Эълони қатъи оби нӯшокӣ дар пойтахт: Захира кунед!

© PixabayКран в ванной комнате, архивное фото
Кран в ванной комнате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сар аз нимаи дуюми моҳи октябр, дар Душанбе, бо сабаби корҳои таъмирӣ, қатъи оби нӯшокӣ аз рӯи нақша шурӯъ мешавад ва сокинонро зарур аст барои як рӯз об захира кунанд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттило дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бар асоси ҷадвали таъмир, дар баъзе ноҳияҳои Душанбе қатъи барномавии оби ошомиданӣ оғоз мешавад.

Ба иттилои манбаъ, таъмир дар истгоҳҳои обтаъминкунии “Ҷанубӣ-Ғарбӣ”, “Кофарниҳон", "Худҷореъ” ва “Фишорӣ” сурат хоҳад гирифт.

Ғолибони озмуни беҳтарин оилаи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Беҳтарин кӯчаву маҳалла ва оилаи Душанбе маълум шуд

Бар асоси ин қарор соати 23:00 рӯзи 14 октябр то  соати  24:00 рӯзи 15-ми ҳамин моҳ дар  маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхотун, Чортеппа, 32, 33, 52, 53, 54  кӯчаҳои Нахимов,  Мир, Юсуф  Вафо,  Абдуҷаббор  Қаҳҳорӣ,  Пайрав  Сулаймонӣ, Тургенев,  Раҳмон  Набиев,  Ханжин,   Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ  ва шаҳраки Севостополи ноҳияи Сино оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Аз 21 то 22 октябр интиқоли об дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дустӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабов, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Сабо, Қаҳҳоров, Мирали Маҳмадалиев ва Абдуллоев Наҷмиддин қатъ мешавад

Интиқоли об дар, кӯчаҳои Миёншоҳ Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқи, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Мирали Маҳмадалиев, Карин Манн, Зафар, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Улуғбек, Убайди Зоконӣ, Абдуқодирхоҷаи Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи "Душанбе" ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур аз соати 23-00 рӯзи 21 октябр то соати 24-00 рӯзи 22 октябри қатъ мегардад.

Душанбе, вчера, сегодня, завтра - Sputnik Тоҷикистон
Сайри замонӣ: наворҳои гузашта, ҳозир ва ояндаи Душанбе-видео

Аз 26 то 27 октябр дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ қатът об ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77 бе оби нушокӣ хоҳанд монд.

Дар ноҳияи Сино, маҳаллаҳои  10,11,12,13,14,15,15А,31, 82,83,84, 91,92,101,102,103,104,112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.

Беҳтарин кӯчаву маҳалла ва оилаи Душанбе маълум шуд

Таъмини об дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз соати 23-00 рӯзи 26 октябр то соати 24-00 рӯзи  27-ум қатъ мегардад.

Пассажиры на остановке - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе хатсайре, ки мусофири аз ҳад зиёд дорад, бо автобуси дуқабата таъмин шуд

Аз 29 то 30 октяб қатъи об дар ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии "Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе", КВД "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ", ҶДММ "Кохи Наврӯз" ва кӯчаи Варзишгарон дар назар аст.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон бошад, аз соати 23-00 рӯзи 29 октябр то соати 24-00 рӯзи 30 октябр об қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.

Ҳамзамон раисони чор ноҳияи пойтах ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" вазифадор шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0