Нож в руке, архивное фото

Сокини Истаравшан зани 28 - солаашро кушту гардани худро бурид

1364
(Таҷдидшуда 13:11 29.10.2020)
Нисбати сокини Истаравшан дар робита ба қатли ҳамсари худ, парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан муноқишаи оилавии зану шавҳари ҷавон ба ҳалокати зани 28 - сола анҷомид, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 10 октябр, тахминан соати 13:00-дақиқа дар манзили истиқоматии зану шавҳар рух дод.

Манбаъ меафзояд, марди 30 - солаи сокини деҳаи Қадамҷои шаҳри Истаравшан бо ҳамсари 28 - солаи худ муноқиша намуда, бо корд 2 маротиба ба гарданаш задааст.

Ҳамсарро қатл ва хушдоманро захмӣ кард: боздошти сокини 27-солаи Норак бо ҷурми одамкушӣ

Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

"Номбурда бо мақсади худро аз ҳаёт маҳрум сохтан бо корд гардани худро бурида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо модддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

1364
Барчаспҳо:
боздошт, мард, куштор, Истаравшан
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

 Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд павроз анҷом медиҳад

4
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” тасмим дорад, моҳи декабри соли ҷорӣ  дар хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе иҷрои 10 парвози махсусро ба нақша гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ширкат, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури марз бояд бо худ нусхаи аслии маълумотномаи тиббии гирифтор набудан ба COVID-19-ро (PCR-тест) бо забонҳои русӣ, белорусӣ ва ё англисӣ дошта бошанд.

Манбаъ мегӯяд, мусофироне, ки тариқи Минск парвозҳои транзитӣ анҷом медиҳанд, бояд бо худ чиптаи нуқтаи ниҳоии сафар ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест)-ро дошта бошанд.

Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Мувофиқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусофирони ба Тоҷикистон воридшаванда бояд бо худ маълумотномаи мубтало набудан ба COVID-19 - натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Гуфта мешавад, хоҳишмандони сафар барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоянд.

"Сомон Эйр" сабаби гаронии нархи чипта барои парвозҳои чартериро шарҳ дод

Ин ширкат санаҳои 10 парвозашро ҳоло нашр накардааст.

Ёдовар мешавем, ширкат дар ин масир моҳи гузашта 4 парвози чартерӣ анҷом дода буд.

4
Барчаспҳо:
ширкат, мусофирон, парвоз, "СомонЭйр", Минск, Душанбе
Шералӣ Кенҷаев, ҷавоне, ки барои бадрафторӣ нисбат ба шоира Адибаи Азиз боздошт шуд

Ҷазои Шералӣ барои паст задани шаъну шарафи шоира Адибаи Азиз-видео

831
(Таҷдидшуда 12:15 01.12.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанбе Шералӣ Кенҷаеви 30-сола сокини пойтахтро барои дағалгуфторӣ ва суханҳои қабеҳ ба шоира Адибаи Азиз боздошт ва ҳабс кардааст

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Шералӣ Кенҷаев дар пайи шикояти Адибаи Азиз боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шоира ба РВКД шикоят бурдас ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел” санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Анзоби ноҳияи И. Сомонӣ карор доштанаш дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Дар пайи ин шикоят маъмурини пулис , Шералӣ Кенҷаевро боздошт кардаанд, ки қаблан бо моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

“Зимни пурсиш дастгиршуда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат санаи мазкур нисбати ба муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ дашном додаву шаъну шарафашро паст задааст”,-афзудааст манбаъ.

Худи шоира Адибаи Азиз дар саҳфаи фейсбукаш бо истиқболи аз кори фаврии пулис ва ташаккур аз вазири корҳои дохилӣ бо нашри акси ронанда ба занҳо ҳушдор додааст, ки огоҳ бошанд.

Дар пеши зану фарзандаш ҳақорат кард! Боздошту ҳабс ва парвандаи ҷиноятӣ барои таҳқир

"Лутфан касоне, ки ин нафарро мешиносанд, ба вижа духтарон, агар аз тарафи ӯ мавриди таҳдид, фишор, хушунати лафзӣ ё ҷинсӣ ва дигар амалҳои зӯроварӣ қарор доштед, шикоят баред! Мутмаинам аз дасти ӯ духтарони зиёде озори рӯҳӣ ва осеби ҷинсӣ дидаанд. Ва низ мутмаинтарам, ки қаблан мушкил бо қонун бисёр дошт ва ҳанӯзам дорад! Мо набояд бо ахлоқи зишти чунин афрод созиш кунем, хомӯш бишинем. Иштибоҳи маҳз мешавад, агар аз онҳое, ки оромии ҷомеаро дар фазои осоиштаи давлати демократӣ-дунявӣ халалдор месозанд, гузашт намоем. Бидуни шак, бемуҷозот мондани ин авбош боиси садамаҳои равонии чандин занони дигари раҳгузар хоҳад шуд!"

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Шералӣ Кенҷаев барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори додгоҳ ба ӯ 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.

831