Зокирзода: миёни Душанбеву Тошканд барои ҳамкорӣ тамоми шароит фароҳам аст

© Маджлиси Республики ТаджикистанВстреча Махмадтоира Зокирзода с Улугбеком Иноятовым
Встреча Махмадтоира Зокирзода с Улугбеком Иноятовым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имрӯз дар Душанбе доир гашт

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.

 “Барои мо хеле муҳим аст, ки имкони деринаи муошират ва муҳокимаи масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягии мо ба вуҷуд омад. Сафари Шумо ба Тоҷикистон таҷассумгари равобити барқароршудаи мост ва мо онро нишонаи равшани шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мекунем” -афзуд дар оғози мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин аз иқдомоти накуи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намудаст, ки мо бояд ин анъанаҳоро ҳифз намоем, зеро Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд.

Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов - Sputnik Тоҷикистон
Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

Боиси хушнудист, ки дар муддати кӯтоҳ мо метавонем муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав барорем ва ин равобит ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои баӣналмилалии парлумонӣ рушд меёбанд.

Барои мо имкониятҳои васеъ ҷиҳати амалисозии пурраи тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионии кишварҳоямон ва тақвияти мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз, аллакай, ба мушоҳида мерасад, ки созишномаҳои бадастомада кор мекунанд. Ҳарду кишвар раводидҳоро то 30 рӯз бекор карданд ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро амиқтар карданд.

Дар фарҷоми суханҳо мехоҳам таъкид намоям: мо итминон дорем, ки дар шароити рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Узбекистон муносибатҳои парлумонҳои мо низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш хоҳанд ёфт.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар рафти суҳбат доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи баӣнипарлумониро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Лентаи хабарҳо
0