Даргузашти Олимҷон Ҳасанов, боз як шахси таърихӣ, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимҷон Ҳасанов, собиқ раҳбари ҳизбии шаҳрҳои Турсунзодаву Хуҷанд ва иштирокчии сессияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар синни 73 – солагӣ вафот кард

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Олимҷон Ҳасанов як муддат ба ин сӯ аз маризии номаълум ранҷ мебурданд ва дар манзилашон бистарӣ шуда буданд.

“Маълум нест, ки ин “илтиҳоби шуш” аст, ё “вируси корона”. Шояд синну солу рӯзи буд бошад. Он кас як инсони воқеан шариф ва хизматгори мардум буданд”, - гуфт ӯ.

Олимҷон Ҳасанов соли 1947 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, хатмкарда ва як муддат омӯзгори Институти политехникии Тоҷикистон буд.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Субҳ аҳволаш беҳтар буд: даргузашти нобаҳангоми Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад аз "илтиҳоби шуш"

Дар вазифаҳои сармуҳандис ва директори корхонаҳои сохташавандаи вазорати саноати Тоҷикистон (1973 – 1976), сардори раёсати сохтмони кулли кумитаи иҷроия ва сардори шуъбаи саноату нақлиёти кумитаи ҳизбии шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд, 1976 – 1982), як муддат ҳам сардори шуъбаи сармоягузории талфиқии Госплани Тоҷикистон кор кардааст.

Котиби аввали кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода (1986 -1990) ва шаҳри Ленинобод (1990 – 1991), ҳамзамон узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.

Соли 1990 намояндаи мардумӣ дар Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуда, 24 августи 1990 дар қабули Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ширкат кардааст.

Бузурге дигар аз Мазори Шариф: даргузашти “Лоиқи нақди адабии тоҷик”

Дар ин эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқӣ эълон шуд. 30 октябри соли 1991 ба узвияти Кумитаи Шӯрои ҳамкориҳои иқтисодии байниҷумҳуриявии ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардид, ки аз 15 намояндаи парлумонҳои иттифоқ ташкил шуд, аммо бо суқути Шӯравӣ аз фаъолият монд.

Сироджиддин Бобоев, ученый-фольклор, Института экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Сироҷиддин Бобоев, олими фолклоршиноси Донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

Яке аз иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълиро раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб кард.

Ба қавли наздикон, пас аз хатми ҷанги дохилии Тоҷикистон Олимҷон Ҳасанов ба вилояти Суғд баргашта, дар соҳаи обрасонӣ ба кор пардохт ва як муддат мудири маркази тақсими оби Хоҷа Бақирғон буд.

Солҳои охир дар тарҳҳои байнулмилаливу дохилии обрасонии Дирексияи сохтмони хоҷагии оби шаҳри Хуҷанд минҳайси мушовир фаъолият мекард.

Даргузашти Азимҷон Шокаримов, мудири донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

Ҳамзамон Олимҷон Ҳасанов, муовини аввали раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва аз соли 2014 бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд унвони ифтихории "Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд" сазовор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0