Арест, архивное фото

Боздошти сокини Фархор, ки ду мардро ба Русия кор бурду пулҳояшонро надод

297
(Таҷдидшуда 11:22 29.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздоштир марди 33-сола хабар медиҳад, ки дар фиреби ду ҳамватан муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда сокини ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор буда бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкурро 4 моҳ барои ороиши бино киро намуда, маблағи пулӣ дар ҳаҷми 320 ҳазор рубли русӣ маошашро пардохт накардааст.

“Инчунин номбурда аз соли 2017 то соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳияро барои ороиши бино истифода бурда, дар ҳаҷми 340 ҳазор рубли русӣ маошашро пардохт накардааст”,-афзудааст манбаъ.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

297
Барчаспҳо:
фиреб, кор, Фархор, Русия, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Марги ду сокини Чорсӯ дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ: яке ронанда буду дигараш мусофир

320
Ронандаи худрави "Опел - Вектра" аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, ба автомашинаи дигар бархӯрд

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар роҳи мошингарди "НФС - Ориё, дар ҳудуди деҳоти Бостон рух дод, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сонеҳаи нақлиётӣ рӯзи  23 - юми октябр, тахминан соатҳои 15:30 дақиқа рух дод.

Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Қурбонов Сафари 72 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Чорсӯи шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгарди "НФС-Ориё", дар ҳудуди деҳоти Бостон аз роҳи дуюмдараҷа ба роҳи асоси баромаданаш ба автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира" бархӯрд.

Нохушӣ дар оилаи Ҳошимов: ҳалокати ду бародар дар пайи садама дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд"

Сари идораи ин худрав Авлиёқудов Шаҳрихони 20 - сола, сокини шаҳри Душанбе қарор дошт. Номбурда бо роҳи асосӣ аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард.

Дар натиҷа ҳардуи автомабилҳо зарари техники дида, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Қурбонов ва мусофири автомашинаи мазкур, Сафаралиев Гурез, соли таваллудаш 1941, сокини ҷамоати деҳоти Чорсу, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

320
Барчаспҳо:
бархӯрди худравҳо, нақлиёт, роҳ, садама
Нож в руке, архивное фото

Тафтиши кордзанӣ аз пушт дар ноҳияи Рӯдакӣ

230
(Таҷдидшуда 20:55 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки 21-уми октябр дар ноҳияи Рӯдакӣ як ҳодисаи кордзанӣ сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, марди ҷабрдида ба идораи милиса муроҷиат карда, арз доштааст, ки шоми 21 октябр аз дасти марди 36-сола корд хӯрдааст.

"Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 21-уми октябри соли 2020, тахминан соати 18:00 марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ҳамин ноҳия дар саҳни ҳавлиаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоҳур бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба пушташ задааст", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

230

Ҳабиб урён ва Гейҷи бо ниқоб: навори вазнченкунии размикорон

0
(Таҷдидшуда 16:46 24.10.2020)
Қабл аз муҳорибаи дарпешистодаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов а Ҷастин Гейҷӣ, маросими вазнченкунии онҳо баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов имрӯз бори саввум барои ҳифз намудани камрбанди қаҳрамонияш талош мекунад. Қабл аз муҳориба, ҳар ду размикорро болои тарозу бароварда, вазнашонро санҷиданд.

Бар тибқи натиҷаи маросими вазнченкунӣ, Ҳабиб ва Гейҷи вазни баробар доштанд. Ҳар ду варзишгар 70 килограмму 300 грам вазн доранд.

Ҳабиб тамоман урён  болои тарозу баромад ва каме ҳаяҷонзада ҳам буд. Гейҷӣ бошад, бо ниқоби тиббӣ ва табассумкунон вазнашро санҷид.

Муҳорибаи онҳо шоми имрӯз соати 21:00 ба вақти Маскав ва 23:00 ба вақти Душанбе доир мешавад.

Ҳабиб ҳоло ҳамаи муҳорибаҳояшро бидуни мағлубият анҷом додааст. Рақиби ӯ бошад ҳамагӣ ду маротиба рақобатро бохт.

0
Барчаспҳо:
вазн, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов