Баҳманёр, нависандаи шинохтаи тоҷик

Суқути "Шоҳи Сармаддеҳ": Баҳманёр ҳам ба Ҳақ пайваст

1160
Баҳманёр, нависандаи маъруфу нотакрори тоҷик, дар синни 66 – солагӣ ба даргоҳи Ҳақ пайваст

ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Исфандиёр Аминӣ, писари марҳум ба Sputnik Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, падараш бидуни ҳеҷ дарду бистарӣ шудан оламиро фониро тарк кардааст.

“Аз ягон маризӣ ҳам шикоят намекарданд. Машғули корҳояшон буданд. Як соати қабл сар ба болин гузоштанду нахестанд”, - гуфт ӯ.

Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст.

Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби №3 ба номи Надежда Крупскаяи шаҳри Панҷакент гирифта, риштаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) хатм кардааст.

Пас аз хатми донишгоҳ соли 1977 ба унвони муҳандиси тарҳрез (инжинер-методист) дар Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография машғули кор шуд.

Соли 1981 ба рӯзномаи навтаъсиси “Маданияти Тоҷикистон” ҳамчун рӯзноманигори бахши ҳунар ба кор даъват гардид.

Солҳои 1983 -1985 дар Либия ба ҳайси мутарҷим кор кардааст. Баъди бозгашт дигарбора ба ҳафтаномаи “Маданияти Тоҷикистон” ба кор омад, ки акнун ба “Адабиёт ва санъат” табдили ном карда буд.

Аз соли 1987 то соли 1993 ба унвони мудири бахши насри моҳномаи “Садои шарқ” кор кард. Узви Иттиҳодияи нависандагони СССР аз соли 1987 аст. Бо вуқӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992 – 1997) ба зогоҳаш – шаҳри Панҷакент рафта, сардабири рӯзномаи “Самандар” ва моҳномаи “Дайри муғон” таъйин гардид.

Соли 1997 барои қиссаи “Заринаи Зарнигор”, ки дар моҳномаи мазкур чоп шуда буд, барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ дониста шуд.

Соли 2002 ба Душанбе даъват шуд ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - “Садои Шарқ” - таъин гардид ва то охири умр корманди ин даргоҳ буд.

Муаллифи китобҳои “Ишқи сайёд” (1984), “Аспи обӣ” (соли 1988), “Дуди ҳасрат” (соли 1992), «Сармаддеҳ» (соли 2002), «Сармаддеҳ» (китоби дуюм, соли 2014) ва «Жили-были в Сармаддехе» (Алма-Ато, 2014) мебошад. Соли 1991 дар Душанбе мунтахаби ҳикояҳояш ба забони русӣ бо номи “Песен идушего в петлю” (тарҷумаи Хуршеда Даврондухт) ба чоп расид.

Маҷаллаи “Согласие”-и шаҳри Маскав соли 1995 дар шумораи нахустинаш нӯҳ ҳикояи Баҳманёрро бо пешгуфтори Темур Зулфиқоров чоп кард.

Романи нахустинаш соли 2007 бо номи “Шоҳаншоҳ” дар моҳномаи “Садои шарқ” баъд аз тариқи нашриёти “Истеъдод” манзури хонандагон гашт.

Писараш Исфандиёр Аминӣ мегӯяд, вақтҳои ахир якбора сари ду румон кор мекард, ки яке “Ғӯтях” ном дошт.

Дар бистҷилдаи адабиёти тоҷик, ки нашриёти “Адиб” ба табъ расонд, китобҳояш “Шоҳаншоҳ” ва “Сармаддеҳ” дар як муҷаллад нашр шуданд.

Комиссияи махсуси вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2013” дониста, бо Дипломи дараҷаи аввал ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард.

Китобаш “Сармаддеҳ” соли 2015 бо ҳуруфи форсӣ дар Лондони Бритониё ба табъ расид. Ҳикояҳояш ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд.

1160
Рынок Саховат в Душанбе. Архивное фото

Мард занро фиреб дод: боздошти марди 50-сола барои қаллобӣ

221
(Таҷдидшуда 15:06 05.12.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран аз сӯи кормандони милитсия як марди 50-сола, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад дастгир карда шуд.

Манбаъ хабар додааст, ки ахиран ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардид, ки моҳи феврали соли 2020 дар назди бозори "Саховат"-и пойтахт шахси номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маҳсулоти сохтмонӣ, 1-адад кати калони гулкорӣ ва 1-адад дарвозаи калонро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Манбаъ илова кардааст, ки зарари расонидашуда 150 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониёнро, ки дар  содир намудани ин ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, дастгир намуданд.

Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро идома доранд.

221
Барчаспҳо:
зан, мард, Саховат, бозор, Тоҷикистон
Мужчина закрывает портфель, архивное фото

Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ: Ҳамрализода рафту Сангинмурод омад

714
(Таҷдидшуда 18:48 04.12.2020)
Бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар имрӯз дар сохтори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон бо як қарор Ҳамрализода Фаррух Маҳмудро аз раҳбарии ин ниҳод озод кард.

Ба иттилои манбаъ, Ҳамрализода Фаррух аз раҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ озод ва идораи амвол сафири Тоҷикистон дар Амрико таъйин гардид.

Ба иттилои манбаъ, курсии Ҳамрализода Фаррухро дар ин мақом Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод соҳиб шудааст.

“Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад”,-афзудаст, дафтари матбуотии президенти кишвар.

Усули домино: чаро дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ мешавад?

Гуфта мешавад, ҳарду фармони барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ёдовар мешавем, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод дар гузашта, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати  Тоҷикистон ва ахиран яке аз муовинони Озода Раҳмон дар дастгоҳи иҷроияи президент буд.

714
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии

Вазорат: марг бар асари СOVID-19 дар шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта нашудааст

0
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Раскрыта причина низкой стоимости российской вакцины от COVID-19 - YouTube
© Ruptly РФПИ / youtube_RussiaUN / www.cbc.ca / WHO / АФК "Система", завод "Биннофарм"

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 5 декабр ба 12 ҳазору 389 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 38 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 796 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки мутаассифона шабонарӯзи гузашта боз як марги дигар ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 5 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
шабонарӯзӣ, фавт, Вазорати тандурустӣ, вируси корона, Тоҷикистон