Боздошти нашъаҷаллоб аз шаҳри Кӯлоб: 86 килограм маводи мухаддир мусодира шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках
Руки в наручниках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти сокини шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, ки дар интиқоли маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз фаъолияти гурӯҳи трансмиллии нашъаҷаллоб ҷилавгирӣ намуданд.

Руки  в наручниках - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти се нашъаҷаллоб дар Норак: сокинони Кӯлоб, Бадахшон ва Душанбе буданд

Ба иттилои котиботи кумитаи мазкур, рӯзи 6 ноябр соати 02:00 дақиқа, сокини шаҳри Кӯлоб боздошта шуд.

Амалиёти боздошт дар шоҳроҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар шаҳри Кӯлоб, ки наздик ба сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, сурат гирифт.

Аҷабо: боздошти "банда"-и занони нашъаҷаллоб дар Душанбе

Кормандони КДАМ аъзои фаъоли ин гурӯҳ, сокини шаҳри Кӯлоб Ҳоким Исмоиловро боздошт намуданд, ки маводи мухаддирро аз шаҳрванди Афғонистон дастрас намуда буд.

"Аз ӯ ба миқдори махсусан калон 86 килограм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд", - таъкид мешавад дар хабар.

Аз рӯи нишондод бармеояд, ки ин маводи мухаддирро боздоштшуда аз ҳаммаслаки ҷиноятпешааш шаҳрванди ҶИА Ҳоҷӣ Самеъ валади Ҳоҷӣ Сафеъулло, сокини вилояти Қундуз дастрас карда, қасд доштааст онро бо роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

КДАМ мегӯяд, нисбат ба ҳолати мазкур бо моддаҳои 195, 200, 289 ва 335 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0