Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото

Парванда алайҳи зане барои даллагӣ: як ҷуфти шаҳватпарастро шинос карда, пул гирифтааст

593
(Таҷдидшуда 17:41 23.10.2020)
Мақомоти Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нисбати як зани 42 солаи сокини шаҳри Бӯстон барои машғул шудан ба даллагӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зани гумонбаршаванда муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон буда, барои бо ҳам рӯ ба рӯ намудани як ҷуфти шаҳватпараст ба даллагӣ машғул шудааст.

“Санаи 19 уми октябр, Т. Э., соли таваллудаш 1978 як марди 34 сола истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон ва як зани 43 солаи шаҳри Бӯстонро барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ҳам шинос намуда, бар ивази ин кораш 100 сомонӣ пул гирифтааст”, гуфт манбаъ.

Ин ҳолат аз тарафи шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои ахлоқии РВКД дар вилояти Суғд муайян ва ошкор карда шудааст.

Алҳол нисбати Т. Э., зани 42 сола барои даст задан ба ин кирдор бо моддаи 239 қисми 1 (ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ташкили ду фоҳишахона, яке дар деҳа дар Суғд - шарҳи ВКД

Мавридҳои машғул шудан ба даллагию фоҳишагии занон як мушкили умдаи ахлоқӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва мақомоти беҳдоштӣ таъкид меварзанд, ки аз ҳисоби алоқаи ҷинсии номашруъ, шумори гирифторони бемории HIV AIDS ё ВИЧ СПИД бештар рақам зада мешавад.

593
Барчаспҳо:
даллагӣ, парванда, боздошт, Суғд, Тоҷикистон
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

178
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Шарм-аш-Шайх масъалаи марказии мулоқоти намояндагони ду кишвар буд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Қоҳираи Миср сафири Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо вазири туризм ва осори бостонии ин кишвар Холид Ал-Инонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ баррасӣ шуданд.

"Бо дарназардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид доштанд", - афзудааст манбаъ.

Вазорат ҳамзамон мегӯяд, зимни мулоқот зикр гардид, ки хатсайри ҳавоии Душанбе - Шармушшайх ва давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ дар Миср барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва осорхонадории Тоҷикистон бояд аз нав ба роҳ монда шаванд.

Дар поёни нишаст, Косимӣ ва Ал-Инонӣ омодагии худро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ таъкид карданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва корҳои осорхонаҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳо 1 апрели соли 1993 барқарор карда шуд. Миср 1 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Дар давраи ҳамкориҳои байни кишварҳо нӯҳ санад ба имзо расидааст.

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Душанбеу Қоҳира дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва илму техника ҳамкорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар соҳаи маориф табодули донишҷӯён сурат мегирад.

178
Барчаспҳо:
парвозҳо, ҳамкорӣ, Миср, Тоҷикистон
Ҷузвдон. Акс аз бойгонӣ

Ном ба ном: таъйину барканории ректорони чор донишгоҳу донишкадаҳои кишвар

1232
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон бо судури қарор ректорони чор донишгоҳу донишкадаи кишварро озод ва таъйин намудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, бо қарори ҳукумати кишвар Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъин шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ дар ин мақом Фозилзода Мухтор Муродалиро иваз кардааст, ки сабаби барканорияш ба кори дигар гузаштан гуфта мешавад.

Ҳамзамон бо қарори ҳукумат Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин карда шуд.

Номбурда дар ин вазифа Ҷонмамадов Шермамад Бекмамадовичро бо сабаби ба нафақа баромадан иваз кардааст.

Исозода Диловаршоҳ Тариқ ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таъин карда шуда, Назарзода Хайрулло Холназар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мансаб озод карда шудааст.

Раҷабзода Маҳмадулло бошад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барканор карда шудааст.

Раҳмон бо 13 фармон тағйироти кадрӣ баргузор кард: кӣ вазифа гирифту кӣ ронда шуд?

Бо қарори ҳукумат ба мансаби ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Гулназарзода Ҷило таъйин шудааст.

1232
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, донишгоҳҳо, барканорӣ, тағйироти кадрӣ

ИМА аз шартномаи фазои кушод даст кашид - навор

0
(Таҷдидшуда 13:27 25.11.2020)
Дар бораи баромадан аз созишномаи ҳавоӣ амрикоиҳо ҳанӯз моҳи май эълон карда буданд ва далели ин қарорашонро аз ҷониби Русия иҷро нашудани бандҳои созишнома гуфта буданд

Иёлоти Муттаҳида расман аз Паймони фазои кушод (DON) хориҷ шуд. Созишнома соли 1992 бо мақсади таҳкими амният дар Урупо пас аз Ҷанги Сард ба имзо расидааст.

Ин созишнома соли 2002 эътибор пайдо кард ва барои таъмини амнияти кишварҳои иштирокчӣ таҳия шуда буд. Тибқи созишнома ҷонибҳо метавонистанд ошкоро дар бораи нерӯҳои мусаллаҳ ва фаъолияти якдигар маълумот ҷамъоварӣ кунанд.

Дар Маскав қайд карданд, ки ин иқдом ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ зарар мерасонад.

Гузашта аз ин, коршиносон низ ба бемантиқии ин қадам таъқид мекунанд: ба эҳтимоли зиёд хуруҷи ИМА аз ДОН ба амнияти шариконаш низ зарба мезанад.

Мишустин: Русия равобити ҳавоиро боз мекунад, аммо на бо ҳамаи кишварҳо - навор

Ягона умед ба президенти ояндаи Иёлоти Муттаҳида: Байден борҳо эълом дошт, ки ба узвияти ИМА дар созишномаҳои сулҳ пойбанд хоҳад буд.

Русия хоҳиши ИМА-ро дар бораи даст кашидан аз Шартномаи фазои кушода маҳкум мекунад

Аҳдномаи "Фазои кушод" соли 1992 имзо шуда, пас аз ҷанги сард ба яке аз чораҳои таҳкими эътимод дар Урупо табдил ёфтааст.

0
Барчаспҳо:
ИМА, навор