Чрезвычайный и Полномочный псол Таджикистана Сатторов Имомуддин

Сафир дар бораи зиёдшавии парвозҳо, кушодани поездҳо ва қарантинаи дигар  

2119
(Таҷдидшуда 16:42 11.09.2020)
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия  сарусадоҳои ахир дар мавриди, парвозҳо, чипта ва қарантинаи дигарбораро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Парвозҳо аз фурудгоҳи Домодедово ба Душанбе мунтазам сурат мегиранд, гуфт сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Мардум метавонанд дар фурудгоҳ танҳо дар ҳолате ҷамъ шаванд, ки агар парвози нақшавӣ иҷро нашавад. Агар одамон танҳо ҷамъ шаванд, пас ин нодуруст аст: бояд мувофиқи рӯйхатҳои пешниҳодкардаи ширкати ҳавопаймоӣ ба навбат парвоз сурат бигирад" гуфт сафир.

Сатторов қайд кард, ки дар як рӯз то ду ҳазор нафар барои рафтан ба Ватан ба сафорат муроҷиат мекунанл, ки барои ин то 10 парвоз дар як рӯз лозим аст, ки ин ғайривоқеист.

"Мардум бояд дарк кунанд, ки чунин ҳолати фавқулодда вуҷуд дорад, шумораи парвозҳо маҳдуд аст. Табиист, ки ҳама хоҳишмандон якбора ба ҳавопаймо нишастан наметавонанд, бояд мунтазир шаванд",- гуфт сафири Тоҷикистон дар Русия.

Парвозҳои содиротӣ тақрибан се моҳ аз шаҳрҳои гуногуни Русия тавассути ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр", "Тоҷик Эйр" ва "Уралские авиалинии" ва " Red Wings" анҷом дода мешаванд, шуморааашон меафзояд, шарҳ дод сатторов.

Дар мавриди фурӯши чиптаҳо намояндаи Тоҷикистон гуфт, сафорат танҳо масъалаи барӯйхатгирӣ ва пешниҳоди онро дорад ва чиптаҳоро пас аз баромадани ном ҳар шаҳрванд дар хазинаи ширкати ҳавонаварди мехарад.

Дар бораи қаллобон, парвозҳо ва издиҳом: Сатторов вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ дод

Ҷаноби сафир гуфт нимаи дуввуми моҳи ҷорӣ, шумори парвозҳо дар назар аст ҳамарӯза то се адад танҳо дар Маскав аз тариқи ширкати "Сомон Эйр" зиёд карда шавад.

Ӯ гуфт ҳамзамон дар бораи кушодани роҳи оҳан дар вазъи мусоиди эпидемологӣ фикр доранд ва пешниҳодҳо низ ба ҳукумат ва Ситоди фаврӣ ирсол шудааст.

Сафир арзон мегӯяду мардум қимат: нархи чиптаи парвоз ба Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Номбурда дар мариди сарусадоҳо оид ба қарантинаи дигарбора ва пурра баста шудани марзҳо гуфт, ин ягон асоси воқеӣ надорад.

 

2119
Барчаспҳо:
чипта, муҳоҷирин, парвозҳо, сафир, Тоҷикистон
Машина полиции

Майдаавбошии Одинаевҳо: барои дашному латукӯби ҳамсоя ҳабсу ҷарима шуданд - навор

476
(Таҷдидшуда 18:57 19.09.2020)
Саҳнаи дашномкунӣ ва латукӯби як ҷавон аз ҷониби ду бародар дар шаҳри Душанбе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва баҳси гармеро ба миён овард

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе ду ҷавонеро боздошт намуданд, ки дар якҷоягӣ ҷавони дигарро ҳақорат ва шадидан кӯфтанд.

Бар хабари котиботи раёсати мазкур, ин ҳодиса нисфирӯзи 16 - уми сентябр дар кӯчаи Соҳилӣ рух дод.

Бародарон Одинаев Фирӯз ва Одинаев Фаррух, ки сокинони кӯчаи Соҳилӣ мебошанд, ҳамсояи 30  солаашонро нахуст дашном дода, сипас ду каса ӯро шадидан кӯфтанд.

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

Аз рӯи наворе, ки ба дасти кормандони РВУД дар пойтахт расид, ҳар ду бародар боздошт ва ба идораи пулис оварда шуданд.

Манбаъ меафзояд, Одинаевҳо барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамиятӣ яке ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ равона шуда, дар нисбати дигарӣ, ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

476
Барчаспҳо:
ҷарима, ҳабс, ҳамсоя, латукӯб, Душанбе
Ювелирные изделия, архивное фото

Боздошти зани 41-сола бо иттиҳоми дуздии ҷавоҳироти зани дигар

109
(Таҷдидшуда 15:51 19.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 41-сола хабар дод, ки дар дуздии ҷавоҳироти зани дигар муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милисаи ноҳияи Сино, зани 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 5-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Манбаъ зарари расонидашударо 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.

ВУД афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Турдибобои шаҳри Ҳисор, ки пеш барои дуздию қаллобӣ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар дуздӣ боздошт гардид.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.

“Номбурда, санаи 21-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 01:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразм 1 адад скутери тамғаи “Daylingo”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД Тоҷикистон таъкид кард, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

109
Барчаспҳо:
боздошт, дуздии ҷавоҳирот, Тоҷикистон
Национальный банк Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

0
(Таҷдидшуда 13:52 20.09.2020)
Бонки Миллии Тоҷикистон бо нашри баёнияе эълом кард, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Дар баёнияи Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки бо вуҷуди дархости муқаррари сандуқи байналмилалии пул барои варшикаста эълом кардани бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” то замони тасвияи ҳисоби ин ду ниҳоди молявӣ бо муштарён аз ин иқдом  худдорӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон дар истинод ба сомонаи Топ Ти Ҷи.

Бояд гуфт, ки чанде пеш сандуқи байналмилалии пул дар тозатарин арзёбии хеш аз авзоъи иқтисодии Тоҷикистон, бори дигар лағви муҷаввизи ду бонки бузурги Тоҷикистонро хостор шуд.

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистони гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир  бадеҳии Бонки “Агроинвестбонк” ба муштарён 750 миллион сомонӣ аст ва амволу сохтмонҳои идории ин ниҳод ва “Тоҷиксодиротбонк” низ ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом  Шарифӣ иқтисоддони тоҷик таъкид доштааст, ки варшикаста эълом кардани ин ду бонк ба нафъи ҳукумати Тоҷикистон нест, зеро бахше аз саҳҳоми молии ин ду бонки буҳронзада давлатӣ асту бар асоси муқаррароти ҳукумати Тоҷикистон дар пайи эъломи варшикастагии ин ду ниҳоди молӣ маҷбур аст, ки бадеҳии муштарёнро тасвия кунад, аммо чунин маблағро дар ихтиёр надорад.

0
Барчаспҳо:
Бонки миллӣ, Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, бонк, Тоҷикистон