Взятка, архивное фото

Ожонси зидди фасод як мақомдори давлатиро барои ришвагирӣ боздошт кард

2392
(Таҷдидшуда 17:50 04.11.2020)
Саидзода Ҷовид иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон аснои гирифтани ришва ба даст афтод

ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Ожонси зидди фасод аз боздошт шудани як мақомдори давлатӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, кормандони Ожонс, Саидзода Ҷовидро ҳангоми гирифтани пора боздошт намуданд. Номбурда, иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ буд.

Ба дафтари Ожонси фасод аз болои Саидзода, рӯзи 3 июн шаҳрванд "А" бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуд.

Мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе аз Раҳмонов ришва талаб кардааст

Даъвогар арз намуд, ки Саидзода барои дароз намудани мӯҳлати иҷрои судӣ, ки дар истеҳсолоташ қарор дорад, аз ӯ 2500 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст.

Зимнан, худи ҳамон рӯз нисбати Саидзода бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда аснои гирифтани 2 500 сомонӣ ба даст афтод.

Манбаъ меафзояд, маблағи мазкур аз ӯ гирифта шуд ва феълан тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидзода идома дорад.

2392
Барчаспҳо:
боздошт, ришва, Тоҷикистон
Участие Рустама Эмомали в XIII пленарного заседания Парламентской Ассамблеи Организации Договора о коллективной безопасности (ПА ОДКБ)

Рустами Эмомалӣ бо дигар аъзоёни СААД амнияти минтақаро баррасӣ кард: пешниҳодаш қабул шуд

391
(Таҷдидшуда 19:46 30.11.2020)
Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон нахустин маротиба дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат ва суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО, дар ҷараёни кори ҷаласаҳои зикршуда дар қатори масъалаҳои ташкилӣ натиҷаҳои корҳо оид ба амалигардонии афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар идомаи ҷаласа лоиҳаи санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, ҷараёни имплементатсияи меъёрҳои санадҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои созмон, лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар ҷаласа бо дарназардошти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод кардаст, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Тоҷикистон доир карда шавад.

“Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд”,-афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон зимни ҷаласа таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террорист аз ҷониби Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия садо додааст.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Номбурда гуфтааст, таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ имконият медиҳад, ки ба ҷинояткории байналмилалӣ муборизаи самаранок бурда шавад.

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, вақте созмон, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”, - изҳор дошт Володин.

Ӯ илова намуд, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

391
Барчаспҳо:
қонунгузорӣ, мудофиа, амният, суханронӣ, ширкат, СААД, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Мороз, архивное фото

Пешгӯии сардии шадид дар Русия

250
(Таҷдидшуда 14:24 30.11.2020)
Ҳавошиносон дар бархе аз навоҳии Русия сардии шадидро пешгӯӣ карданд, ки ҳарорати ҳаво то 25 дараҷа сард мешавад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Сардии шадид ҳафтаи равон дар бархе аз минтақаҳои қисмати аврупоии Русия дар назар аст, изҳор дошт роҳбари илмии Маркази обуҳавошиносии Русия.

"Хунукӣ ҷанубу шарқи қисмати аврупоии Русияро фаро мегирад. Дар вилоятҳои Астрахан, Волгоград, Саратов, Самара, дар ҷумҳуриҳои Бошқирдистону Тотористон сард хоҳад шуд", - изҳор дошт манбаъ.

Ӯ илова намуд, ки ҳавои сард инчунин Екатеринбург, Оренбург, Курган, Новосибирск, Омск ва Томскро фаро хоҳад гирифт.  Ҳароратсанҷ дар ин минтақаҳо то 20-25 дараҷа сардиро нишон хоҳад дод.

Бар асоси мушоҳидаҳои бисёрсола, нишондиҳандаи мазкур дар қиёс бо нишондиҳандаҳои муқаррарӣ 5-10 дараҷа поинтар мебошанд.

Аз ҳама хунук охири ҳафтаи оянда хоҳад шуд. Дар ин марҳила дар қисмати аврупоии Русия ҳарорати ҳаво ба 16 дараҷа ва дар вилоятҳои Свердлову Омск ба 20 дараҷа сардӣ мерасад.

Пешгӯии ҳавошиносон барои зимистони оянда дар Русия

Инчунин зикр шудааст, ки дар Маскав низ ҳарорати ҳаво миёнаи ҳафта каме сардтар хоҳад шуд. Ҳарорат шабона то -12 дараҷа ва рӯзона то -5-7 дараҷа хоҳад шуд.

250
Барчаспҳо:
борони шадид, сардӣ, Русия
Интиқоли китоби Тоҷикон ба ноҳияи Ванҷ

Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

0
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ноҳияи Ванҷ, тақсими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оилаи кишвар тақсим мешавад.

Манбаъ афзуд, ки ин туҳфа аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фиристода шуд.

Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дод, ки барои мардуми ноҳияи Ванҷ мутаносибан ба теъдоди хонаводаҳо 4408 китоб ҷудо шуда, он ба ҳар як хонавода дастрас карда мешавад.

Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ мегӯяд, тақсимоти китоби “Тоҷикон” имрӯз аз ноҳия оғоз гардида, доир ба масъалаи мазкур комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Ин комиссия  раванди супоридани туҳфаи роҳбари давлатро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назорат менамояд. 

Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт

Ба иттилои Вазорати маориф, Хушвахт Искандаров, омӯзгори собиқадори ноҳия гуфтааст,  солҳо боз орзу дошт, ки ин китоби пурарзиш китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик бошад.

“Боварӣ дорам, ки ин амали нек ва шоиста дар раванди худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бою пурғановати гузаштагон саҳми арзанда мегузорад”, - таъкид кардааст омӯзгор.

0
Барчаспҳо:
китоб, фарҳанг, маориф, Тоҷикистон