Платный участок дороги в Варзоб, архивное фото

Садамаи мошини "Барқи тоҷик" дар Варзоб: як тан ҳалок шуд

308
Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, садама дар натиҷаи аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронандаи "Барқи тоҷик" рух додааст

ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Мошини боркашони ширкати "Барқи тоҷик" дар Варзоб ба садама дучор шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи 15 октябр рух додааст.

"Ронандаи ШХС “Барқи Тоҷик” тамғаи “Шакман”, Пиров Давлатмурод Холмуродович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Сомон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб  ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53”, таҳти идораи ронанда Наимов Мусулмон Сафарович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст", - менависад манбаъ.

ВКД афзудааст, ки садама дар натиҷаи аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронандаи "Барқи тоҷик" сар задааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53” Наимов М.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин тариқ санаи 15-уми октябри соли 2020, тахминан соати 17:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холмирзоев Ҳомидҷон Баротович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти маркази ноҳияи Фархор ба самти ҷамоти деҳоти Гулшан , дар ҳудуди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Хушвахтова Шукрона Зафаровна, соли таваллудаш 2012, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Даргузашти сардори нозироти андози ноҳияи Деваштич ҳамроҳ бо ҳамсараш дар садамаи нақлиётӣ

Дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

308
Пассажирский самолет вылетает из аэропорта города Красноярска

Ҳафтае як маротиба: парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барқарор мешаванд

186
(Таҷдидшуда 15:27 23.10.2020)
Интизор меравад, ки нахустин парвоз байни пойтахтҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон охири моҳи октябр анҷом дода шавад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои барқарор кардани парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе ба мувофиқа расидаанд, менависад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати нақлиёти ин кишвар.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 28 октябр сурат мегирад.

Парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе анҷом дода мешаванд.

Ҳавопаймоҳо ҳафтае як маротиба рӯзи панҷшанбе аз пойтахти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон парвоз хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки қаблан Тоҷикистон аз 1 июл барқарор кардани парвозҳо бо бархе шаҳрҳои Ӯзбекистонро барномарезӣ карда буд, аммо ба далели вазъи ноустувори эпидемиологӣ, ин тасмим боздошта шуд.

186
Барчаспҳо:
парвоз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Здание МВД Республики Таджикистан

Бедарак шудаанд: милиса барои пайдо кардани 3 нафар аз мардум кумак хост-видео

203
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар гузориши ахири видеоияш акси се нафар бедаракшударо намоиш дода, аз мардум барои пайдо кардани онҳо кумак хост

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ноболиғ Садам Қурбонов ҳанӯз моҳи март аз хона баромада бедарак шудааст.

“Садам Қурбонов, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, 26-уми марти соли равон аз хона баромада, бедарак аст”, - хабар дод ВУД.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Манбаъ афзуд, Фармонқул Абдураҳмонов, зодаи соли 1971,  бошандаи хона-интернати бемориҳои руҳии шаҳри Ҳисор 22 сентябр баромада, бедарак гаштааст.

Нафари бедаракшудаи дигар Акбарзода Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1986, зодаи шаҳри Бохтар мебошад, ки аз 1 сентябри соли равон дар бораи ӯ иттилое нест.  

ВУД хоҳиш кардааст, афроде, ки дар бораи бедаракшудаҳо иттилое доранд, тариқи рақамҳои 2 21 21 21 ё 2 27 98 98 хабар диҳанд.  

203
Барчаспҳо:
бедарак шудан, парванда, Тоҷикистон
Прогулка в дождливую погоду

Дар Кӯлоб қариб 130 гектар ҷангал бунёд шуд

0
(Таҷдидшуда 14:53 23.10.2020)
Давоми соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷангали минтақаи Кӯлоб 129,6 гектар ҷангалзори нав ва дар 13 гектар ниҳолхона бунёд карда шудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тайи соли равон дар минтақаи Кӯлоб инчунин ҳудуди 399,4 гектар ҷангалзор барқарор гардида, дар  ниҳолхонаҳо парвариши буттаву  дарахтони  гуногун роҳандозӣ шуд, хабар дод “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло кормандони хоҷагиҳои ҷангал дар баробари омодагӣ ба мавсими сармо баҳри иҷрои нақшаи ҷамъоварии мева ва гиёҳҳои шифобахш низ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

“Аз ҳисоби ҷамъоварӣ ва хушконидани меваҳо дар қитъаҳои  махсуси ҷангалзор барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир маводи хӯрокӣ барои зимистон захира карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои масъулин, имсол барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои ҷангал аз нақша зиёд коҳу беда ва хӯроки серғизо захира карда шудааст. Таъкид шудааст, ки ҳифзу нигаҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир, ки дар ҷангалзор сукунат доранд, вазифаи аввалиндараҷаи кормандони хоҷагиҳои ҷангал мебошад.

0
Барчаспҳо:
Кӯлоб, ҷангал, ҷангалбонҳо, Тоҷикистон