Мошини Афзалшо Шодиев ба дарё сарозер шуд: КҲФ ба ҷойи ҳодиса рафт

© Sputnik / Павел Петров / Гузариш ба медиабонкАвтомобиль упал в реку
Автомобиль упал в реку - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ талош доранд, мошини Афзалшо Шодиевро, ки ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе ба Фондарё сарозер шудааст, берун кашанд

ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Мирзошо Мирзошоҳиён, сардори шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Айнӣ дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мошини тамғаи "Дулан", ки таҳти идораи Афзалшо Шодиев, сокини ҷамоати Зарафшони ноҳияи Айнӣ қарор дошт, чаҳор рӯз пеш ба дарё фурӯъ рафтааст, вале ронанда ва пайвандонаш аз ин ҳодиса ба мақомот хабар надодаанд.

"Кормандони мо аз вуқӯъи ин ҳодиса танҳо дирӯз ва он ҳам аз шабакаи фейсбук хабардор шуданд. Ҳоло аз дирӯз ба ин тараф якҷо бо кормандони ширкати “IRS” талош доранд мошинро аз миёни дарё берун кашанд. Имрӯз мошинро аз қаҳри об берун кардем, пагоҳ онро тавассути крани махсус ба роҳ мебарорем", - гуф Мирзошоҳиён.

Бино ба иттилоъи манбаъ, рӯзи 31 октябр дар километри 97 - уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар наздикии деҳаи Такфони ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, автомашинаи тамғаи "Дулан", таҳти идораи ронанда Афзалшо Шодиев, ки бо 30 тон ангишт ба самти Душанбе ҳаракат мекард, ба ҷаррии умқаш 15 метр ба Фондарё сарозер шудааст.

ДТП в Санкт-Петербурге, на проспекте Косыгина - Sputnik Тоҷикистон
Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

Манбаъ меафзояд, дар ин ҳодиса ронанда осеб надид. Бо гузашти чаҳор рӯз аз ин ҳодиса, на ронанда ва на пайвандонаш ба КҲФ муроҷиат кардаанд, вале кормандони ин ниҳод бо дарёфти иттилоъ аз шабакаи Фейсбук аз дирӯз ба ин тараф барои берун овардани "Дулан" аз миёни дарё сафарбар шудаанд.

Нохушӣ дар оилаи Ҳошимов: ҳалокати ду бародар дар пайи садама дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд"

Мақомоти КҲФ аз ронандаҳо даъват карданд ки талаботи бехатарии ҳаракат дар роҳро  риоя намоянд ва дар вақти рухдоди ҳодисаҳои нохуш зуд ба онҳо хабар диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0