Природа в Таджикистане

Ҷасади Исмоил баъди 77 рӯз ёфт шуд: падаре, ки ҳамроҳи се узви оилааш дар Айнӣ ғарқ шуд

1786
(Таҷдидшуда 14:20 06.11.2020)
Баъди ҷӯстуҷу ва такопуйҳои зиёд, ҷасади исмоил Шомирзоеви 61-сола, ки тобистони имсол ҳамроҳ се аъзои хонаводааш ба коми дарё фуруъ рафта буд, аз об бурун оварда шуд

ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Мирзошо Мирзошоҳиён, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофияи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ бо ироаи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасади шаҳрванд Шомирзоев Исмоил Давлатовичи 61 сола, истиқоматкунандаи деҳаи Махшевад, аз соҳили Фондарё, воқеъ дар мавзеи Қуруни Сиёҳи ноҳия аз зери пули (купрук) шаҳраки Зарафшон пайдо шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади марҳум аз тарафи аҳолӣ бароварда шуда, ба мақомотҳои дахлдор супорида шуд.

“Дар зери санги калон дармондааст. Дар ҷое, ки ғарқ шуда буд, сангҳои калон мавҷуд будаанд. Ҳоло оби дарё соф шуда дидани он сангҳо ҳам имконпазир аст. Хешу табораш тасодуфан ба ҷои ғарқшавӣ назар карда, дар зери санг ҷасади Исмоилро дарёфта, ба қабристон бурда дафн кардаанд”, гуфт, сардори шуъбаи КҲФ ноҳияи Айнӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Дарёфти ҷасади Исмоил Шомирзоев, нафари дуюм аз ғарқшавии чаҳор чаҳор узви як хонавода дар ноҳияи Айнӣ гуфта мешавад.

Суруд мехонд: Шомирзоев чӣ тавр бо аъзои оилааш ғарқ шуд?

Ҷасади Гулҳавас, духтари 33 солаи Шомирзоевро, баъд аз 17 рӯзи ҷустуҷуву такопуйҳои зиёд, рӯзи 31 уми август, кормандони КҲФ дар ноҳияи Айнӣ, аз ҳудуди деҳаи Зарафшон дар наздикии зеристгоҳи барқӣ пайдо намуда буданд.

Дарёфти ҷасади Гулҳаваси 33 сола: яке аз чор ғарқшудагони узви як оила дар Айнӣ

Рӯзи 14 август, Исмоил Шомирзоев, ҳамроҳи духтур ва келину набераи ду солааш, ҳангоми гузаштан аз соҳили дарёи рости Искандар ба соҳили чап бо заврақ (лебёдка) и худсоз дар дарё афтида, ҳама якбора ғарқ мешаванд.

1786
Барчаспҳо:
Зарафшон, дарё, ҷасад, Ғарқшавӣ, Айнӣ, Тоҷикистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

 Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд павроз анҷом медиҳад

118
(Таҷдидшуда 18:20 01.12.2020)
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” тасмим дорад, моҳи декабри соли ҷорӣ  дар хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе иҷрои 10 парвози махсусро ба нақша гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ширкат, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури марз бояд бо худ нусхаи аслии маълумотномаи тиббии гирифтор набудан ба COVID-19-ро (PCR-тест) бо забонҳои русӣ, белорусӣ ва ё англисӣ дошта бошанд.

Манбаъ мегӯяд, мусофироне, ки тариқи Минск парвозҳои транзитӣ анҷом медиҳанд, бояд бо худ чиптаи нуқтаи ниҳоии сафар ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест)-ро дошта бошанд.

Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Мувофиқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мусофирони ба Тоҷикистон воридшаванда бояд бо худ маълумотномаи мубтало набудан ба COVID-19 - натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Гуфта мешавад, хоҳишмандони сафар барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоянд.

"Сомон Эйр" сабаби гаронии нархи чипта барои парвозҳои чартериро шарҳ дод

Ин ширкат санаҳои 10 парвозашро ҳоло нашр накардааст.

Ёдовар мешавем, ширкат дар ин масир моҳи гузашта 4 парвози чартерӣ анҷом дода буд.

118
Барчаспҳо:
ширкат, мусофирон, парвоз, "СомонЭйр", Минск, Душанбе
Шералӣ Кенҷаев, ҷавоне, ки барои бадрафторӣ нисбат ба шоира Адибаи Азиз боздошт шуд

Ҷазои Шералӣ барои паст задани шаъну шарафи шоира Адибаи Азиз-видео

1012
(Таҷдидшуда 12:15 01.12.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанбе Шералӣ Кенҷаеви 30-сола сокини пойтахтро барои дағалгуфторӣ ва суханҳои қабеҳ ба шоира Адибаи Азиз боздошт ва ҳабс кардааст

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Шералӣ Кенҷаев дар пайи шикояти Адибаи Азиз боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шоира ба РВКД шикоят бурдас ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел” санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Анзоби ноҳияи И. Сомонӣ карор доштанаш дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Дар пайи ин шикоят маъмурини пулис , Шералӣ Кенҷаевро боздошт кардаанд, ки қаблан бо моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

“Зимни пурсиш дастгиршуда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат санаи мазкур нисбати ба муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ дашном додаву шаъну шарафашро паст задааст”,-афзудааст манбаъ.

Худи шоира Адибаи Азиз дар саҳфаи фейсбукаш бо истиқболи аз кори фаврии пулис ва ташаккур аз вазири корҳои дохилӣ бо нашри акси ронанда ба занҳо ҳушдор додааст, ки огоҳ бошанд.

Дар пеши зану фарзандаш ҳақорат кард! Боздошту ҳабс ва парвандаи ҷиноятӣ барои таҳқир

"Лутфан касоне, ки ин нафарро мешиносанд, ба вижа духтарон, агар аз тарафи ӯ мавриди таҳдид, фишор, хушунати лафзӣ ё ҷинсӣ ва дигар амалҳои зӯроварӣ қарор доштед, шикоят баред! Мутмаинам аз дасти ӯ духтарони зиёде озори рӯҳӣ ва осеби ҷинсӣ дидаанд. Ва низ мутмаинтарам, ки қаблан мушкил бо қонун бисёр дошт ва ҳанӯзам дорад! Мо набояд бо ахлоқи зишти чунин афрод созиш кунем, хомӯш бишинем. Иштибоҳи маҳз мешавад, агар аз онҳое, ки оромии ҷомеаро дар фазои осоиштаи давлати демократӣ-дунявӣ халалдор месозанд, гузашт намоем. Бидуни шак, бемуҷозот мондани ин авбош боиси садамаҳои равонии чандин занони дигари раҳгузар хоҳад шуд!"

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Шералӣ Кенҷаев барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори додгоҳ ба ӯ 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.

1012
Хабиб Нурмагомедов

Баъди Рамазон: Ҳабиб санаи баругзории GFC 20 дар Ӯзбекистонро гуфт

0
(Таҷдидшуда 19:29 01.12.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи Русия гуфт, тарҳи баргузории мусобиқаи GFC 20 дар Тошканд аллакай омода аст, аммо ба далели пандемияи коронавирус дар он метавонанд баъзе тағйирот ворид гарданд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук санаи тақрибии баргузории мусобиқоти GFC 20-ро гирифт, хабар дод Sputnik Ӯзбекистон.

Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Кумитаи миллии олимпӣ дар Тошканд изҳор дошт, ки мусобиқа дар ин шаҳр баргузор хоҳад шуд.

"Фикр мекунем, ки баъди Рамазон дар моҳи май баргузор намоем ", - гуфт Нурмуҳаммадов.

Ба гуфтаи Нурмуҳаммадов, GFC 20, ки соли 2019 дар Тошканд баргузор шуда буд, ба рушди ҳунарҳои размии омехта дар Ӯзбекистон таъсири мусбат гузошт. Ин мусобиқот ба ҷавонон илҳом бахшиданд ва онҳо дар гуруҳҳои варзишӣ сабти ном карданд.

"Размандаҳо дастбакор шуданд, ҳавасмандӣ пайдо гардид", - таъкид намуд Нурмуҳаммадов.

Ӯ соли 2019 дар Ӯзбекистон изҳор дошта буд, ки омода аст барои варзишкорони бомаҳорат барои ҳунарнамоияшон дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ мусоидат кунад. Қаҳрамони UFC инчунин изҳори ният кард, ки дар Ӯзбекистон Академияи муҳорибаҳоро таъсис медиҳад.

Қаблан ин ташаббуси Нурмуҳаммадовро роҳбари Шӯрои мудирони Premier Beverages, Игор Ким ҷонибдорӣ намуд.

0
Барчаспҳо:
варзиш, сабқат, Ӯзбекистон