Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото

Кумитаи андоз гуфт, чанд нафар аз болои кормандонаш шикоят карданд: нисбати баъзеҳо дуборӣ

1925
(Таҷдидшуда 17:49 02.11.2020)
Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, шикояти шаҳрвандон аз болои кормандонаш нисбат ба соли гузашта афзудааст

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik.  Бино ба иттилои ин ниҳод, таҳлили муроҷиатҳои андозсупорандагон шаҳодат медиҳад , ки сарфи назар аз талаботи қонунгузорӣ, таъкидҳои пайваста ва дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбарияти Кумитаи андоз, ҳоло ҳам кормандони мақомоти ҳудудии андоз дар муносибат бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон дар б а ъ з е ҳол а т ҳо т а л а б от и муқарраршуда ва одоби хизматиро риоя наменамоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар нуҳ моҳи соли 2020 тавассути рақами телефонии “151” ва рақами телефони боварии Раиси Кумитаи андоз 185 адад арзу шикоят ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 адад ва ё 38,4% кам гардидааст.

“Шикоятҳо бештар оид ба масъалаҳои сари вақт иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз ва дағалона рафтор намудани онҳо, шикоятҳои беном оиди бе қайди мақомоти андоз анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ва аз тарафи соҳибкорон ҳангоми муомилоти пулӣ истифода нашудани мошинҳои назоратӣхазинавӣ, инчунин, мавҷуд будани ҳолатҳои ришваситонӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз ворид гаштаанд”,-афзудааст манбаъ.

Нақша иҷро нашуд: Кумитаи андоз калонтарин "андозгурезон"-ро гуфт

Манбаъ мегӯяд, шумораи шикоятҳои воридгардида ба мақомоти ҳудудии андози шаҳри Душанбе 45 адад (24,3%), вилоятҳои Суғд 39 адад (21,1%), Хатлон 57 адад (30,8%), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 38 адад (20,5%) ва дастгоҳи марказии Кумитаи андоз 6 адад (3,2%) рост меояд.

“Инчунин, дар ин давра аз ҷониби андозсупорандагон нисбати 11 корманди мақомоти андоз думаротибагӣ шикоят ворид гардидааст”,-афзудааст, Кумита.

 Ин ниҳод гуфтааст, дар нуҳ моҳи соли 2020 барои дар сатҳи дахлдор риоя ва иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, дағалона вайрон намудани муқаррароти Кодекси одоби касбии кормандони мақомоти андоз ва роҳ додан ба дигар камбудиҳо, дар асоси 100 арзу шикоят ба 58 корманди мақомоти андоз муҷозоти гуногуни интизомӣ татбиқ карда шуд.

1925
Барчаспҳо:
шаҳрвандон, шикоят, Кумитаи андози ҶТ, Тоҷикистон
Рынок Саховат в Душанбе. Архивное фото

Мард занро фиреб дод: боздошти марди 50-сола барои қаллобӣ

241
(Таҷдидшуда 15:06 05.12.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран аз сӯи кормандони милитсия як марди 50-сола, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад дастгир карда шуд.

Манбаъ хабар додааст, ки ахиран ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардид, ки моҳи феврали соли 2020 дар назди бозори "Саховат"-и пойтахт шахси номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маҳсулоти сохтмонӣ, 1-адад кати калони гулкорӣ ва 1-адад дарвозаи калонро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Манбаъ илова кардааст, ки зарари расонидашуда 150 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониёнро, ки дар  содир намудани ин ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, дастгир намуданд.

Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро идома доранд.

241
Барчаспҳо:
зан, мард, Саховат, бозор, Тоҷикистон
Мужчина закрывает портфель, архивное фото

Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ: Ҳамрализода рафту Сангинмурод омад

714
(Таҷдидшуда 18:48 04.12.2020)
Бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар имрӯз дар сохтори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон бо як қарор Ҳамрализода Фаррух Маҳмудро аз раҳбарии ин ниҳод озод кард.

Ба иттилои манбаъ, Ҳамрализода Фаррух аз раҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ озод ва идораи амвол сафири Тоҷикистон дар Амрико таъйин гардид.

Ба иттилои манбаъ, курсии Ҳамрализода Фаррухро дар ин мақом Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод соҳиб шудааст.

“Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад”,-афзудаст, дафтари матбуотии президенти кишвар.

Усули домино: чаро дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ мешавад?

Гуфта мешавад, ҳарду фармони барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ёдовар мешавем, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод дар гузашта, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати  Тоҷикистон ва ахиран яке аз муовинони Озода Раҳмон дар дастгоҳи иҷроияи президент буд.

714
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии

Вазорат: марг бар асари СOVID-19 дар шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта нашудааст

0
(Таҷдидшуда 19:28 05.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Раскрыта причина низкой стоимости российской вакцины от COVID-19 - YouTube
© Ruptly РФПИ / youtube_RussiaUN / www.cbc.ca / WHO / АФК "Система", завод "Биннофарм"

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 5 декабр ба 12 ҳазору 389 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 38 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 796 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 5 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
шабонарӯзӣ, фавт, Вазорати тандурустӣ, вируси корона, Тоҷикистон