Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото

Боздошти нозири барқ барои фиреби сокинон дар пойтахт

409
(Таҷдидшуда 14:59 15.10.2020)
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Нарзиев Алишер Ниёзович нозири барқ дар пойтахт хабар медиҳад, ки барои фиреби сокинон муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ, Нарзиев дар вазифаи назоратчӣ-барқчии зеристгоҳи “Навбаҳор”-и Шабакаҳои барқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда истода, даст ба чунин кор задааст.

Манбаъ мегӯяд, Нарзиев дар давоми солҳои 2018-2020 аз шаҳрванд Рабиева Х.Т. ва писари ӯ - Рабиев Д.Н. бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, яъне барои иваз намудани ҳисобкунаки барқӣ, пардохти маблағи барқи истифодашуда ва барасмият даровардани шарти техникӣ, дар чанд ҳолат маблағи умумии 3950 сомониро гирифта тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба номбурдагон зарари ҷиддии модӣ расонидааст.

Барқдуздӣ: боздошти кормандони Хадамоти алоқа ва 20 корманди шабакаҳои барқӣ - видео

Оҷонсӣ мегӯяд, дар ин асос нисбати Нарзиев А.Н. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

409
Мактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

3
Мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро, ки қаблан навори ҳоли бади он мавриди шарҳборон дар интернет қарор гирифт, аз нав бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, ки навори ин мактабро дар интернет нашр кард гуфт, як пас аз нашри навор як нафар тамос гирифтаву хостори бунёди мактаби нав дар ин макон шудааст.

Ӯ бидуни ифшои номи хайрхоҳе гуфтааст, пас аз нашри навор ӯ ба наздашон омадаву хостори бунёди мактаби нав шудааст.

Музаффари Имомдод, мегӯяд бо дарёфти чунин таклиф ба раҳбарияти ВМКБ пешниҳод кард, ки ӯ дар мариди худ онро хуш пазируфт ва бас масъулини минтақавӣ дастур дод, то ҳуҷҷатҳои заруриро фавран омода созанд.

Ба навиштаи ӯ ҳуҷҷатҳо дар ҳоли ҳозир пурра омода буд, корҳо аллакай оғоз шудаанд.

Ӯ таъкид кардааст, ки умедворам, таҷрибаи мо барои минтақаҳои дигари кишварамон дарси ибрат хоҳад шуд, ки дар он ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати мардуми худ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем навори мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, нашр кард, ки он ҷавобгӯи талаботҳои имрӯз нест.

Дар пайи нашри навор ҳукумати ВМКБ, посух дода, гуфта буд, маблағгузории чунин макотиб мушкил буда, хуб мешуд, ки мардум кумак кунанд.

Ҳукумат гуфт, азнавсозии мактабҳои калон дар навбати аввал қарор дошта, таъмири мактабҳои хурд вақт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорад.

3
Барчаспҳо:
мактаб, Рӯшон, ВМКБ, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон в Мекке, архивное фото

Раҳмон ва Абдулқодирзода дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё

258
(Таҷдидшуда 10:55 27.10.2020)
Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро ба феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2021” шомил кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Рейтинги таъсирузортарин мусалмонони ҷаҳон, рӯзи гузашта нашр шуд, ки раисиҷумҳури кишвар бори шашум шомили он гаштааст.

Исми Эмомалӣ раҳмон аз соли 2012 ва номи Саидмукаррам Абдулқодирзода бошад аз соли 2015 ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор роҳ ёфтаанд.

Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдул-Азиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.

Оқохони IV Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён дар зинаи 39-ум мақом гирифтааст. Гузоришгарон мегӯянд, аз Оқохони IV беш 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон пайравӣ мекунанд, ки қисме аз онҳо дар Бадахшони Тоҷикистон иқомат доранд.

Ба панҷгонаи аввал щамзамон шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ, ки яке аз олимони машҳури ислом мебошад, шомил шудаанд.

Ба TOP-50 инчунин сарвазири Покистон Имрон Хон, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, футболбози мисрии клуби англисии Ливерпул Муҳаммад Салоҳ ва ҳамзамон размикори шинохтаи доғистони Ҳабиб Нурмуҳаммадов шомил шудаанд .

Фардо дер мешавад: 5 пешниҳоди Шӯрои уламо ба мардуми Тоҷикистон

Дар ин рӯйхат инчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон, Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон ворид шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад.

258