Даҳшат: сӯхтор дар Смоленкс ҷони 5 кӯдак ва 2 калонсолро гирифт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПожар на западе Москвы
Пожар на западе Москвы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сӯхтор дар хонаи хусусӣ дар шаҳраки Елняи вилояти Смоленск рух дод, ки дар натиҷа ҳафт нафар аз ҷумла панҷ кӯдак ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Сӯхтори даҳшатбор дар як хонаи хусусӣ дар вилояти Смоленск рух дод, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Кумитаи тафтишотии ин вилоят.

Участники акции протеста в Бишкеке. Протестующие аннулировать итоги парламентских выборов. - Sputnik Тоҷикистон
Вазъияти Қирғизистон соат ба соат: сӯхтор дар "Кохи Сафед" ва ҷароҳати 600 тан

Ба иттилои манбаъ, оташсӯзӣ соати 00:30 дақиқа рух дода, қаблан аз ҳалокати танҳо 4 нафар хабар дод шуд.

"Пас аз хомӯш кардани алангаи оташ, дар ҷойи ҳодиса ҷасади 5 кӯдак ва ду одами калонсолро дарёфт намуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, дар ин ҳодиса танҳо соҳибхонаи 27 - сола зинда монд, аммо ӯ низ бо сӯхтагии вазнини бадан дар бемористон бистарӣ аст.

Русия Далеру Фирдавсро қадрдонӣ кард: барои наҷоти кӯдакон аз сӯхтор ҷоиза гирифтанд

Маълум гардидааст, ки миёни ҳалокшудагон модар бо чор фарзанди худ ва ҳамчунин хешдухтари онҳо бо писари ноболиғаш ҷон бохтанд.

Алъон, омили сар задани сӯхтор номаълум буда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0