Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото

Сабти заминларзаи 4,4-баллӣ дар Хоруғ: севумин ҷунбиши замин дар 9 рӯз

208
(Таҷдидшуда 12:22 10.09.2020)
Дар Тоҷикистон заминҷунбии 4,4 балӣ ба қайд гирифта шуданд, ки ин сеюмин ҳолат сар аз  аввали моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин гузориш медиҳад, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва наздикии Афғонистон заминларза сабт шудааст.

Дар 46 километрии маркази Хоруғ, якчанд истгоҳҳои сейсмикии байналмилалӣ якбора ларзишро ба қайд гирифтанд, ки шиддаташ 4,4 балл буд.

Ба иттилои манбаъ, заминларза 9 сентябр соати 21:16 ба вақти Душанбе рух дода, онро ҳаттор дар  шаҳри Мингораи вилояти Хайбари  Покистон эҳсос кардаанд.

Ғайр аз он, тибқи маълумоти Хадамоти ягонаи геофизикии Академияи илмҳои Русия, заминларза дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон рух додааст.

Ларзиши замин дар водии Фарғона ва як қатор дигар минтақаҳои Ӯзбекистон низ бо шиддати 2 балл эҳсос шудааст.

Ёдовар мешавем, сеюмин ҳодисаи заминларзӣ  сар аз моҳи сентябр аст.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод 100 манзилро хароб кард: хисорот ҳисоб шуду кумак баррасӣ мешавад

Қаблан  1 сентябр дар 17 километрии Исфара, дар марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамзамон санаи  8 сентябр дар манотиқи марзии байни Тоҷикистон ва Чин дар 33-километрии Мурғоб ларзиши замин ба қайд гирифта шуда буд.

208
Панорама города Худжанд, архивное фото

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

52
(Таҷдидшуда 00:08 29.09.2020)
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) Суғд шоми гузашта бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишдухтари тақрибан 18 сола ба қасди худкушӣ худро аз болои купрук (мост) ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қойиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурурафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқуллода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

“Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаъри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз худғарқкунӣ наҷот дода шуд”, иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилоъи манбаъ, зимнан донишҷудухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд.

Хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо вақтҳои ахир зиёд ба нашр мерасад.

Фоҷиа дар Ғарм: модари ҷавон бо се фарзандаш худро ба дарё андохт

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон низ аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод.

Бар пояи эълони КҲФ зани 31 солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 солааш ба коми дарёи Вахш задааст.

52
Барчаспҳо:
худкушӣ, наҷот, БДА, Суғд, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

1246
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

1246
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд