Фирори маҳбусон аз зиндоне дар Доғистон: миёнашон зодаи Тоҷикистон низ будааст

© Sputnik / Евгений БиятовИсправительная колония, архивное фото
Исправительная колония, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаш маҳбуси хатарнок аз зиндоне дар Доғистон бо роҳи кофтани нақб фирор кардаанд, ки миёнашон як зодаи Тоҷикистон низ будааст

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Дар Доғистон, шаби чоршанбе шаш маҳбус нақб сохта, аз колонияи ислоҳии рақами 2-и шаҳраки Шамхали канори Махачқалъаи маркази Доғистон фирор кардаанд, хабар медиҳад раёсати минтақавии Хадамоти федералии иҷрои ҷазо.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Саноат дар зиндонҳо: вазири тоҷик аз аҳамияти кори музднок барои маҳбусон гуфт

Хабаргузории ТАСС дар такя ба манобеяш аз мақомоти амниятии ҷумҳурӣ навиштаас, ки яке аз фироркардагон зодаи Тоҷикистон буда, боқимонда зодагони Доғистон мебошанд.

Гуфта мешавад, маҳбусон нақб кофтаву баъдан, тавассути он фирор кардаанд.

Инчунин, ба гуфтаи як манбаъ аз мақомот, аз шаш маҳбуси фирорӣ чаҳор нафар ба мӯҳлатҳои аз 8 то 15 соли зиндон ҳукм доштанд.

Ба иттилои манбаъ, ду нафари онҳо барои куштор зиндонӣ шуданд, боқимонда барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ҳукм гирифтаанд.

Барои ёфтани онҳо гурӯҳҳои эҳтиётӣ ва таъқиботӣ фиристода шуданд, ҷустуҷӯ идома дошта, постҳои муваққатӣ ташкил карда шудаанд, омадааст дар иттилоия.

Талоши Кумитаи дин барои баргардонидани маҳбусон аз роҳи ифротгароӣ

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон, роҳнамо дар бораи гурезагон ба ҳамаи шӯъбаҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ фиристода шуда, тамоми қувва барои ҷустуҷӯи онҳо равона карда шудааст.

"Ҳоло ҷустуҷӯи фирориён вазифаи аввалиндараҷаи ВКД аст" гуфт сухангӯи хадамоти матбуот.

Лентаи хабарҳо
0