Гулсанам Алиҷонова духтаре, ки ду ҷавонро барои бадгӯӣ дар Намангон латукӯб кард

Қатъи парвандаи ҷиноӣ алайҳи духтаре, ки ду ҷавонро барои бадгӯӣ дар Намангон латукӯб кард

545
(Таҷдидшуда 20:19 13.09.2020)
Ёдовар мешавем, Гулсанам Алиҷонова аз вилояти Намангон барои ҳимояи шараву обрӯи хеш ду ҷавоне, ки ӯро барои намуди зоҳирияш масхара ва таҳқир кардаанд зада буд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Мақомоти тафтишотии ноҳияи Норини Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ алайҳи Гулсанам Алиҷоноваи 23-соларо, ки ду бачаро латукӯб карда буд, қатъ кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон. 

Дар ин бора духтар ба рӯзноманигор Раҳимҷон Султонов гуфтааст.

"Раёсати минтақавии корҳои дохилии ноҳияи Наринии вилояти Намангон дирӯз ба ӯ (Гулсанам Алиҷонова, таҳ) дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноӣ бо қисми сеи моддаи 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар додаанд. Вай аниқ намедонад, ки оё ин афрод изҳороти худро бозпас гирифтанд ё ин кор бо ташаббуси раёсати минтақа рух дод”

Ба гуфтаи рӯзноманигор, эҳтимол, дар ояндаи наздик паёми хадамоти матбуоти ВКД ба мардум оид ба парванда дастрас карда мешавад, зеро ин қазия вокуниши васеи мардумро ба бор овард, гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки моддаи “Авбошӣ”, ки дар аввал Гулсанам ба он айбдор карда мешуд, маҳдудият ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 5 солро пешбинӣ мекард.

Ҳодисаи латукӯби ду писар аз сӯи Гулсанам рӯзи 25 июн дар маҳаллаи “Зарбдор”-и ноҳияи Норин рух дода буд. Дар ибтидо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷонибҳои ҷабрдидагонро тарафдорӣ намуда, қайд карданд, ки духтар бачаҳоро латукӯб карда," дидаю дониста нисбат ба қоидаҳои рафтор дар ҷомеа беэътиноӣ кардааст ".

Аммо, замоне онҳо ба баррасии қазия сар мекунанд, маълум мешавад, ки ҷабрдида худи Гулсанам будааст.

Ба гуфтаи Гулсанам, он рӯз вай ба дидорбинии хоҳараш рафта буд, ӯ ва кӯдаки ҳамроҳаш дар кӯча истода, бо ронандаи таксӣ сӯҳбат мекарданд.  Ҳамин замон, ба гуфтаи духтар, мошини тамғаи Spark ба сӯи онҳо омаду, яке аз бачаҳо дар мошин ӯро барои "футболка" ва "шорти"-яш масхара мекунанд, ки миёнашон баҳси лафзӣ сар мезанад.

Замони баҳс, яке аз бачаҳо аз футболкаи духтар кашола кард, задухӯрд сар задааст.

Гуфта мешавад, ҷавонон низ замони баҳс аз ҳадди меъёр гузаштаву нисбат ба модари бемори духтар суханҳои бадахлоқона гуфтаанд, ки ӯро ором нагузоштааст.

"Яке аз онҳо маро дошт, гӯё моро аз ҳам халос мекунад, аммо ман ҷавобашро додам. Ҳарду ба ҳар тараф гурехтан. Вақте ба назди таксӣ баргаштем, бачаҳои боқимонда ронандаи таксиро заданд. Моро дида, ба мошин нишастанду рафтанд. Хоҳарам ҳодисаро тавассути телефон ба навор гирифт. Ронандаи такси ҳамчун далели рӯйдод пурсид, ки сабти телефонро партояд. Ҳаминтавр видео дар интернет пайдо шуд ", - мегӯяд духтар.

Гуфта мешавад,  Гулсанам 23 сол дошта, ҳоло дар факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Намангон таҳсил мекунад.

Номбурда бо бокс, каратэ ва ду сол - WTF Taekwondo машғул буда, ғолиби чемпионати Узбекистон дар ин самт, инчунин ғолиби мусобиқаи Namangan Open мебошад.

545
Ёкуб Салимов бо фарзандони навзодаш

“Экстремизми иттилоотӣ”: вокуниши ВКД ба хабари ҳамлаи ниқобпӯшон ба хонаи Ёқуб Салимов

179
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари расонаҳо дар бораи ҳамлаи як гуруҳи ниқобпӯш ба манзили Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилиро рад кард

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин робита ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ ҳамлае ба хонаи Ёқуб Салимов анҷом нашудааст ва ин хабар аз реша сиҳат надорад.

Вай гуфт, дар ин бора ягон шикоят ё аризае ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид нашудааст.

“Ҳоло ҳеҷ гуруҳе дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки суботи ҷомеаро барҳам занад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қудрати кофии ҳимоят аз ҳар шаҳрванд ва моликияти ӯро доранд. Ҳар ҷиноят дар ин замина зуд пайгирӣ ва ошкор мешавад. Онҳое, ки бо пахши чунин ахбор мехоҳанд афкори умумии ҷомеаро безобита кунанд, даст ба экстремизми иттилоотӣ мезананд ва ин ҷиноят аст”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки 18 августи соли равон 12 - 13 нафар ниқобпӯш бо ду микроавтубуси берақам ба хонаи Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, воқеъ дар минтақаи “Водонасос” – и шаҳри Душанбе ҳамла бурда, бо битаҳо шишаҳои мошини Ренҷ-Роверашро шикаста ва писари ӯ - Абубакр Салимовро шадидан латукӯб кардаанд, ки дар натиҷа мавсуф ба бемористон интиқол дода шудааст.

Абӯбакр Салимов, писари Ёқуб Салимов, бо пахши як изҳорот дар сафҳаи фейсбукаш ин хабарро маҳсули хаёлоти муаллиф ва “тӯҳмату гапҳои дурӯғ” нисбати хонаводааашон, бавежа падараш Ёқуб Салимов ва шахси худаш хондааст.

“Ба хонаи мо дар санаи 18 август ягон хел ҳамла нашудааст. Дуруст аст, ки мо дар маҳаллаи Водонасос зиндагӣ мекунем, аммо он рӯз чун рӯзҳои дигар тинҷу ором ва осуда будем”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Мавсуф ҳамлаи ашхоси ниқобпӯш ва ба хонаашон даромада шикастани шишаҳои мошини Ренҷ-Роверро низ рад карда, гуфтааст, ки хонаводаи онҳо чунин тамғаи автомашинаро надорад. Вай гуфтааст, касе ӯро латукӯб накардааст ва ӯ ба беморхона низ наафтодааст.

“Аз номи падар ва тамоми аъзои оилаамон ба кулли хамватанон мерасонам, ки шукри тинҷиву амонии Ватани азизамон мекунем. Чунин ходиса бо оилаи мо рух надодааст ва чизе ки хондаед, бофтаҳои нафарони иғвоангез мебошад”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Ёқуб Салимов, яке аз чеҳраҳои маъруфи замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки як муддат вазири корҳои дохилӣ (1993-1995) ва сафири ин кишвар дар Туркия (1995-1996) буд. Ӯ соли 1997 бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ таҳти пайгарди қонун қарор гирифт. Соли 2003 дар шаҳри Маскави Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Моҳи апрели соли 2005 ӯ барои 15 сол равонаи зиндон гашт ва моҳи июни соли 2016 ба озодӣ баромад. Ҳоло дар манзилаш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

179
Девушка в наручниках, фото из архива

Боздошти Миҷгона Умар, котиби суд барои "вазифафурӯшӣ"

166
(Таҷдидшуда 10:32 23.09.2020)
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ, боздоштшуда Музаффарзода Миҷгона Умар дар вазифаи котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе кор карда истода, даст ба порагирӣ задааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда моҳи декабри соли 2019 аз шаҳрванд Солеҳзода М.Д. барои мусоидат кардан дар таъин гардидани ӯ ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ аз охирин маблағи 5000 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 25000 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимондаи онро талаб намуд.

“Минбаъд Музаффарзода М.У. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, санаи 15 январи соли 2020 аз Солеҳзода М.Д. ба ҷойи маблағи боқимондаи талабнамудааш як автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” соли бароришаш 2001-ро бо роҳи қаллобӣ гирифта тасарруф намуда, ба охирин зарари калони моддӣ расонид”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, айни ҳол нисбати Музаффарзода М.У. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

166
Барчаспҳо:
пора, боздошт, корманд, Суд, Тоҷикистон