Яке кӯдакистон сохту дигаре мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа кард: эҳсонкории соҳибкорон

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкТамбовская областная станция скорой медицинской помощи
Тамбовская областная станция скорой медицинской помощи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Темурмалик бахшида ба 30-умин солгарди Истиқлол, бунёду навсозии 270 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз қариб 140 ададаш ба истифода дода шуданд, хабар дод ҳукумати ноҳия

ДУШАНБЕ, 11 сен - Sputnik. Дар деҳоти Танобчии ноҳия бо иқдоми соҳибкори ватанӣ сохтмони муассисаи томактабии хусусии дорои 60 кати хоб идома дорад. Яке аз соҳибкорони маҳаллӣ баробари саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ба беморхонаи марказии ноҳия мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа кард, хабар дод “Ховар” аз қавли ҳукумати ноҳияи Теммурмалик.

Врачи в операционной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкор хатнасури беш аз 200 кӯдакро баргузор кард

Манбаъ афзуд, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ дар ноҳия дар маҷмӯъ 13 бунгоҳи тиббӣ, 8 муассисаи томактабӣ, 6 китобхона, 3 қасри фарҳанг, 1 боғи фарҳангӣ, 2 гулгашт, 2 беморхона, 7 маркази тиббӣ, 1 таваллудхона, 9 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 8 дорухона, 7 майдончаи бозии кӯдакон, 4 меҳмонхонаи замонавӣ, 17 сартарошхона, 14 ҳаммом, 15 кошонаи ҳусн, 5 маркази савдо, 9 маркази хизматрасонӣ, 2 корхонаи коркарди шир, 7 коргоҳи дӯзандагӣ ва 11 дӯкони ҳунармандӣ бунёд мегарданд. Аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорони ватанӣ аллакай се маркази хизматрасонии дорои кошонаи ҳусн, ошхона, сартарошхона, нуқтаи савдо, коргоҳи дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, мағозаҳои тиҷоратӣ, нонвойхона ва дорухонаҳо ба истифода дода шуданд.

Мақомоти ноҳия таъкид намуданд, ки ҳамчунин навсозии маркази саломатӣ, кашидани хати оби нӯшиданӣ ба масофаи 1,5 километр, таъмири шабакаи оби полезӣ ба дарозии 1,5 километр, бетонпӯш намудани каналҳои селпарто ба масофаи 200 метр анҷом ёфта, дар ҳудуди боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия иншооти гигиенӣ - санитарии замонавӣ сохта шуд.

Инчунин аз ҷониби соҳибкорон навсозии толори варзишии муассисаи таълимии рақами 2 ва сафолакпӯш намудани роҳравҳои маркази шаҳрак идома дорад. Дар баробари ин таъмири толори варзиши мактаби миёнаи № 2 ҷараён дошта, сохтмони толору майдончаи варзишӣ дар назди интернати наздимактабии деҳоти Кангурт дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0