Пайкараи Муъмин Қаноат, шоири шинохтаи Тоҷикистон

Оромгоҳи Мӯъмин Қаноат навсозӣ ва нимпайкарааш гузошта шуд-акс

628
(Таҷдидшуда 14:58 31.10.2020)
Оромгоҳи Мӯъмин Қаноат дар мазористони Лучоби шаҳри Душанбе пурра навсозӣ шуда, нимпайкарааш низ гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Яке аз мубтакирони ин кори хайр, ки нахост номаш зикр шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз ободсозии оромгоҳи шоири маъруф адои эҳтиром ва сипосгузорӣ аз хизматҳои ӯ пеши халқу ватан ва адабиёти тоҷик аст.

“Муъмин Қаноат як шахсияти арзандаи на фақат адабиёту сиёсат, балки дар кулл таърихи Тоҷикистон аст. Ҳар қадар ки барои гиромидошти ӯ накунем, ҳамоно кам аст. Ҳоло ин коре, ки кардем, пурра нест. Дар пеши шоир як китоби кушода аз мармари Дарвоз гузошта хоҳад шуд, ки бо латун (зарҳал) дар он шеъри “Тоҷикистон - исми ман” ҳаккокӣ шудааст”, - гуфт ӯ.

Мӯъмин Қаноат, яке аз чеҳраҳои мондагори адабиёти тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, 20 май соли 1932 дар ноҳияи Дарвози Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, 18 майи соли 2018 дар синни 86 – солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Муъмин Қаноат дар замони Шӯравӣ вазифаҳои мухталифи давлативу ҷамъиятиро дар Тоҷикистону Иттифоқи Шӯравӣ ба зимма дошт. Котиби якуми Раёсати Иттиҳодияи нависандагон, директори Институти осори хаттии АИ ҶТ, намояндаи мардумӣ ва раиси Кумитаи корҳои байналхалқии Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, котиби Раёсати Иттиҳоди нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Муъмин Қаноат муаллифи чандин достону маҷмӯаи ашъор буда, яке аз шоирони тоҷик аст, ки аксари кулли осораш ба чандин забони хориҷӣ дар замони Шӯравӣ ва баъди он тарҷума шудаанд.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Ӯ соли 1977 барои достонҳои "Сурӯши Сталинград" ва "Модарнома" мӯътабартарин ҷоизаи Шӯравӣ - Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт карда, ба қавли адабиётшиносон, достонҳои “Тоҷикистон – исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” ӯро ба ҷумлаи маъруфтарин шоирони порсигӯйи садаи 20 шомил кардаанд.

628
Барчаспҳо:
қабристон, Лучоб, шоир, оромгоҳ, Мӯъмин Қаноат
Сейсмография, архивное фото

Бидуни талафоти ҷонию вайронӣ: КҲФ заминларзаи дар Бадахшон рухдодаро шарҳ дод

100
(Таҷдидшуда 15:51 02.12.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, заминларзаи субҳи имрӯз дар қаламрави кишвар рухдода талафоти ҷонӣ надошт

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, заминларза соати 05:36 дақиқаи имрӯз, 2-юми декабри соли равон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази зилзила дар 148 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 10 километр дуртар аз ноҳияи Дарвоз будааст.

Ин манбаъ гуфт, ки қувваи заминларза дар маркази он 3 бал буд.

Манбаъ мегӯяд, аз талафоти ҷониву вайрониҳо гузориш нарасидааст

Ёдрас мешавем, ки ахиран рӯзи 26 ноябр, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар як рӯз ду маротиба бо фосилаи чанд соат замин ҷунбида буд.

Душанберо заминларза такон дод

Заминҷунбии аввал  соати 13:01 сурат гирифт, ки қувваи зилзила дар маркази он 4,5 баллро ташкил медод, аммо дуввумин заминларза соати 20:27 ба вақти маҳаллӣ сурат гирифт, ки қувваи он ба 4,6 балл расид.

Макони ҳарду заминҷунбӣ наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон буд.

100
Барчаспҳо:
вайрониҳо, талафоти ҷонӣ ба қайд нарасид, заминларза, ВМКБ, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Ҳалокати Абдулло ва Меҳриниссо дар пайи ду садамаи нақлиётӣ

226
(Таҷдидшуда 14:45 02.12.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки санаи 1 декабри соли равон дар пайи ду садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ ду пиёдагард ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар як садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди деҳаи Мирзоободи ноҳияи Вахш сурат гирифтааст, пиёдагард Қосимов Абдуллои 13-сола ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, санаи 1-уми декабри соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чинбей”, Наботов Бобо, сокини деҳаи Якатути ноҳияи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Мирзоободи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи автомашина набаромада, ноболиғ Қосимов Абдулло, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №17-и ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.

Гуфта шудааст, ки дар натиҷа ноболиғ Қосимов Абдулло ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садамаи дуюми маргбор дар пойтахти кишвар сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, санаи 1-уми декабр, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Қозиев Неъматулло, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт аз самти кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯчаи Абай, дар рӯ ба рӯи Маркази миллии ташхисӣ аз уҳдаи идораи воситаи автомашина набаромада, пиёдагард Умарова Меҳриниссо, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Қайд шудааст, ки дар натиҷа, Умарова Меҳриниссо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи “Истиқлол” дастрас намудан,  дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир ба иттилои ВУД Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

226
Барчаспҳо:
ҳалокат, пиёдагард, садама, Тоҷикистон

Муаррифии ваксинаи "Sputnik V" –и Русия дар СММ

0
(Таҷдидшуда 17:21 02.12.2020)
Федератсияи Русия аз нахустин кишварҳои созандаи ваксинаи зидди коронавирус дастовардашро дар СММ муаррифӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Имрӯз дар Созмони Милали Муттаҳид намояндагии доимии Русия дар ин созмон ва Вазорати тандурустӣ ваксинаи Sputnik V-ро муаррифӣ мекунанд.

"Дар чорабинӣ роҳбари Вазорати тандурустии Федератсияи Русия Михаил Мурашко, намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев ширкат меварзанд",-хабар медиҳад, РИА Новости аз қавли сухангӯи намояндагии доимӣ Фёдор Стржижовский.

Номбурда гуфтааст, ки чорабинии маҷозии "Sputnik V: Ваксинаи зидди COVID-19" дар ҳошияи иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дар ин нишаст дар бораи ваксинаи сохти Русия маълумоти муфассал дода мешавад.

Моҳи август Вазорати тандурустии Русия нахустин ваксини зидди коронавирус дар ҷаҳонро ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмиву тадқиқотии эпедидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи якҷо бо Бунёди маблағгузориҳои мустақими Русия коркард кардааст. Ба он номи "Спутник V"-ро доданд. Доруро дар ду марҳила бо фосилаи се ҳафта мегузаронанд. 

Навбат барои дарёфти ваксинаи Русия: Урупо бойкот мекунад - видео

Гуфта мешавад, ваксина аз санҷиш пурра гузашта, афзалиятҳои асосии он, бехатарӣ, самаранокӣ ва набудани оқибатҳои манфии дарозмуддат мебошанд.

Путин дар бораи 2 ваксинаи русии зидди COVID-19: сеюмаш дар ҳоли омодашавист

Ёдовар мешавем қаблан раисиҷумҳури Русия гуфт, ҳамзамон ваксинаи дуввуми Русия низ омода шуда, сеюмаш дар роҳ аст.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, дору, СММ, Русия