Фоҷеа: 3 тан дар шаҳри Турсунзода ба чоҳ сарозер шуданд - касе зинда намонд

CC0 / / Колодец, архивное фото
Колодец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Онҳо муҳаррики обкаши чоҳро таъмир мекарданд, ки аз беэҳтиётӣ ба об сарозер шуданд. КҲФ мегӯяд, мутаассифона, касе аз онҳо зинда намонд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз фоҷеаи сарозер шудани се тан ба чоҳ дар шаҳри Турсунзода хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар пайи ин ҳодиса ҳарсе ҳам ҳалок шудаанд.

Машина в воде - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷеа: худрави муҳоҷири тоҷик ба канал сарозер шуд - 8 тан қурбон шуданд

Тавре КҲФ менависад, ин ҳодисаи мудҳиш шоми дирӯз, 7-уми сентябр дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода рух дод.

Се нафар сокинони ин деҳа, ки аз 63 то 32 сол доштанд, ҳангоми таъмири муҳаррики обкаши чоҳи деҳа сарозер ва ба умқи 18-19 метр фурӯ рафтанд. Сабаби ҳодиса беэҳтиётӣ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми таъмири муҳаррик унвон шудааст.

Ин се нафар Амрулло Хуҷамови 62-сола, Мурод Хуҷамови 32-сола (ҳарду аз як хонавода - идора), Комил Содиқови 63-сола будаанд.

Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд: садама дар эстакадаи Душанбе - видео

"Дар баробари расидани хабар дастаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд. Яке аз ин се нафар – Амрулло Хуҷамови 62-соларо афсарои шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода зинда аз дохили чоҳ берун оварданд, вале мутаассифона, дар бемористони шаҳрӣ аз ҷароҳатҳои вазнин ҷон ба ҷонофаринаш супурд", - менависад манбаъ.

 Дастаи шашнафараи наҷоти Кумита то соати 20:45 дақиқа ҷасади фавтидагони дигарро ҳам аз чоҳ берун овард ва ба беморхонаи шаҳрии Турсунзода интиқол дод.

 

Лентаи хабарҳо
0