Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Даъвати Рустами Эмомалӣ аз сокинон барои шинонидани лоақал як дарахти ҳамешасабз

224
(Таҷдидшуда 14:10 25.09.2020)
Рустами Эмомалӣ,  раиси шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт даъват ба амал овардааст, ки дар сабзгардонии пойтахт саҳмгузор бошанд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ ин нуктаро зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум изҳор доштааст.


Ба иттилои манбаъ, вобаста ба корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват кард, ки барои ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оила барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасбз саҳмгузор бошанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон шаҳрдори Душанбе таваҷҷуҳи масъулини бахшҳои дахлдори шаҳрдориро ба вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо ҷалб намуда, барои сари вақт баровардани партову хазонҳо, таъмини нақшаи шинонидани дарахту гулҳои зимистона, иваз намудани дарахтони хушкшуда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани фаввораю курсиҳои боғҳо  дастурҳои мушахахас дод.

“Аз роҳбарони сохторҳои дахлдор талаб карда шуд, ки ҷиҳати ба инфрасохтори шаҳр мутобиқ намудани тамоми иншоот ва муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе воридшуда ва амалӣ кардани корҳо барои омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурии саривақтиро татбиқ намоянд”,-афзудааст, манбаъ.

Ҳамзамон дар ҷаласа Рустами Эмомалӣ, ба масъалаи хизматрасониҳои нақлиёт ва гузариш ба низоми пардохти эллектронӣ барои воситаҳои нақлиёт дахл карда ба масъулин дар ин самт супориш додааст.

224
Барчаспҳо:
Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Пассажирский самолет вылетает из аэропорта города Красноярска

Ҳафтае як маротиба: парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барқарор мешаванд

6
(Таҷдидшуда 14:16 23.10.2020)
Интизор меравад, ки нахустин парвоз байни пойтахтҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон охири моҳи октябр анҷом дода шавад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои барқарор кардани парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе ба мувофиқа расидаанд, менависад Sputnik Узбакистон бо такя ба Вазорати нақлиёти ин кишвар.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзи 28 октябр сурат мегирад.

Парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе анҷом дода мешаванд.

Ҳавопаймоҳо ҳафтае як маротиба рӯзи панҷшанбе аз пойтахти Тоҷикистон ба Узбакистон парвоз хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки қаблан Тоҷикистон аз 1 июл барқарор кардани парвозҳо бо бархе шаҳрҳои Узбакистонро барномарезӣ карда буд, аммо ба далели вазъи ноустувори эпидемиологӣ, ин тасмим боздошта шуд.

6
Барчаспҳо:
парвоз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Здание МВД Республики Таджикистан

Бедарак шудаанд: милиса барои пайдо кардани 3 нафар аз мардум кумак хост-видео

84
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар гузориши ахири видеоияш акси се нафар бедаракшударо намоиш дода, аз мардум барои пайдо кардани онҳо кумак хост

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ноболиғ Садам Қурбонов ҳанӯз моҳи март аз хона баромада бедарак шудааст.

“Садам Қурбонов, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, 26-уми марти соли равон аз хона баромада, бедарак аст”, - хабар дод ВУД.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Манбаъ афзуд, Фармонқул Абдураҳмонов, зодаи соли 1971,  бошандаи хона-интернати бемориҳои руҳии шаҳри Ҳисор 22 сентябр баромада, бедарак гаштааст.

Нафари бедаракшудаи дигар Акбарзода Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1986, зодаи шаҳри Бохтар мебошад, ки аз 1 сентябри соли равон дар бораи ӯ иттилое нест.  

ВУД хоҳиш кардааст, афроде, ки дар бораи бедаракшудаҳо иттилое доранд, тариқи рақамҳои 2 21 21 21 ё 2 27 98 98 хабар диҳанд.  

84
Барчаспҳо:
бедарак шудан, парванда, Тоҷикистон