода раис ва номзади ин ҳизб 15 ҳазор адад шиорнавишта ва варақҳои таблиғотӣ мунташир кардааст ва нашрияи ин ҳизб низ бо шуморагони 40 ҳазор нусха мунташир хоҳад шуд.

Рустам Раҳматзода, раис ва номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон гуфтааст, ки барои таблиғот ба қадри кофӣ манобеи молӣ дар ихтиёр дорад.

Номзадҳо ҳамчунин аз 40 дақиқа замоне, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон барои муаррифии барномаҳои интихоботии онон ихтисос додааст, истифода хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар ба ғайр аз ҳизби халқии демократӣ бақияи аҳзоби сиёсӣ дар ин кишвар сомонаи интернетӣ надоранд.

Ҳамчунин густариши вируси куруно дидори мустақими номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум ва тавзеҳи барномаҳои интихоботии номзадҳоро ба шиддат маҳдуд кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ёздаҳуми октябр баргузор мешавад.

0
Барчаспҳо:
Аҳзоби сиёсӣ, ҳазина, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон