Таджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа.

Ҷасади пиразане, ки моҳи август бедарак шуд, пайдо гардид

462
(Таҷдидшуда 13:03 03.10.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади сокини 71-солаи ноҳияи Шуғнон хабар дод, ки моҳи август бедарак шуда буд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқлодда,  сокини 71-солаи деҳаи Боғеви ҷамоати деҳоти Сучон, Зайнилмо Чоршанбиева рӯзи 22 августи соли равон аз хона баромада бедарак шуда буд.

“Талоши пайвандон барои пайдо кардани хабар дар бораи пиразан бенатиҷа анҷом ёфта буд. Аммо ҷустуҷӯи вай ҳамарӯза идома дошт”, - изҳор дошт манбаъ.

Ҳадс зада мешуд, ки ин пиразан, ки ба гуфтаи пайвандонаш дучори бемории рӯҳӣ шуда буд, шояд дар дарёи Ғунд сарозер шуда бошд.

Кумита тасдиқ кард, ки ахиран сокинон ҷасади ӯро поёнтари деҳа, дар лаби дарёи Ғунд пайдо карда, ба соҳибонаш супурданд.

Ин ниҳод таъкид намуд, ки феълан ҷузъиёти бештаре аз сабаби марги ӯ маълум нест.

462
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

143
(Таҷдидшуда 20:24 19.10.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, шифоёбӣ ва марг аз коронавирус дар кишварро нашр кард

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10533 нафар баробар гардид.

Пешбинии анҷоми ҳамагирии коронавирус: як соли дигар "сабр"

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 52 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9563  (90,8%)  баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ  80 нафар фавтидаанд.

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

143
Барчаспҳо:
вируси корона, омор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Тоҷикистон
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Ҳасибфурӯш роҳгузарро корд заду додарзода амакро: парванда алайҳи ду тан дар Хуҷанду Норак

103
(Таҷдидшуда 18:53 19.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар, яке сокини Хуҷанду дигаре шаҳри Норак хабар медиҳад, ки дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ  бо чунин ҷурм марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 9-уми октябр тахминан соати 15:30-дақиқа ҳангоми дар роҳи пиёдагарди назди мағозаи “Азим”, воқеъ дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри мазкур ба фурӯши ҳасиб ва ҳасибчаҳо машғул буданаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба гардан ва 1-маротиба ба шикамаш задаст.

“Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон кормандони пулис марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норакро боздошт кардаанд, ки дар пайи як муноқиша амакаш, марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур 4-маротиба ба корд задааст.

Бесабаб ба синаам корд зад: шикояти як сокини Бохтар ба милиса

Гуфта мешавад, ҳодиса санаи 16-уми октябри соли 2020, тахминан соатҳои 19:10-дақиқа рух дода, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Марди маст дар шаҳри Норак ҳамқадаҳи 50 - солаашро корд зад

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳарду ҳолат парванда боз шуда, тафтишот дидома дорад.

103
Барчаспҳо:
кордзанӣ, парванда, Норак, Хуҷанд, Тоҷикистон
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Анжелика Шопп, роҳбари нави НамояндагииКБСС дар Тоҷикистон

Таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи Салиби Сурх дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 20:59 19.10.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

Манбаъ афзуд, рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

“Зимни cуҳбат масоили фаъолияти КБСС ва  барномаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона дар ҷумҳурӣ,  афзудани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор, паҳн намудани дониш дар бораи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки таваҷҷуҳи хоса ба кӯмакҳои башардустона ба муассисаҳои тиббӣ, хонаҳои кӯдакон ва ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳамагирии COVID-19 равона гардид.

Манбаъ афзуд, Анжелика Шопп миннатдории хешро ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дастгирӣ ва мусоидат дар амалӣ гардидани барномаҳои башардӯстона баён намуд.

0
Барчаспҳо:
таъйин, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Тоҷикистон