Раҳмон Рӯзи Сарқонунро ба мардум табрик гуфт: ҷавобгӯи замони нав аст

© Пресс-служба президента Таджикистана Президент Таджикистана поздравил женщин с Днем матери
Президент Таджикистана поздравил женщин с Днем матери - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сокинони кишварро ба таҷлили 26-умин солгарди  Сарқонуни Тоҷикистон табрик кард

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар паёми идонаи худ  раисиҷумҳур гуфтааст, ки ин санаи муҳим ба яке аз дастовардҳои пурарзиши давраи истиқлолияти давлатӣ табдил ёфтааст.

Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш  - Sputnik Тоҷикистон
Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ки будам: эҳсоситарин нуқтаҳои суханронии Президент

Ӯ гуфтааст, таҷлили ҳамасолаи ин сана аз он шаҳодат медиҳад, ки ин қонуни тақдирсози давлат барои ояндаи кишвар заминаи мустаҳками сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ гузоштааст.

“Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад”,-гуфтааст президент.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тар­­­ти­боти ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид.

Раисиҷумҳур гуфтааст, Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои Конститутсияи худ сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ мекунад, ба соҳибихтиёриву истиқлоли ҳамаи давлатҳои ҷаҳон эҳтиром мегузорад ва муносибатҳои худро бо кишварҳои олам дар асоси меъёрҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ рушду тавсеа мебахшад.

“Дар ин раванд, зарур аст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар ба Конститутсия ҳамчун бахтнома ва санади оливу мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа муносибат намоянд, моҳияти иҷтимоии онро амиқан дарк кунанд, ба он эҳтиром гузоранд ва ба хотири тараққиёту инкишофи давлату давлатдорӣ саъю талош намоянд”,-гуфтааст раисиҷумҳур.

Президент бори дигар баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва президенти кишварро, ки дар асоси Конститутсия баргузор гардид, қайд кард ва таъкид кард, ки ин далели қавии ваҳдат, якдигарфаҳмӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандии мардум мебошад.

Идомаи тағйироти кадрӣ: Президент бо як фармон се судяро барканор кард

Конститутсияи Тоҷикистон 26 сол қабл, санаи 6–уми ноябри соли 1994, пас аз баргузор кардани раъйпурсии мардуми ин кишвар қабул шудааст.

Лентаи хабарҳо
0