Топор, архивное фото

Баҳс сари 650 сомон: Чигуна Ҷӯраев рафиқашро дар хона бо табар кушт-видео

811
(Таҷдидшуда 15:53 08.11.2020)
Мақомоти пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боздошти Ҷураев Муҳаммади 38-сола хабар медиҳад, ки дар қатли бераҳмонаи як нафар муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғд, Ҷураев Муҳаммад сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафиқи 32-солааш Рустам Юнусовро ба қатл расонидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷинояти мазкур санаи 21-уми октябр тахминан соатҳои 17:00 дар хонаи боздоштшуда сар задааст.

Манбаъ мегӯяд, Муҳаммад Ҷӯраев ва Рустам Юнусов шуғли мардикорӣ дошта бо ҳам ошноӣ дошта, дар хонаи аввалӣ мегаштаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, соҳибхона Муҳаммад Ҷӯраев аз ҳисоби фурӯши оҳанпора 650 сомонӣ ба даст меорад ва барои оростани дастархон ба мағоза меравад. Баъди бозгашт огоҳ мешавад, ки меҳмонаш маблағи пинҳонкардаи ӯро тасарруф карда, аз манзили истиқоматӣ берун рафтааст.

Зимни бозпурсӣ Муҳаммад Ҷӯраев гуфт, бади ин ҳодиса онҳо як моҳ пас во хӯрдаанд ва аз рафиқаш хостааст, ки пулро баргардонад, аммо охирон бо таҳдид гуфтааст, боз як бори дигар пурсад худашро куштаву хонаашро чаппа мекунад.

“Дигар гап назадам ва мақсади куштор дар сарам пайдо шуд. Бо истифода аз табар ин амалро анҷом додам”,- гуфт боздоштшуда.

Чун даъвои барқарор кардани зарар натиҷа надод ва кор дар мардикорбозор низ омад накард, ҳарду машруботи спиртӣ нӯшидаву барои шабро рӯз кардан ба хонаи Муҳаммад Ҷӯраев омадаанд, мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, дар хонаи Ҷӯраев баҳси 650 сомон боз сар мезанад, ки ин маротиба соҳибхона ба таҳдидҳои меҳмон нигоҳ накарда, ӯро бо табар зада ба қатл мерасонад.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Рӯзи дигар Ҷӯраев ҷасадро дар ҳезумхона пинҳон карда ба аёдати хоҳаронаш рафта ҳодисаро нақл мекунад. Дар идома хоҳарон нозири минтақавиро аз ҳодисаи рухдода огоҳ мекунанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта тафтишот идома дорад, афзудааст манбаъ.

811
Барчаспҳо:
пул, куштор, Бобоҷон Ғафуров, Суғд, Тоҷикистон
Сейсмография, архивное фото

Бидуни талафоти ҷонию вайронӣ: КҲФ заминларзаи дар Бадахшон рухдодаро шарҳ дод

127
(Таҷдидшуда 15:51 02.12.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, заминларзаи субҳи имрӯз дар қаламрави кишвар рухдода талафоти ҷонӣ надошт

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, заминларза соати 05:36 дақиқаи имрӯз, 2-юми декабри соли равон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази зилзила дар 148 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 10 километр дуртар аз ноҳияи Дарвоз будааст.

Ин манбаъ гуфт, ки қувваи заминларза дар маркази он 3 бал буд.

Манбаъ мегӯяд, аз талафоти ҷониву вайрониҳо гузориш нарасидааст

Ёдрас мешавем, ки ахиран рӯзи 26 ноябр, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар як рӯз ду маротиба бо фосилаи чанд соат замин ҷунбида буд.

Душанберо заминларза такон дод

Заминҷунбии аввал  соати 13:01 сурат гирифт, ки қувваи зилзила дар маркази он 4,5 баллро ташкил медод, аммо дуввумин заминларза соати 20:27 ба вақти маҳаллӣ сурат гирифт, ки қувваи он ба 4,6 балл расид.

Макони ҳарду заминҷунбӣ наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон буд.

127
Барчаспҳо:
вайрониҳо, талафоти ҷонӣ ба қайд нарасид, заминларза, ВМКБ, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Ҳалокати Абдулло ва Меҳриниссо дар пайи ду садамаи нақлиётӣ

266
(Таҷдидшуда 14:45 02.12.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки санаи 1 декабри соли равон дар пайи ду садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ ду пиёдагард ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар як садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди деҳаи Мирзоободи ноҳияи Вахш сурат гирифтааст, пиёдагард Қосимов Абдуллои 13-сола ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, санаи 1-уми декабри соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чинбей”, Наботов Бобо, сокини деҳаи Якатути ноҳияи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Мирзоободи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи автомашина набаромада, ноболиғ Қосимов Абдулло, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №17-и ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.

Гуфта шудааст, ки дар натиҷа ноболиғ Қосимов Абдулло ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садамаи дуюми маргбор дар пойтахти кишвар сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, санаи 1-уми декабр, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Қозиев Неъматулло, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт аз самти кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯчаи Абай, дар рӯ ба рӯи Маркази миллии ташхисӣ аз уҳдаи идораи воситаи автомашина набаромада, пиёдагард Умарова Меҳриниссо, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Қайд шудааст, ки дар натиҷа, Умарова Меҳриниссо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи “Истиқлол” дастрас намудан,  дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир ба иттилои ВУД Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

266
Барчаспҳо:
ҳалокат, пиёдагард, садама, Тоҷикистон
Здание парламента Республики Таджикистан

Баҳси тухм дар парлумон: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархро шарҳ дод

0
(Таҷдидшуда 18:14 02.12.2020)
Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар зимни қабули лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостанд, то болоравии нархи маҳсулотро шарҳ диҳад

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Абдумаҷид Муъминзод, имрӯз зимни ҷаласаи парлумонӣ дар ҳузури вакилон гуфт, болоравии нархи беъзе маҳсулот аз моҳи октябр оғоз шуд.

Ӯ аз ҷумла тухми мурғро мисол оварда гуфт, ки он ба омилҳои беруна рабт дорад.

Ба гуфтаи ӯ аз ҷониби Хадамот дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе санҷишҳо гузаронида шуд ва аз тамоми фабрикаву корхонаҳое, ки ба истеҳсоли тухм машғуланд тамоми хароҷоти онҳоро қабул кардем, ки тибқи таҳлилҳо он ба омилҳои беруна бастагӣ дорад.

Муъминзод гуфт, таҳлилҳое низ доранд, ки ба ҳукумат ҳам пешниҳод кардаанд, ки на танҳо дар дохили кишвар нархи он гарон аст.

“ Агар имрӯз дар бозори дохилии кишвар 1 дона тухм 1 ва ё 1 сомониву 10 дирам ба фурӯш бароварда шавад дар дигар кишварҳо аз ҷумла дар Ӯзбекистон як ячейка тухм 35-40 сомон арзиш дорад”.

Ӯ гуфт, агар нархи маҳсулот беасос боло бурда шавад, тибқи қарори ҳукумат аз сӯйи давлат танзим карда мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода,  вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби демократӣ гуфт, агар гӯшт ё тухмро аз хориҷа ворид кунем, аз нархи тухм ва гӯшти мурғи Тоҷикистон арзонтар мефарояд.

Ба гуфтаи вакили парлумон, барои воридот имтиёзҳои зиёд аст, ва за бисёр уҳдадориҳо озод шудаанд, аммо ворид карда наметавонанд.

Дастури Раҳмон барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо

Гароншавии нарх аз ҷумла ба маводҳои ниёзи аввалия, аз қабили шакару равғану тухм ва орд дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамарӯза дар расонаҳо ва ё миёни корбарон баҳс мешавад.

Мақомоти тоҷик бошад сабаби онро ё дар камбуди истеҳсоли он ва ё болоравии нарх дар кишварҳои воридкунанда арзёбӣ мекунанд. 

0