Ҳалокати дучархасавори 78-сола зери чархи “Некси”

© PixabayСломанный велосипед, архивное фото
Сломанный велосипед, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар дод, ки дар пайи ноуҳдабароии ронандагон ду пиёдагард ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, санаи 4-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 11:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Некси”, Юсуфов Ҷамшед, сокини 27-солаи ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи М.Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Фархор ба самти ноҳияи Восеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даштигуло аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Коммунистҳои Тоҷикистон низ номзади худро барои интихоботи президентӣ пешбарӣ карданд

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа ронандаи “Нексӣ”  велосипедрон, Одинаев Файзулло, соли таваллудаш 1942, сокини ҷамоати деҳоти Даштигулои ҳамин ноҳияро зер кардааст. Ба иттилои ВУД,  Одинаев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садамаи дигари маргбор низ 4-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа рух додааст. ВУД мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, Орзуев Шарифхон, сокини 28-солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи ноҳияи Варзоб-Душанбе пиёдагард, Фозилов Бегмаҳмад , соли таваллудаш 1996, сокини пойтахтро пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагард, Фозилов  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0