Исанов Турғунҷони 35-сола, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси ноболиғон

Видеои эълони ҷазои Исанов барои таҷовуз ба номуси фарзандхонҳояш

1894
(Таҷдидшуда 14:13 17.09.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе Исанов Турғунҷони 35-сола, зодаи ноҳияи Шаҳритус, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо барои таҷовуз ба номуси ду фарзандхонаш ба ҳабси абад маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, Исанов моҳи августи соли 2016 бо зане, ки аз шавҳари собиқаш 2 фарзанд – ноболиғон Б. соли таваллудаш 2008 ва М. соли таваллудаш 2011 доштаст, бо тариқи никоҳи мусалмонӣ оила барпо намуда, аз зиндагии якҷояашон соҳиби 1 фарзанд гардидаанд.

Таҷовуз ва қатли кӯдаки гадо дар истгоҳ дар наздикии Душанбе-видео

Ба иттилои додгоҳ, муттаҳам бори нахуст тахминан 25-26 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе, дар набудани ҳамсараш ба духтархондаш, зодаи соли 2008 дастдарозӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ такроран ба духтархондаш моҳи ноябри соли 2019 ҳангоми зиндагияшон дар ноҳияи Ванҷ дастдарозӣ кардааст. Маҳкумшуда ҳамсарашро барои ҳалли баҳсҳои додгоҳӣ ба Душанбе фиристода, дар ҳолати мастӣ нисбати духтараш бадахлоқӣ карда, таҳдид намудааст, ки ба модараш чизе нагӯяд. Ба иттилои додгоҳ, инчунин писархондаш, соли таваллудаш 2011, моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе ҳадафи падарандари таҷовузкор қарор гирифтааст.

Баҳси таҷовузи кӯдаки сесола дар ҷаласаи Рустами Эмомалӣ. Ӯ хост, ҷазоҳо сангинтар шаванд

Додгоҳи Душанбе парвандаи Исановро баррасӣ карда, ӯрои барои умрбод равонаи зиндони низомаш махсус кардааст.

1894
Барчаспҳо:
таҷовузи ҷинсӣ, парванда, Тоҷикистон
Исправительная колония, архивное фото

Фирори маҳбусон аз зиндоне дар Доғистон: миёнашон зодаи Тоҷикистон низ будааст

30
(Таҷдидшуда 12:05 23.09.2020)
Шаш маҳбуси хатарнок аз зиндоне дар Доғистон бо роҳи кофтани нақб фирор кардаанд, ки миёнашон як зодаи Тоҷикистон низ будааст

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Дар Доғистон, шаби чоршанбе шаш маҳбус нақб сохта, аз колонияи ислоҳии рақами 2-и деҳаи Шамхал фирор кардаанд, хабар медиҳад раёсати минтақавии Хадамоти федералии иҷрои ҷазо.

Хабаргузории ТАСС дар такя ба манобеяш аз мақомоти амниятии ҷумҳурӣ навиштаас, ки яке аз фироркардагон зодаи Тоҷикистон буда, боқимонда зодагони Доғистон мебошанд.

Гуфта мешавад, маҳбусон нақб кофтаву баъдан, тавассути он фирор кардаанд.

Инчунин, ба гуфтаи як манбаъ аз мақомот, аз шаш маҳбуси фирорӣ чаҳор нафар ба мӯҳлатҳои аз 8 то 15 соли зиндон ҳукм доштанд.

Ба иттилои манбаъ, ду нафари онҳо барои куштор зиндонӣ шуданд, боқимонда барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ҳукм гирифтаанд.

Барои ёфтани онҳо гурӯҳҳои эҳтиётӣ ва таъқиботӣ фиристода шуданд, ҷустуҷӯ идома дошта, постҳои муваққатӣ ташкил карда шудаанд, омадааст дар иттилоия.

Талоши Кумитаи дин барои баргардонидани маҳбусон аз роҳи ифротгароӣ

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон, роҳнамо дар бораи гурезагон ба ҳамаи шӯъбаҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ фиристода шуда, тамоми қувва барои ҷустуҷӯи онҳо равона карда шудааст.

"Ҳоло ҷустуҷӯи фирориён вазифаи аввалиндараҷаи ВКД аст" гуфт сухангӯи хадамоти матбуот.

30
Детская игрушка возле дороги

Ҳодисаҳои мудҳиши нақлиётӣ: ноболиғ духтари амакрову бобо набераро пахш кард

78
(Таҷдидшуда 11:21 23.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи мудҳиши нақлиёти хабар медиҳад, ки дар пайи беэҳтиётии ноболиғ сар задааст

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Ба иттилои манбаъ, ҳодиса санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 17:10-дақиқа сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ноболиғ Ш.И., соли таваллудаш 2007, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, бе ҳуҷҷати ронандагӣ автомашинаи тамғаи “Тайота-Фледер”-ро, ки ба амакаш Шамсов Алишер Қурбоналиевич тааллуқ дорад, гирифта, ҳангоми ҳаракат кардан дар деҳаи мазкур аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, духтари амакаш, хурдсол Шамсова Оишамо Далеровна, соли таваллудаш 2018-ро пахш намудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, хурдсол Шамсова Оишамо Далеровна ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд, ҳамзамон санаи  22-юми сентябр, тахминан соатҳои 22:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Старекс", Қушоқов Хушбахт Холмирзоевич, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, дар назди манзили истиқоматиаш набераи ноболиғаш, Қушоқов Амир Давлатназарович, соли таваллудаш 2015-ро пахш намудааст.

Ҳалокати як ноболиғ ва ду ҷавон дар ду садамаи маргбор

Гуфта мешавад дар натиҷа, ноболиғ Қушоқов А.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

78
Барчаспҳо:
фавт, ноболиғ, садамаи маргбор, Тоҷикистон