Встреча генерального прокурора Камрана Алиева с Чрезвычайным и Полномочным Послом Таджикистана Рустамом Соли

Додситони кулли Озарбойҷон бо сафири Тоҷикистон вазъи Қаробоғро баррасӣ карданд

310
(Таҷдидшуда 17:26 23.10.2020)
Прокурори генералии Озарбойҷон Камран Алиев ва сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ муноқишаи низомиро дар Қарабоғи Кӯҳӣ баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Додситони кулли Озарбойҷон Камран Алиев бо сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон Рустам Солӣ мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.

Дар ҷараёни мулоқот намояндаи Озарбойҷон ба масъалаи низои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ тамаркуз кардааст.

Дар доираи мубодилаи афкор оид ба вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, Рустам Солӣ даъват кард, ки низоъ дар асоси қонунҳои байналмилалӣ, инчунин қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ ва қарорҳои САҲА бо эҳтром ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Озарбойҷон зудтар ҳал карда шавад.

Сафир ҳамзамон ғайри қобили қабул будани тирборон кардани шаҳрҳои осоишта ва шаҳрвандони ҷумҳуриҳоро қайд кард.

Изҳороти расмӣ: Тоҷикистон аз Озорбойҷон ва Арманистон даъват ба оташбас кард

Манбаъ мегӯяд, тарафҳо ҳамзамон дар муколама аз рушди бомуваффақияти муносибатҳои дуҷониба гуфтаанд.

Жириновский гуфт, чаро низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ хотима намеёбад

Гуфта мешавад, дар фарҷоми мулоқот Алиев ва Солӣ дар бораи ҳамкориҳои додситонии ду кишвар, кӯмаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, истирдод ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор карданд.

310
Барчаспҳо:
Додситони кулл, Озарбойҷон, Тоҷикистон
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ бо як қарор фонди қарзии хурди “Файзи Сурхоб”-ро барҳам дод

62
(Таҷдидшуда 01:43 04.12.2020)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз барҳамхурии боз як ташкилоти қарзии хурд хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии ташкилоти қарзии хурди  “Файзи Сурхоб” хабар дод.

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки милли Тоҷикистон, раёсати Бонк бо қарори навбатӣ таҳти №156 дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8, 9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи ФҚХ “Файзи Сурхоб” бозхонд карда шуд.

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки қарори раёсат дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ санаи аз 01 декабри соли равон қабул шудааст.

Ин ниҳод сабаби бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзиро шарҳ надодааст.

Беш аз 22 миллиард: Нуралиев дороии ҳамаи ташкилотҳои молиявии кишварро гуфт

Ёдовар мешавем, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран бо як қарор иҷозатномаи ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар”-ро бозхонд кард.

62
Согдийская клиническая больница

Коронавирус кам шуд: калонтарин бемористони Суғд баъди 7 моҳ ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад

1151
(Таҷдидшуда 16:22 03.12.2020)
Баъд аз ҳафт моҳи давраи қарантин ва инак кам шудани ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории каронавирус ё “вируси тоҷдор” Бемористони клиникавии Суғд ба реҷаи муқаррарӣ бармегардад

ДУШАНЕБ, 3 дек – Sputnik. Баҳодур Мӯъминов, сартабиби Бемористони клиникавии Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавридҳои сироятёбӣ ба COVID-19, кам шудааст ва хушбахтона зарурати бозгашт ба реҷаи маъмулӣ ба вуҷуд омадааст.

Бино ба гуфти сартабиб қарор аст, сар аз ҳафтаи оянд, 7 декабр қисмате аз бахшҳои ин бемористон ба реҷаи маъмулӣ баргардонида шавад.

“Дар марҳилаи аввал, мо қисмати Б ро, ки асосан аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ иборат аст ба реҷаи муқаррарӣ мегузаронем. Ҳоло барои ин корҳои безараргардонӣ гузаронида шудааст. Аз ҳар як шахси масъули он, ташхис гирифта шудааст”, изҳор намуд сартабиб.

Бино ба гуфти Мӯъминов, барои баромадан аз реҷаи қарантинии қисме аз шуъбаҳои Бемористони клиникавии Суғд, вазири тандурустӣ ва раиси вилояти Суғд рухсат додаанд.

Бемористони клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов дар умум аз 26 шуъба ва 680 койка иборат буда, аз калонтарин бемористонҳо дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз замони сабти нахустин мавриди бемории “вируси карона” ин бемористон ба қарантин (красная зонна) гирифта шуд ва сироятшудагони COVID-19 ба ҳисоби Бемористони сироятии Суғд, асосан барои табобат ба ин ҷо интиқол дода мешуданд.

Баҳодур Мӯъминов дар шарҳи омори гирифторони бемории каронавирус худдорӣ варзиду танҳо ҳамин қадар гуфт, ки “кам шуд”.

Афзоиши фавт дар Суғд: аз ҳама бештар дар Хуҷанд

Омори расмии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ ҳокӣ аз он аст, ки шумори гирифторони COVID-19 дар кишвар кам шудааст.

Бегоҳии дирӯз 2 декабр, ин вазорат аз 38 ҳолати нави дарёфти сироятшавӣ ба COVID-19 хабар дод, ки дар умум шумори сабти беморон ба 12 ҳазору 269 нафар рақам зада мешавад.

Киҳо такроран мубталои коронавирус мешаванд? ҷавоби пизишк

Аз ин теъдод то имрӯз 11 ҳазору 677 нафар ё 95, 2% шифо ёфтаанд. Ба иттилоъи вазорати тандурустӣ то имрӯз бар асари хуруҷи ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

1151
Барчаспҳо:
омор, табобат, Беморхонаи марказии вилоят, вируси корона, Тоҷикистон, Суғд
Первая в мире вакцина от коронавируса

Русия гуфт ваксинааашро чандпулӣ мефурӯшад

0
(Таҷдидшуда 10:42 04.12.2020)
Арзиши ваксинаи коронавируси “Спутник V”- и Россия барои як воя на кам аз 10 доллар хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар ин бора зимни Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Россия (ФСМР) зимни рӯнамоии ваксинаи нав дар иҷлосияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ хабар дод.

Кирилл Дмитриев гуфтааст, ваксинаи сохти Россия дар муқоиса бо дигар ваксинаҳо яке аз арзонтаринҳо хоҳад буд ва қарор аст он ба тамоми кишварҳо бо як нарх настрас гардад.

Номбурда гуфт, ҳамзамони имкони истеҳсоли ин ваксина дар Миср ва Нигерия низ ҳаст.

Ба гуфтаи Фонди сармоягузории мустақими Россия, шурӯъ аз моҳи марти соли оянд Россия нақша дорад, ҳар моҳ 30 миллион вояи ваксинаи “Спутник V”-ро ба хориҷ содир намояд.

“Мо бо теъдоди зиёди шарикони саноатӣ кор карда истодаем, то истеҳсолотро ба таври назаррас зиёд намоем. Пас аз қонеъ гардонидани талабот дар Россия, мо онро барои истеҳсоли ваксинаҳое, ки ба дигар кишварҳо интиқол дода мешаванд, истифода мебарем”,- афзудааст, Кирилл Дмитриев.

Гуфта мешавад, то кунун зиёда аз 40 кишвар, ки дар онҳо зиёда аз 50% аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ба ваксина таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва  фонд барои зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион воя ваксина дархост гирифтааст.

0