Конверт с долларовыми купюрами.

Се бор маҳкумшуда барои қаллобӣ боз дастгир шуд

265
(Таҷдидшуда 15:13 03.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани нафаре хабар дод, ки қаблан 3 бор барои қаллобӣ маҳкум шудааст

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ба иттилои ВУД, дастгиршуда марди 42-солаи сокини шаҳри Истаравшан мебошад.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки дастгиршуда солҳои 2002, 2014 ва 2019 низ бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Бар асоси иттилои ВУД, марди мазкур бори чорум низ  бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

“Номбурда, санаи 15-уми августи соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 40 ва зани 38-солаи сокинони шаҳри мазкур даромада, аз онҳо 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

265
Барчаспҳо:
боздошт, қаллобӣ, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

Ҷазои Суванқулов барои куштор ҳангоми ҳамхобагии собиқ занаш бо ҳамсоя-видео

244
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суванқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Раҷабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Раҷабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

244
Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото

Суръати интернет тезтар шудааст: Тоҷикистон дар раддабандии нави “Speedtest Global Index”

61
(Таҷдидшуда 13:51 21.10.2020)
Созмони “Speedtest Global Index” Тоҷикистонро дар раддабандии ҷадидаш аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар ҷойи 127 ва аз руйи интернети ноқилӣ дар зинаи 90 қарор додааст, ки нисбат ба нишондодҳои аввали сол 6 зина боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи раддабандии ҷадиди “Speedtest Global Index”, ки бар асоси нишондодҳои моҳи сентябр таҳия шудааст, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон пасттарин, миёни 138 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 127 қарор гирифтааст.

Дар гузориши “Speedtest Global Index”, суръати интернети мобилии Тоҷикистон, барои боргирӣ 13,08 Мбит дар сония  ва барои боргузорӣ 5,80 Мбит дар сония  арзёбӣ шудааст. Дар ҳоле ки суръати миёнаи интернети мобилӣ дар ҷаҳон 23,8 Мбит ва баландтарин 83,52 Мбит/сония баҳогузорӣ шудааст.
Ин гузориш инчунин интернети ноқилиро низ фаро гирифтааст, ба пояи он Тоҷикистон миёни 175 кишвар дар зинаи 90 қарор гирифтааст. Бар пояи гузориш дар Тоҷикистон боргирӣ тавассути интернети ноқилӣ 34,68 Мбит дар сония ва боргузорӣ бошад 33,31 Мбит  дар сонияро ташкил медиҳад.

Бар пояи гузориш аз лиҳози интернети ноқилӣ Тоҷикистон сар аз аввали сол 19 зина боло рафта, мавқеашро беҳтар кардааст.

Миёни кишварҳои ИДМ Русия дар зинаи 88, Қазоқистон дар ҷойи 101-ум, Қирғизистон - 103-ум ва Ӯзбекистон - 125-ум мебошанд. Русия ҳамзамон аз лиҳози интернети ноқилӣ аввал буда, дар зинаи 46 қарор гирифтааст.   Қазоқистон бошад дар мақоми 67, Қирғизситон - 74 ва Ӯзбекистон дар ҷойи 96-умро ҷой гирифтаанд.

Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст

Дар садри ҷадвали раддабандӣ аз рӯйи интернети мобилӣ Кореяи Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Чин ҷой гирифтаанд. Сингапур, Ҳонконг ва Руминия бошанд аз рӯйи интернети ноқилӣ дар се зинаи аввали раддабндӣ қарор гирифтаанд. Зинаи охири радабандиро Судон, Венесуэлла соҳиб шудаанд.

61
Барчаспҳо:
Раддабандӣ, суръат, интернет, Тоҷикистон