Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти Тӯтинисо Рустамқулова, корманди Идораи беҳдоштии Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

1192
(Таҷдидшуда 14:22 06.11.2020)
Тӯтинисо Рустамқулова, духтури озмоишгари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд дар синни 52-солагӣ вафот кард

ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Як корманди Идораи беҳдоштӣ дар шаҳри Хуҷанд бо таъйиди ин хабар гуфт, се рӯз пеш Рустамқулова ба аломатҳои бемории “илтиҳоби шуш” ба Бемористони сироятии(инфексионӣ) Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта буд.

“То ин замон, аз ягон беморӣ шикоят намекарданд. Ду рӯз пеш, ҳамкорон аз интиқол ёфтанашон ба Беморхона мегуфтанд. Аммо дирӯз, бегоҳ аз даргузашти он кас хабар доданд. Аз шунидани хабари бемаҳали ҳамкорамон андӯҳгин шудем. Ҷояш ҷаннат бошад, барои пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонем”,-баён кард, манбаъ.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Рустамқулова, соли 1968 дар шаҳри Гулистон таваллуд шуда, пас аз хатми омӯзишгоҳи тиббӣ, фаъолияти кориашро дар солҳои 90-ум шурӯъ намудааст.

Солҳои охир ба сифати корманди озмоишгар, дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд фаъолият мекард.

Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабари даргузашти ин корманди Идораи беҳдоштии Хуҷандро нашр намуда, изҳори тасаллият намудаанд.

Субҳ аҳволаш беҳтар буд: даргузашти нобаҳангоми Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад аз "илтиҳоби шуш"

Даргузашти Рустамқулова дар 52 солагӣ яке дигар аз мавридҳоест, ки рӯзҳои охир хабарҳо дар бораи вафоти намояндагони касбу кори гуногун дар зери ин син бештар ба нашр мерасанд.

Мотам дар "Амонатбонк": Зариф Ҷӯраев даргузашт

Ёдовар мешавем, рӯзи 29 октябр, Маҳмудҷон Дадабоев, рӯзноманигор ва собиқ сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд дар 51 солагӣ ва Зариф Ҷӯраев, мудири филиали бонки давлатии “Амонатбонк” дар шаҳри Бӯстон дар 47 солагӣ дунёи фониро тарк карданд.

1192
Барчаспҳо:
беморӣ, Хуҷанд, Тоҷикистон
Сейсмография, архивное фото

Бидуни талафоти ҷонию вайронӣ: КҲФ заминларзаи дар Бадахшон рухдодаро шарҳ дод

80
(Таҷдидшуда 15:51 02.12.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, заминларзаи субҳи имрӯз дар қаламрави кишвар рухдода талафоти ҷонӣ надошт

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, заминларза соати 05:36 дақиқаи имрӯз, 2-юми декабри соли равон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази зилзила дар 148 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 10 километр дуртар аз ноҳияи Дарвоз будааст.

Ин манбаъ гуфт, ки қувваи заминларза дар маркази он 3 бал буд.

Манбаъ мегӯяд, аз талафоти ҷониву вайрониҳо гузориш нарасидааст

Ёдрас мешавем, ки ахиран рӯзи 26 ноябр, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар як рӯз ду маротиба бо фосилаи чанд соат замин ҷунбида буд.

Душанберо заминларза такон дод

Заминҷунбии аввал  соати 13:01 сурат гирифт, ки қувваи зилзила дар маркази он 4,5 баллро ташкил медод, аммо дуввумин заминларза соати 20:27 ба вақти маҳаллӣ сурат гирифт, ки қувваи он ба 4,6 балл расид.

Макони ҳарду заминҷунбӣ наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон буд.

80
Барчаспҳо:
вайрониҳо, талафоти ҷонӣ ба қайд нарасид, заминларза, ВМКБ, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Ҳалокати Абдулло ва Меҳриниссо дар пайи ду садамаи нақлиётӣ

202
(Таҷдидшуда 14:45 02.12.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки санаи 1 декабри соли равон дар пайи ду садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ ду пиёдагард ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар як садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди деҳаи Мирзоободи ноҳияи Вахш сурат гирифтааст, пиёдагард Қосимов Абдуллои 13-сола ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, санаи 1-уми декабри соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чинбей”, Наботов Бобо, сокини деҳаи Якатути ноҳияи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Мирзоободи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи автомашина набаромада, ноболиғ Қосимов Абдулло, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №17-и ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.

Гуфта шудааст, ки дар натиҷа ноболиғ Қосимов Абдулло ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садамаи дуюми маргбор дар пойтахти кишвар сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, санаи 1-уми декабр, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Қозиев Неъматулло, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт аз самти кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯчаи Абай, дар рӯ ба рӯи Маркази миллии ташхисӣ аз уҳдаи идораи воситаи автомашина набаромада, пиёдагард Умарова Меҳриниссо, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Қайд шудааст, ки дар натиҷа, Умарова Меҳриниссо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи “Истиқлол” дастрас намудан,  дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир ба иттилои ВУД Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

202
Барчаспҳо:
ҳалокат, пиёдагард, садама, Тоҷикистон
Дорога с машинами в Душанбе

Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад

0
(Таҷдидшуда 16:08 02.12.2020)
Ҳамчунин имрӯз дар Душанбе тарҳи қонунҳо оид ба ислоҳи қонунҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад.

"Аз 31 декабри соли равон мутобиқи сархати сеюми моддаи 252-и  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба гузорииши АМИТ "Ховар" ин матлаб зимни баргузории  ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир шуд, баён гардидааст.

Гуфта мешавад, ар ҷаласаи мазкур дар баробари дигар лоиҳаҳои қонунҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасии вакилон қарор гирифтааст.

Дар ҷаласа муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Ашуров  зикр намудаанд, ки лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

Манбаъ афзуда, ки ин тарҳ бо мақсади тамдид намудани муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард таҳия гардидааст.

Дар ҷаласа вакилон ҳамчунин тарҳи қонунҳо "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ",  "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" ва "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" - ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

0
Барчаспҳо:
роҳи мошингард, бекор кардан, андоз, Тоҷикистон