Қазоқистон қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш тағйир дод

637
(Таҷдидшуда 17:00 21.09.2020)
Маълум шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба Қазоқистон бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Қазоқистон қоидаҳои вуруд ба қаламравашро ҳангоми пандемияи коронавирусӣ муқаррар кард, хабар медиҳад Today.kz.

Тибқи фармони сардухтури санитарии Қазоқистон, ҳар касе ки ба ҷумҳурӣ меояд, ба се категория тақсим карда мешавад.

Ба гурӯҳи аввал мусофирон аз Чин, Тайланд, Муғулистон, Малайзия, Миср, Гонконг, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Сингапур, Олмон, Беларус ва Озарбойҷон шомиланд. Онҳое, ки аз ин кишварҳо меоянд, танҳо бояд аз термометрия ва саволномаҳо гузаранд.

Тоҷикистон дар категорияи дуввум якҷоя бо давлатҳои монанди Узбакистон, Русия, Қирғизистон, Украина, Швейтсария, Британияи Кабир, Лаҳистон, Италия, Маҷористон, Австрия, Нидерланд, Шветсия, Руминия, Чехия, Юнон, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон ва Арманистон шомил аст.

 Ҳангоми вуруд ба Қазоқистон, шаҳрвандони ин кишварҳо на танҳо бояд аз термометрия ва саволномаҳо гузаранд, балки инчунин шаҳодатнома бо ташхиси манфӣ барои коронавирус пешниҳод кунанд.

Кишварҳои боқимонда ба гурӯҳи сеюм шомил карда шудаанд.

Маскав оғози парвозҳо ба Душанбе аз моҳи октябрро баррасӣ дорад-расонаҳо

Бо қарори сардухтури санитарии Қазоқистон парвози мунтазам аз ин иёлот манъ аст, танҳо парвози махсус дар мувофиқа бо мақомот имконпазир аст.

637
Барчаспҳо:
парвоз, Қазоқистон, Тоҷикистон
Собака, архивное фото

Наҷоти саг аз чоҳ дар Душанбе

137
(Таҷдидшуда 21:46 22.11.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, сагеро наҷот доданд, ки дар чоҳ афтид

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Наҷотдиҳандагон дар шаҳри Душанбе як сагро, ки дар чоҳи умқаш то 5 метр афтода буд, берун оварданд, хабар дод Раёсати КҲФ дар пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтахт иттифоқ афтодааст.

“Ба қисми навбатдории Кумита соҳиби ин саг занг зад ва гуфт, ки сагашро наметавонад аз чоҳ берун орад”, - омадааст дар иттилоия. 

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса расида, вазъро арзёбӣ кардаанд. Ба иттилои котиботи КҲФ, маълум шуд, ки барои ин кор танҳо метавон аз таҷҳизоти Alpine истифода кард.

“Онҳо ба чоҳ поин шуданд ва сагро беозор боло оварданд. Чун соҳиби саг он ҷо буд, ҳайвон ба наҷотдиҳандагон ҳеч муқовимате ҳам накард”, - таъкид кард манбаъ.

КҲФ илова намуд, ки саги афтода ба чоҳ солим берун оварда шуд ва ба ёрии байторӣ ниёз надошт.

137
Барчаспҳо:
наҷотдиҳӣ, Тоҷикистон
Бокал вина, архивное фото

Се литр вино ва дашном: Нуриддин фавтиду Шайдуло паси панҷара рафт - навор

901
(Таҷдидшуда 16:21 22.11.2020)
Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғ аз боздошти як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад, ки ҳамгоми мастӣ даст ба одамкушӣ задааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғ, бо гумони одамкушӣ кормандони пулис Шайдуллоев Шайдулло Ҳайдаровичи 45 соларо боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор санаи 17-уми ноябр дар дохили ошхонаи “Сомғор”-и ноҳияи мазкур дар ҳолати мастӣ сар задааст.

Манбаъ мегӯяд, Шайдуллоев Шайдулло Ҳайдарович бо ошпази ҳамин чойхона Идрисов Нуриддин Ахмедовичи 60-сола истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд якҷо майнӯшӣ карда, дар натиҷаи муноқишаи бамиёномада охиринро то дами марг задааст.

Гуфта мешавад, то лаҳзаи сар задани ҳодиса Шайдуллоев Шайдулло ва Идрисов Нуриддин, ки муносибати дӯстона доштаанд, маслиҳати майнӯшӣ мекунанд. Аз истеъмоли шароби дастӣ омодашуда ҳамқадаҳон ба зудӣ маст мешаванд ва миёнашон мунозираи лафзӣ сар мезанад”,- афзудааст манбаъ.

Шайдуллоев дар бозпурсӣ нишондод додааст, ки дашноми аз ҷониби ошпаз садододаро таҳаммул карда натавониста, бо дасту пой ва мизу курсию ашёҳои дар гирду атроф бударо ба сару рӯи ӯ зада аз пой меафтонад, ки дар натиҷа ҳалок мешавад.

Оқибати майнушӣ: соҳибхона дар ҳолати мастӣ ҳамқадаҳи 50 - солаашро то мурдан куфт

Худи Шайдуллоев мегӯяд, ҳодиса пас аз нӯшидани беш аз се литр вино сар зад.

ВУД мегӯяд, ҳоло нисбат ба Шайдуллоев парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

901
Барчаспҳо:
ошпазӣ, куштор, Бобоҷон Ғафуров, Суғд, Тоҷикистон
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон