Арест, архивное фото

Боздошти сармуҳосиби мактаб: аз ҳисоби маоши муаллимон 115 ҳазор сомониро азхуд кард

4639
(Таҷдидшуда 12:50 17.09.2020)
Ожонси зидди фасод аз қаллобкории сармуҳосиби яке аз макотиби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кормандони Ожонси зидди фасод, Раҷабов Рустам Темуровичро, ки дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш" фаъолият мекард, боздошт намуданд.

Бар хабари котиботи ожонс, мактаби мазкур ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тааллуқ дошта, сармуҳосиби он аз соли 2016 то 2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷчатҳои расмӣ, ба корхона ва давлат зарари калони моддӣ расондааст.

"Раҷабов ҳақмузди кормандони мактабро зиёд нишон дода, маблағи умумии 114466,66 сомониро тасарруф намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Корманди қалбакии Ожонси зидди фасод ба даст афтод: ӯ аз кормандони БДА маблағ меситонд

Манбаъ меафзояд, оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Раҷабов Р.Т. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди "а" ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Таъкид мегардад, ки пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ӯ ба суд фиристода шуд.

4639
Барчаспҳо:
мактаб, корманд, боздошт, Ожонси зидди фасод
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт

Даргузашти амири Қувайт дар синни 92-солагӣ

658
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико куҳансолтарин ҳокими араб, амири Кувайт Сабоҳи IV дар синни 92-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шудааст.

Аз он вақт инҷониб, мақомоти Кувайт борҳо гузориш додаанд, ки саломатии Сабоҳи IV мӯътадил буда дар ҳоли беҳбуд аст.

Ҳамзамон, бародари хурди Сабоҳи IV ва шоҳзодаи валиаҳд Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба ҳайси иҷрокунандаи амир таъин гардида буд.

Тибқи иттилои ҳукумат, амири нав валиаҳд Наваф ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ҷойгузини Сабоҳи IV шудааст.

Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ сар аз моҳи январи соли 2006 дар Қувайт ҳукмронӣ мекард.

Қабл аз он, ӯ ба ҳайси сарвазир кор мекард ва пештар аз он тӯли даҳсолаҳо раёсати сиёсати хориҷии кишварро ба зима дошт.

658
Барчаспҳо:
шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷаббор ас-Сабоҳ, даргузашт, Қувайт

Орипов: Раҳмон дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сафҳаи тиллоӣ боз кард

597
(Таҷдидшуда 16:50 29.09.2020)
Дар ҷараёни музокирот Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Сарвазири Узбекистон Абдулло Арипов масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо сарвари ҳукумати Узбакистон Абдулло Арипов мулоқот кард.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаи масъалаи кушодани робитаҳои нақлиётӣ миёни ҷумҳуриҳо гузошта шудааст.

Расулзода зимни гуфтушунид таваҷҷӯҳро ба тавсеаи гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ҷалб кардааст.

Бар поияи оморҳои расмӣ,  гардиши савдо байни ин ду давлати дӯст аз 12 миллион доллари соли 2015 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 расид. Ин нишондиҳанда 30 баробар афзудааст.

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Давоми ҳашт моҳи соли равон бошад содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 53 миллион долларро ташкил додааст, ки 24 дарсади ҳаҷми умумии содироти кишварро дар бар мегирад.

 Сарвазири Тоҷикистон аснои мулоқот қайд кардааст, ки дар оянда гардиши савдои хориҷии ҷумҳурҳо ба як миллиард доллар расиданист.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба Тоҷикистон омад

Расулзода инчунин ба Узбакистон барои кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус ташаккур гуфт.

Дар навбати худ, сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон мусбат арзёбӣ кардааст.

"Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкории ду кишвари бародар саҳифаи тиллоиро кушод.  Ҳамкории мо ба сатҳи сифатан нав баромад ва имрӯз мо ҳама ҷанбаҳо ва самтҳои робитаҳои тиҷоративу иқтисодии худро муҳокима кардем" гуфт ӯ.

Ҳамзамон зимни гуфтушунид, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак оид ба таъсиси “Ширкати инвеститсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон” зарур шуморида шуда, ҷиҳати истифодаи василаҳои дипломатияи иқтисодӣ, пеш аз ҳама, тавассути роҳандозии тамосҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратӣ бо мақсади амалӣ гардонидани лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

597
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон