Сотрудник милиции проверяет документы у водителя маршрутки в Душанбе

Боздошти ду ноболиғи 15 ва 16-сола барои дуздии мошин

415
(Таҷдидшуда 13:16 17.10.2020)
Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки ду ноболиғони 15 ва 16-солаи сокинони шаҳри Ҳисор бо гумони рабудани мошин дастгир шуданд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik.  Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд кардаанд, ки ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор шикоят бурдааст.

Ба гуфтаи номбурда, санаи 11-уми октябри шахсони номаълум аз назди боғи “Фарҳаги-фароғати” кули Ҷавонон нақлиёташ тамғаи “Хундай-старекс”-ро ғайри қонуни ҳай карда ба самти номаълум рафта ғайб задаанд.

Дар шаҳри Ваҳдат навраси 17 - сола ба рабудани автомашина гумонбар дониста мешавад

Гуфта шудааст, ки кормандони милитсияи пойахт зимни ҷустуҷӯ ноболиғони 15 ва 16-солаи сокинони шаҳри Ҳисорро дастгир намуданд.

Ин ду ноболиғ дар ғайриқонунӣ ронда бурдани воситаи нақлиёт гумонбар дониста мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои манбаъ кормандони милитсияи пойтахт аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома медиҳанд.

415
Барчаспҳо:
Ҳисор, дастгир, ноболиғ, ВУД, Тоҷикистон
ДТП в Санкт-Петербурге, на проспекте Косыгина

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

879
(Таҷдидшуда 21:25 21.10.2020)
Мошини Hyundai, ки ҳомили домоди тоҷику арӯсаш будааст, дар рӯзи тӯй дар шаҳри Санкт-Петербург дар истгоҳ чаппа шудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург мошин аз қатори тӯёна дучори садама шуд, хабар медиҳад Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодда.

Сонеҳаи нақлиётӣ тақрибан соати 15 дар хиёбони Косигин рух додааст. Тавре маълум шудаст, дар мошин домод аз Тоҷикистон ва арӯсаш аз Русия қарор доштаанд, ки дар роҳ ба идораи сабти издивоҷ қарор доштаанд.

Дар бораи тафсилоти садама ба “Фонтанка” ронанд ва дӯсти домод, Мӯъминҷон нақл кардааст.

“Мошини “Лексус” ранги сурхи чароғакро сарфи назар карда, ба пушти мошини мо бархӯрд. Дар натиҷа мошини мо “Ҷип”-ро харошида, чаппа гардид", - хабар додааст “Фонтанка” аз қавли дӯсти домод.

Ӯ афзудааст, ки хушбахтона дар ин ҳодиса касе осеби ҷиддӣ надид, аммо ҷуфти ҷавон натавонист ба идораи САҲШ расад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур аз ҷониби нозирони роҳ идома дорад.

879
Барчаспҳо:
садама, Русия
Скорая помощь около отделения банка Грузии, где вооруженный мужчина захватил заложников в Зугдиди

Дар Гурҷистон силоҳбадаст 19 нафарро гаравгон гирифт: 500 000 доллар талаб дорад - навор

266
(Таҷдидшуда 19:25 21.10.2020)
Силоҳбадаст, ки ба биноги яке аз бонкҳои Гурҷистон ворид шуда, 19 нафарро гарав гирифт, акнун бар ивази раҳо кардани онҳо 500 ҳазор доллар талаб дорад

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Зугдиди Гурҷистон марди мусаллаҳ дар бинои бонк 19 нафарро гарав гирифт, хабар медиҳад Sputnik Гурҷистон.

Ба иттилои манбаъ, миёни гаравгонон ҳам кормандони бонк ва ҳам муштариёни бонк қарор доранд.

Гуфта мешавад, аксари кормандони бонк, ки утоқи корияшон дар ошёнаи сеюм буд, тавонистанд тавассути боми бино ба берун бароянд. Силоҳбадаст 19 нафарро дар ошёнаи якум банд намудаст.

Анна Шония, яке аз кормандони бонк, ки тавонистааст аз бино берун равад, ба Sputnik Гурҷистон қазияро чунин шарҳ дод:

"Вақте ки ғоратгар ворид шуд, ман ба мизоҷ хидмат мекардам. Ӯ чанд маротиба тир холӣ кард ва дод зад, ки ин дуздӣ аст ва мо бояд рӯи фарш рост шавем. Дар ёд надорам, ки чӣ гуна ба берун баромадам. Зоҳиран, касе маро берун овард ... Меҳмононе буданд, ки интизори хидмат буданд, аммо, то ҷое ки ман медонам, шаҳрвандони калонсол озод карда шуданд. Кормандони филиал 58 нафарро ташкил медиҳанд", - гуфт ин намояндаи бонк.

Бар ивази раҳо кардани гаравгонҳо, силоҳбадаст 500 ҳазор долларро талаб мекунад. Ӯ автомату норинҷак мусаллаҳ аст.

266