Даргузашти Фурқат Мансуров, саратоншиноси №1 дар Суғд

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сартабиби Диспансери бемориҳои саратон (онкология)-и вилояти Суғд Фурқат Мансуров, рӯзи гузашта дар синни 47 солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар ин бора хоҳари пизишк Марям Мансурова ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Хуҷанд ва наздикони пизишки номдор хабар додаанд.

Ба навиштаи Марям Марям Мансурова, бародараш ҳамеша дар ҳама ҳолат ҳамаро рӯҳбаланду болида мекард ва мутахассиси хуб буд, аммо намедонад ин чигуна бо ӯ рух дод.

Дар бораи аз чи беморӣ фавтидани табиб ҳоло гуфта нашудааст.

Воқеан Фурқат Мансуров, аз табибоне буд, ки сар аз оғози пайдоиши коронавирус дар кишвар бо нашри видеоҳои рӯҳбаландкунанда дар баробари фаъолияти хизматияш дар қатори мардум буд.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Дар хона табобат мегирифт: даргузашти табиби маъруф Шарипов аз "илтиҳоби шуш" дар Суғд

Аъзам Акбаров низ аз ӯ як табиби ҳозиқу ташкилотчии муваффақ ёдовар шуда навиштааст, имрӯз хадамоти саратоншиносии Тоҷикистон дар симои Фуркатчон табиби беназир ва мутахассиси соҳаи худро гум кард.

“Ин барои мо, дӯстон ва ҳамсабақони ӯ, талафоти ҷуброннопазир аст. Фуркат Саъдуллоевич ҳамеша бо ҳама меҳрубон буд, доимо табассум мекард, ҳатто вақте ки барояш осон набуд ва кӯшиш мекард, ки бо сухани хуб ва маслиҳатҳои амалӣ дигаронро дастгирӣ кунад. Ба шарофати талош, саъй ва гуманизми волои доктор Мансуров садҳо беморон аз беморӣ раҳо ёфта, бори дуввум барои зиндагӣ ва лаззат бурдан аз зиндагӣ даст ёфтанд”.-афзудааст Акбаров.

Гуфта мешавад, маҳз  бо талошҳои ӯ бори аввал дар таърихи Маркази вилоятии онкологии Суғд шӯъбаи терапияи шуоъ (лазерӣ) пайдо шуд.

Дар хотир  дорам, вақте ки хабар дар бораи маблағгузорӣ ва дастгирии Муассисаҳои Байналмилалии Молиявии лоиҳаи ташкили шӯъбаи терапияи радиатсионӣ дар вилояти Суғд расид, чӣ гуна хурсанд буд ва аз ин хурсандӣ ҷой нишастан намеёфт”,-навиштааст Акбаров.

Фуркат Сайдуллоевич Мансуров 6 марти соли 1973 дар Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Аз моҳи декабри соли 2009 директори Маркази минтақавии саратоншиносии Суғди Тоҷикистон буд.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0