Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд сафар кард

Сафари такрории Раҳмон ба Суғд: зодрӯзи Камоли Хуҷандиро ҷашн мегираду корхонаҳо мекушояд

607
(Таҷдидшуда 10:56 15.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби кишвар бо сафари корӣ озими шаҳри Хуҷанд шудааст

ДУШАНБЕ, 15 окт— Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент,  Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд, афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар дар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ ба ифтихори 700-солагии зодрӯзи шоири классики тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ ширкат варзида, бо сокинони вилоят суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Раҳмон пас аз интихобот ҷараёни сохтмони НБО “Роғун”-ро тафтиш кард

Гуфта мешавад, ҳамзамон раисиҷумҳур як қатор корхонаҳои саноатиро ифтитоҳ бахшида, барои сохтмони иншооти нав санги асос мегузоранд ва бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ шинос мешаванд.

Ёдовар мешавем, раисиҷумҳурмоҳи гузашта низ ба навоҳии шимоли кишвар ташриф оварда, як қатор корхонаҳоро ифтитоҳ кардаву бо мардум мулоқот карда буд.

607
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Мотам дар "Амонатбонк": Зариф Ҷӯраев даргузашт

5065
(Таҷдидшуда 19:52 29.10.2020)
Зариф Ҷӯраев, мудири филиали бонки давлатии "Амонатбонк", дар шаҳри Бӯстон дар синни 47 - солагӣ дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Манобеи муътамад аз Бонки давлатии "Амонатбонк" дар вилояти Суғд бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Ҷӯраев дар Бемористони марказии шаҳри Бӯстон аз бемории "илтиҳоби шуш" табобат мегирифт, вале зуҳри имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим кард.

"Он кас аз мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ буд. Хабари даргузашти Зариф Ҷӯраев моро бисёр андуҳгин намуд. Ба аҳли пайвандон ва дӯстонашон сабри ҷамил мехоҳем", - зикр намуд манбаъ.

Зариф Ҷӯраев, 15 ноябри соли 1973 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи муосири шаҳри Маскав (РОСНОУ) мебошад.Ӯ солҳои зиёд дар шуъбаҳои бонки давлатии амонатгузории кишвар "Амонатбонк" фаъолият намудааст. Аз ҷумла, то соли 2018, мудири филиали "Амонатбонк" дар Хуҷанд буд.

Дар оғози соли 2019, бо фармони сардори Раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" мудири ин бонк дар вилояти Суғд таъйин шуд ва дар ин мақом ҳудуди ҳашт моҳ фаъолият кард.

Набӣ Шораҳмонов даргузашт: иллати марги ӯ номаълум аст

Аз моҳи феврали соли ҷорӣ, мудири "Амонатбонк" дар шаҳри Бӯстон буд. Онҳое, ки бо Зариф Ҷӯраев ҳамроҳ кор кардаанд, аз ӯ ба унвони як мутахассиси варзидаи соҳаи бонкдорӣ ёд намуда, даргузашти ӯро як талафоти бузург дар "Амонатбонк" арзёбӣ мекунанд.

5065
Барчаспҳо:
даргузашт, мудир, "Амонатбонк", Бӯстон
Полицейские охраняют территорию после сообщения о нападении с ножом в церкви Нотр-Дам в Ницце

Теракт дар Фаронса: нафари мусаллаҳ сари занеро буриду ду нафари дигарро парронд - навор

1332
(Таҷдидшуда 17:14 29.10.2020)
Наздикии Нотр - Дам - де Нитса як фарди мусаллаҳ ба роҳгузарон ҳамла намуд. Ӯ сари як занро аз тан ҷудо карду дуи дигаро ҳадафи тир қарор дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Теракти мудҳиш дар наздикии Нотр - Дам - де Нитса тақрибан соати 11:00 ба вақти Маскав рух дод. Бар тибқи маълумоти расмӣ, фарди ношинос бо истифода аз корд сари як зани роҳгузаро бурида, чанд нафари дигарро ҳадафи тир қарор дод.

Бо такя ба маълумоти ахир, бар асари ин теракт дасти кам се нафар ҷони худро аз даст доданд. Гуфта мешавад, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муяссар шуд, ки ҳамлаварро дастгир ва шахсияташро муайян созанд.

Ҳоло омили асосии даст задан ба ин амали нангин дақиқ мешавад.

Раиси шаҳри Нитса Кристиан Эстрози ҳодисаи мазкурро амали террористӣ арзёбӣ кард.

Дар Фаронса сари омӯзгори таърихро аз тан ҷудо карданд: аксҳои пайғамбарро масхара мекард

Дақиқан, чанд ҳафта пеш дар Фаронса ҳодисаи ба ин монанд рух дода буд. Он замон сари профессори коллеҷ аз тан ҷудо карда шуд. Омӯзгори марҳум ба донишҷӯёни худ тасвирҳои танзмези Пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

1332
Барчаспҳо:
теракт, Фаронса
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

0
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

0
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон