Ронандаи сархуш мошинашро ба дарахт заду мусофир ҷон бохт

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини 41 - солаи ноҳияи Ховалинг дар натиҷаи чаппа шудани мошин ҷон бохт. Ронандаи худрав, ки марҳум савори он буд, дар ҳолати сархушӣ қарор дошт

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сар задани садамаи маргбори нақлиётӣ дар масири ноҳияи Ховалинг хабар медиҳад.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду садамаи маргбор дар як рӯз дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 3 - юми октябр, тахминан соати 23:50 дақиқа дар маҳаллаи Сари - Мазор рух додааст.

ВУД мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Қурбонов Бобохуҷаи 32 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи Тутаки ҷамоати шаҳраки Ховалинг ба самти маркази ноҳияи Ховалинг, дар назди маҳаллаи Сари-Мазор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.

Садамаи маргбор дар роҳи Айнӣ - Панҷакент: ронанда ба дарахт бархӯрду мусофир ҳалок шуд

Таъкид мешавад, ки ронанда дар ҳолати сархушӣ қарор дошт.

Дар натиҷи мусофири автомобили мазкур Одинаев Умеди 41 - сола, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0