Показания сейсмографа. Архивное фото

Заминҷунбии 5,3-баллӣ дар Қирғизистон, Суғду Фарғонаро ҳам такон дод

497
(Таҷдидшуда 20:59 06.11.2020)
Зуҳри имрӯз дар шаҳру навоҳии Суғд замин ҷунбид. Сокинон мегуянд, вуқӯъи ин ҳодисаи табииро ҳангоми чоштхурӣ дар хонаҳояшон баръало эҳсос кардаанд

ДУШАНЕБ, 6 ноя – Sputnik. Сокинони шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳодисаи табиӣ дар соатҳои 12:40 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

“Мо сари дастурхон нишаста будем, ларзиши чароғи хона ва деворхои хона дида мешуд. Худоро шукр, ки ҷунбиши замин чандон тез набуд, балки ором буд”, - гуфт як ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол аз қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба ҳангоми суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки рухдоди ин ҳодисаи табииро сокинон дар дигар шаҳру навоҳии Суғд ҳам мушоҳида кардаанд.

“Аз шаҳри Исфара ва ноҳияи Мастчоҳ аз рухдоди заминҷунбӣ хабар доданд. Хушбахтона ҳама ҷо тинҷ аст ва ягон ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта нашудааст”, - хабар доданд аз Раёсати КҲФ дар Суғд.

Бино ба додаҳои пойгоҳҳои заминларзасанҷии ҷаҳон, маркази заминларза дар наздиикии вилояти Оши Қирғизистон гуфта мешавад, ки дар умқи 30 киллометир сар зада, он 5,3 балл будааст.

Шиддати заминларзаро дар баробари навоҳии марзии шимоли Тоҷикистон ҳамзамон вилоятҳои Фарғона ва Андиҷони Ӯзбекистон низ ҳис кардаанд. 

Биноҳои фурӯрафта ва хиёбонҳои зери об монда: Туркия ва Юнон пас аз заминҷунбӣ - акс

Гуфта мешавад, дар минтақаҳои Ӯзбекистон ҳатто дар Тошканд шиддати замин аз 5,2 то 2 дараҷа эҳсос шудааст.

497
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Қирғизистон, Фарғона, заминларза, Суғд, Тоҷикистон
Рынок Саховат в Душанбе. Архивное фото

Мард занро фиреб дод: боздошти марди 50-сола барои қаллобӣ

203
(Таҷдидшуда 15:06 05.12.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран аз сӯи кормандони милитсия як марди 50-сола, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад дастгир карда шуд.

Манбаъ хабар додааст, ки ахиран ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардид, ки моҳи феврали соли 2020 дар назди бозори "Саховат"-и пойтахт шахси номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маҳсулоти сохтмонӣ, 1-адад кати калони гулкорӣ ва 1-адад дарвозаи калонро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Манбаъ илова кардааст, ки зарари расонидашуда 150 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониёнро, ки дар  содир намудани ин ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, дастгир намуданд.

Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро идома доранд.

203
Барчаспҳо:
зан, мард, Саховат, бозор, Тоҷикистон
Мужчина закрывает портфель, архивное фото

Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ: Ҳамрализода рафту Сангинмурод омад

714
(Таҷдидшуда 18:48 04.12.2020)
Бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар имрӯз дар сохтори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон бо як қарор Ҳамрализода Фаррух Маҳмудро аз раҳбарии ин ниҳод озод кард.

Ба иттилои манбаъ, Ҳамрализода Фаррух аз раҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ озод ва идораи амвол сафири Тоҷикистон дар Амрико таъйин гардид.

Ба иттилои манбаъ, курсии Ҳамрализода Фаррухро дар ин мақом Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод соҳиб шудааст.

“Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад”,-афзудаст, дафтари матбуотии президенти кишвар.

Усули домино: чаро дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ мешавад?

Гуфта мешавад, ҳарду фармони барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ёдовар мешавем, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод дар гузашта, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати  Тоҷикистон ва ахиран яке аз муовинони Озода Раҳмон дар дастгоҳи иҷроияи президент буд.

714
Летучая мышь, архивное фото

Вирусшинос аз Вуҳан дар бораи намудҳои нави коронавирус хабар дод

0
(Таҷдидшуда 18:33 05.12.2020)
Коршиноси чинӣ аз "марказ"-и паҳншавии коронавирус дар бораи таҳқиқотҳои дигари намудҳои коронавирус гуфт

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар ҳудуди Чин боз чанд намуди кӯршапараки дорои коронавирус ҳаст, хабар додааст коршиноси Пажӯҳишгоҳи Вуҳан, вирусшинос  Ши Чжэнли. 

Вай афзудааст, ки намудҳои нави коронавирус дар ҷануб ва ҷанубу ғарби кишвар ба қайд гирифта шуданд.

Ба гуфтаи вай, ин кӯршапаракҳо ҳамчунин берун аз Чин, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба сар мебаранд.

Чжэнли бар он аст, ки КОВИД бевосита аз кӯршапарак ба одам нагузаштааст, балки бавоситаи дигаре, ки онро бояд муайян кард.

Коронавирус ба Вуҳани Чин баргашт

Вай афзудааст, ҳамчунин маълум нест, ки вирус байни ҳайвонҳо ва шояд одамон, то чанд вақт паҳн мегашт, то он даме ки онро ошкор карданд.

0
Барчаспҳо:
Чин, нав, намудҳо, вируси корона