ДТП, архивное фото

Садамаи мудҳиш: ду нафар ҷо ба ҷо, як нафар дар шифохона фавтиданд

664
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд се сарнишини як сабукрав ҷонҳои худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Ба қавли шоҳидон, ин ҳодиса шаби шанбеи 31 ноябр дар қарибии бозорчаи фурӯши меваи хушки деҳаи Куруд, ки дар канори қисмати роҳи Айнӣ - Истаравшани шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд фаъолият мекунад, иттифоқ афтодааст.

“Мошини сабукрави “Мерседес”, рақами давлатиаш 48-73 RK, аз роҳ баромада, аз баландии қариб 700 метр сарозер шуд. Ронанда, ба гумони ағлаб, дар натиҷаи огоҳ набудан аз роҳ ба чунин иштибоҳ роҳ додааст”, - гуфт яке аз шоҳидон.

Бино ба манобеъи расмӣ, мошини сабукрав ба Идибек Зоҳиров, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тааллуқ дошта, сарнишинони дигар - Умеда Комилова, мутаваллиди соли 1989, сокини шаҳри Душанбе ва Мубинҷон Каримов, соли таваллудаш 1997, донишҷӯи соли дуюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд, будаанд, ки аз шаҳри Душанбе озими шаҳри Хуҷанд будаанд.

Шоҳидон мегӯянд, ронанда ва зани сарнишин дар садама ҷо ба ҷо ва ҷавони донишҷӯ дар шифохонаи ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расидаанд. “Ҷанозаи ҳамаи онҳо ба наздиконашон супорида шудааст”, - гуфтанд шоҳидон.

Тибқи иттилои Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ дар Суғд, тайи 8 моҳи аввали соли равон дар қаламрави вилоят 141 садамаи нақлиётӣ иттифоқ афтода, 75 нафар ба ҳалокат расида, 156 тани дигар захмӣ шудаанд ва як қисмати қобили таваҷҷӯҳи ин садамаҳо ба шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рост меояд.

664
Барчаспҳо:
мудҳиштарин, садама, Тоҷикистон
Мужчина закрывает портфель, архивное фото

Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ: Ҳамрализода рафту Сангинмурод омад

691
(Таҷдидшуда 18:48 04.12.2020)
Бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар имрӯз дар сохтори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон бо як қарор Ҳамрализода Фаррух Маҳмудро аз раҳбарии ин ниҳод озод кард.

Ба иттилои манбаъ, Ҳамрализода Фаррух аз раҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ озод ва идораи амвол сафири Тоҷикистон дар Амрико таъйин гардид.

Ба иттилои манбаъ, курсии Ҳамрализода Фаррухро дар ин мақом Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод соҳиб шудааст.

“Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад”,-афзудаст, дафтари матбуотии президенти кишвар.

Усули домино: чаро дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ мешавад?

Гуфта мешавад, ҳарду фармони барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ёдовар мешавем, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод дар гузашта, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати  Тоҷикистон ва ахиран яке аз муовинони Озода Раҳмон дар дастгоҳи иҷроияи президент буд.

691
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Мансабҳои нави Шодмонбекзода, Исматзода ва Юсуфзода: тағйирот бо 6 қарори ҳукумат

943
(Таҷдидшуда 18:32 04.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бо судури қарор дар чанд корхонаҳо таъйину барканориҳо гузаронид

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Шамбиев Алишер Александрович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” озод карда шавад.

Бо қарори ҳукумат, Шодмонбекзода Даврон Шодмонбекзода муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” таъин шуд.

Ҳамзамон, бо қарори ҳукумат, Авазов Усмон Бобоевич аз вазифаи муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Курсии раҳбарии Агентии хоҷагии ҷангал, ки пас аз раҳбари ноҳияи Рӯдкӣ таъйин шудани Азизулло Исматзода холи буд, соҳибашро ёфт.

Ҳамакнун ба ин курсӣ Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ такя зад.

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати молия: Достӣ ва Худододова аз мақом барканор шуданд

Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон бошад, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод  ва ба ҷояш Юсуфзода Юсуфҷони Сангаҳмад таъйин шуд.

Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи Сармоягузорӣ: Ҳамрализода рафту Сангинмурод омад

Бо қарори ҳукумат Саъдуллоев Ҳабибулло Найимович бинобар вафоташ аз вазифаи директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” озод карда шуд.

943

Ин “Пирӯзӣ” аст: сомонаи замин ба ҳавоии С-400 тамоми нишонҳоро ба ҳадаф расонд видео

0
(Таҷдидшуда 13:26 05.12.2020)
Вазорати дифои Русия навори ҷолиберо нашр кардааст, ки дар он санҷиши сомонаи замин ба ҳавоии С-400 “Триумф” ё “Пирӯзӣ” ба навор гирифта шудааст

Санҷишҳои бо муваффақи системаи С-400 дар пойгоҳи озмоишии Капустин Яри вилояти Астрахани Русия сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифои Русия.

“Низоми С-400 бо муваффақ ҳамаи нишонҳоро ба ҳадаф расонд. Мушаки озмоишии “Кабан” дар баландии 15 киломтр нобуд карда шуд”, - таъкид доштааст вазорати дифои Русия.

Русия дар Тоҷикистон мушакҳои С-300-ро наздикии марзи Афғонистон насб кард

Пеш аз ба артиши Русия додани С-400, ин охирин имтиҳони он буд. Сипас С-400 барои дифои фазои минтақаи Самара равон карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар аввали моҳи сентябр мушакпартоии санҷишии “Триумф” дар пойгоҳи Ашулуки вилояти Астрахан сурат гирифта буд.

0
Барчаспҳо:
ҳадаф, нишон, санҷиш, С-400 "Триумф", Русия