Президенти UFC: 100% гуфта наметавонам, аммо ҳис мекунам, ки Ҳабиб бармегардад

© REUTERS / Christopher PikeХабиб Нурмагомедов
Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти UFC Дана Уайт мегӯяд, ки қаҳрамони муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба майдон бармегардад

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Роҳбари UFC Дана Уайт таъкид кардааст, ки Ҳабиб мисли пештар қаҳрамон аст ва феълан камарбанди қаҳрамонӣ соҳиби худро дорад.

Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи Кремл дар бораи мулоқоти Путин бо Нурмуҳаммадов

"Бовар кунед, Ҳабиб барои як сабқати дигар бармегардад. Айни ҳол унвони қаҳрамонӣ холӣ нест, Ҳабиб қаҳрамон мебошад. Камарбанди холие нест, унвони қаҳрамони муваққатӣ ҳам нест", - хабар додааст сомонаи телевизиони “Варзиш” аз қавли Уайт.​

Дана Уайт дар суҳбати дигараш бо расонаҳо таъкид кардааст, ки албатта сад дар сад муътақид нест, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба майдон бармегардад, аммо чунин эҳсосро дорад, ки ӯ бар хоҳад гашт.

“Ҳабиб дар сабқати охиронаш хеле эҳсосӣ буд. Пеш аз ин падарашро аз даст дод, дар арафаи сабқат боз ангушташро шикаст. Бо вуҷуди ин вориди рақобат шуд. Албатта ман сад дар сад гуфта наметавонам, ки ӯ бармегардад, аммо ман чунин эҳсосро дорам”, - таъкид кардааст Уайт дар суҳбат бо ESPN

Шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд.

Баъди пирӯзӣ Ҳабиб эълон кард, ки дигар ба майдони набард нахоҳад омад ва ин охирин рақобаташ буд, зеро ба модараш ваъда додааст, ки дигар ҷанг нахоҳад кард. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0