Эмомали Рахмон и председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Эмомалӣ Раҳмон дар Панҷакент “Саразм плаза”-ву ҶСП “Мармари Саразм”-ро кушод

508
(Таҷдидшуда 11:37 12.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар субҳи имрӯз барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъиноташ гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кардааст

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, сафари кории кории  Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуда, баъдан раисиҷумҳур ба шаҳри Панҷакент рафт.

Дар Панҷакент чорабиниҳо барои таҷлили 5500 солагии шаҳри Саразм идома.дорад ва дар назар аст, ки раисиҷумҳур дар он ширкат кунад.

Ҳамзамон дар назард аст, симпозиуми байналмилалии “Саразм - оғози фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон” баргузор шавад.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр аллакай, Беморхонаи марказӣ, меҳмонхонаи “Саразм плаза”, ҶСП “Мармари Саразм”-ро фтитоҳ кардаву ҳамзамон аз оилаи Восиевҳо ва хоҷагии деҳқонии “Роҳи абрешим” дидан кардааст.

Сафари кории президент дар ин минтақа ва шаҳру навоҳии дигари вилоят идома хоҳад кард.

508
Барчаспҳо:
Саразм, Панҷакент, Суғд, Тоҷикистон
Похмелье, архивное фото

Марди маст дар шаҳри Норак ҳамқадаҳи 50 - солаашро корд зад

49
Ду сокини шаҳри Норак бегоҳи 18 - уми сентябр дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ муноқиша намуда, яке аз онҳо ҷавони 35 - сола ҳамқадаҳи 50 - солаи худро корд зад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Кормандони милитсия дар шаҳри Норак марди 35 - соларо бозздошт намуданд, ки дар расондани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.

Бар тибқи хабари котиботи ВУД Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 18 - уми сентябр тақрибан соати 20:10 дақиқа рух додааст.

Манбаъ меафзояд, сокинони  35 ва 50 - солаи шаҳри Норак дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ бо номи "Отамурод"- и шаҳри мазкур бо ҳам муноқиша намуда, марди 35 - сола ҳамқадаҳи худро бо корд як маротиба ба қисми чапи шикам задааст.

Саҳнаи кашола кардани духтари маст аз сӯи ҷавон ба навор афтод: ҳабсу ҷарима шуданд -навор

Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

49
Барчаспҳо:
корд, мастӣ, Норак
Дучархаи шикаста, акс аз бойгонӣ

Ду садамаи маргбор дар як рӯз: дучархарон ва ноболиғ ҷон доданд

89
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар ҷумҳурӣ хабар дод, ки 19 сентябр рух додаанд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Саидов Воҳид, сокини 35-солаи  шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Панҷ ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дучархарони 22-соларо зер кардааст.

Манбаъ афзуд, ки  дучархарон Маҳмадиев Фирӯз, зодаи соли 1998, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун, дар пайи ин садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои ВУД, ҳодисаи дигари маргбор 19-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 20:00 рух дод.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ахмедов Абдуназар, сокини 38-солаи ҷамоати деҳоти Кулқанди ноҳияи Исфара, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Гулистони ҷамоати деҳоти мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Шокиров Диловарҷон Дилшодович, соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Кулқандро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки дар натиҷа пиёдагард Шокиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

89
Барчаспҳо:
садама, Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Тасдиқи иншооти махсусан муҳими нав дар Тоҷикистон: Ҳукумат аз андозу боҷ озод кард

784
(Таҷдидшуда 13:54 21.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба феҳрасти иншооти махсусан муҳим дар ҷумҳурӣ, ки аз сабукиҳо бархӯрдоранд, як адади дигарро зам намуд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ба феҳрасти иншооти махсусан муҳими Тоҷикистон, сохтмони "Майдони Истиқлол" шомил шуд.

Феҳрасти молу таҷҳизоте, ки барои сохтмони "Майдони Истиқлол" ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, тасдиқ гардида, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуданд.

Сохтмони "Майдони Истиқлол" тобистони соли равон расман оғоз бахшида шуд. Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш дода буд, ки масоҳати умумии "Майдони Истиқлол" 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

"Дар ин ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад", - навишт котиботи раисҷумҳур.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки иншоот аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Майдони Истиқлол бо маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

784
Барчаспҳо:
Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон